ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА ТОҶИКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Раиси палатаи савдои Тоҷикистон, ки ба Чин сафар карда буд, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин ва созмони ҳамкориҳои Шонхайро муҳимтарин ҳадафи ин сафар эълом кард. Тибқи хабаргузории “Форс” Саид Шариф - раиси палатаи савдои Тоҷикистон, ки ба манзури ширкат дар маросими “Рӯзи созмони ҳамкориҳои Шанхай” ба Чин сафар карда буд, дар маросиме, ки ба ҳамин манзур дар Урумчӣ баргузор шуд, ширкат варзид.
Пойгоҳи хабарии “Азия плюс” дар ин замина навишта, ки раиси палатаи савдои Тоҷикистон дар ин семинар, ки ба мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ бо сармоягузорӣ дар пружаҳои мухталиф” баргузор шуда, гуфт: Ҳудуди 300 пружаи сармоягузорӣ дар заминаҳои кишоварзӣ, заминшиносӣ, маъдан, фулузот, барқ, маводи кимиёвӣ, саноъи ғизоӣ, ҳамлу нақл, беҳдошт ва эҷоди намоишгоҳ ба ин ҳамоиш ироа шуда, ки тавассути ширкаткунандагон дар семинар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хотирнишон мешавем, ки аз 1-ум то 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Урумчии Чин семинари байналмилалии Чин-Аврупо-Осиё баргузор шуд. Ҳамчунин тибқи хабаргузории “K-news”, ҳамзамон дар Тоҷикистон низ дафтари матбуотии корхонаи давлатии бузурги алуминиюмсозии Тоҷикистон эълом карда, ки ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин бо ин муассиса дар сохти шаҳраки фановариҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.
Бино ба эъломи ин манбаъ, мудирон ва намояндагони корхонаи истеҳсоли алюминиюми Тоҷикистон ва Кучоумин, раиси ширкати чинӣ дар поёни дидорҳо ва музокироти дуҷониба дар Душанбе, тафоҳумномаи сохти ин шаҳрак ва ҳамчунин тафоҳумномае дар заминаи ҳамкориҳои стратегӣ байни вазорати энержӣ ва саноъии Тоҷикистону Чин ба манзури сармоягузорӣ дар бахши бунёди корхонаи тавлиди симент дар Шаҳртӯс дар ҷануби Тоҷикистон имзо карданд.
Ба гуфтаи масъулони ширкати алюминиюми тоҷик, ин шаҳраки саноъати технологӣ ба унвони як маҷмӯаи ба ҳам пайваста заминаи пешрафти шабакаи тавлиди алуминиюм ва дигар бахшҳои саноъатии Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар қарордоди ба имзо расидаи байни ду тараф, бунёди корхонаи симент ба зарфияти пеш аз ду миллион тонн, корхонаи шишасозӣ, маҳсулоти оташ ва гич, истихроҷ ва саноеъи сабук ва истихроҷ ва баҳрабардорӣ аз манобеъи маъданӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Бунёди фази аввали ин корхона ба қудрати 2500 тонн дар шабонарӯзро ширкати чинӣ бар ӯҳда дорад ва умедвор аст, ки тайи чанд соли оянда зарфияти онро ба се баробар, яъне се миллион тонн симент дар сол, афзоиш диҳад.
“Рӯзгор”