С.НАҶМИДДИНОВ: "ВАЗИРОН ДАР БОНКҲОИ ХОРИҶӢ САРМОЯ НАДОРАНД"
ҚАРЗҲОИ БЕБОЗГАШТ
-Яъне қарзи бебозгашт?
-Бале, барои рушди соҳаи энергетика фақат соли 2010- ум мо аз Бонки Осиёи рушд 120 миллион доллар грант ба имзо расонидем. Ин чӣ хел шуд? Вақте бо таври фаврӣ Узбакистон бо ташаббуси як тарафа аз системаи ягонаи таъмини барқи Осиёи Миёна баромад, як қисми ноҳияҳои мо бе нерӯи барқ монданд. Тарҳи бунёди хатти баландшиддати Қайроқум то ноҳияи Аштро, ки 79 километрро дар бар мегирад, таҳия ва пешниҳод кардем ва аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Рушди Осиё пазируфта шуд.
Мо метавонистем ин корро бо кӯмакхои қарзӣ анҷом диҳем, вале мо роҳҳои осонтарро пайдо кардем. Ба наздикӣ дар ҳаҷми 120 миллион доллар тарҳ барои роҳи Турсунзода-Душанберо имзо кардем, ин ҳам грант ё қарзи бебозгашт аст. Ҳамаи қарзҳо, ки 1 миллиарду 980 миллион сомонӣ аст, асосан барои ҷалби тарҳҳои энергетикӣ аст, 735 миллионаш барои “Барки тоҷик”. Мегӯянд, ки ҳар сония қарзҳо ба Тоҷикистон зарар меоваранд ва аммо чаро манфиати қарзҳоро мадди назар намегирем.
-Маблағҳои қарзӣ асосан дар кадом бахшҳо истифода мешаванд?
-Дар бахши энергетика, таъмир ва бунёди роҳҳо, мухобира, кишоварзӣ, дар зерсохторҳо истифода мешаванд. Грантҳо бошад асосан дар соҳаҳои маориф, тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ сарф мешаванд. Мо 4 созишнома ба имзо расондем ва 5 созишномаии нав таҳия кардаем. Ҳоло дар ҳаҷми 14 миллиони дигар барнома таҳия карда истодаем. Маблағҳои қарзи дар бунёди роҳи Душанбе -Чаноқ, хатҳои баландшидати Душанбе -Хучанд, Лолазор - Хатлон сарф мешавад.
"НИЯТИ ПУЛАКӢ КАРДАНИ ҲАМА РОҲҲОРО НАДОРЕМ"
-Ҳоло дар чаҳор тарафи роҳҳои Душанбе ба минтақа корҳои таъмир рафта истодааст, хароҷоти он аз ҳисоби давлат аст ё маблағҳои қарзӣ ва дар оянда ин роҳҳо ҳам пулакӣ хоҳанд шуд?
-Бале, дуруст аст, ҳоло дар ҳамаи роҳҳо ба сӯи пойтахт корҳои сохтмонӣ ва таъмир идома дорад ва ин аз ҳисоби маблағҳои буҷа ба роҳ монда шудааст. Ин тарҳҳоро ширкатҳои чинӣ амалӣ мекунанд. Аммо ҳоло нияти пулакӣ кардани роҳҳоро надорем. Нигоҳдории роҳҳои пулакиро ҳам давлат зери даст дорад. Ва фоидаи он ба буҷаи давлат ворид мешавад.
ТАҚСИМИ БУҶА
-Ҷаноби вазир, дар вақти тақсими буҷа асосан ба кадом соҳаҳо бартарӣ дода мешавад ва оё вақте пул ба хазинаи вазорату корхонаҳо меравад, вазорати Шумо механизме дорад, ки харҷу сарфи пулро назорат кунад?
-Соҳаҳои афзалиятнок расидан ба дастовардҳои асосӣ - истиқлолияти энгертикӣ ва баромадан аз бунбасти энергертикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дар баробари ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст. Дар таҳияи буҷа афзалиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат муайян шудааст, дар ихтиёрашон мегузорем ва назоратро, акнун ки қонуни нав қабул кардем, мо дар ихтиёр дорем. Ҳуқуқи гузаронидани санҷишро надорем. Танҳо аудит мегузаронем, ки маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд ё не? Дар оянда шояд ин системаро такмил диҳем.
Қонун оиди аудити берунӣ, ки вазорати молияро дигар ниход аудит мекунад, таҳия шудааст. Ин маънои онро надорад, ки ба вазорати молия боварӣ нест. Балки ба ин маъно аст, ки дигар ниход метавонад шаффофиятро таъмин кунад. Дар вазорату сохторҳои давлатӣ ниҳоди алоҳида - назорати аудити дохилӣ таъсис додем, ин қаблан набуд. Аз ин пеш вазорат ҳуқуқи аудит кардан надошт, ҳоло ин ҳуқуқ дода шудааст ва дар 6 вазорат - нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг ташкил шудааст ва натиҷаи хуб ҳам додааст.
ПАРЛУМОН ВА МАСЪАЛАИ ҚАБУЛИ БУҶА
-Парлумони бисёр кишварҳо дар вақти қабули буҷа баҳсҳо мекунанд, онро бармегардонанд, дубора ислоҳ мекунанд ва ҳатто ба он вето мегузоранд. Аммо, дар парлумони мо лоиҳаи буҷа бе сару садо ва бидуни баҳс қабул мешавад. Сабаб дар чист? Дар таҳияи хуби буҷа ё дониши кофӣ надоштани намояндагони мардумӣ?
-Аз таҳия то қабули буҷа роҳ дуру дароз аст. Мо ба парлумон ҳамкории зич дорем, дар он ҷо мутахассисони сатҳи баланд ҳам ҳастанд. Фақат миёни онҳо олимон, иқтисодшиносон каманд. Имрӯз кормандони вазорати молия ҳам вакилони Маҷлиси намояндагон ҳастанд, ки сохтори буҷаро хуб медонанд. Баҳсу мунозираҳои сахт ҳам доир мешавад. Буҷаро дар Кумитаҳо ва ҷаласаҳо ҳатман баррасӣ мекунанд, агар як вакил пешниҳоди хос дошта бошад, ҳамроҳ бо вай ҳам баррасӣ мекунем ва пешниҳодҳояшон ба назар гирифта мешавад.
ДАР БОРАИ ФАСОД ВА ХЕШОВАНДСОЛОРӢ
-Шумо ҳам медонед, ки фасод ва непотизм, яъне хешу таборчигӣ аз тахдидҳое ҳастанд, ки суботи давлату ҳукуматро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон фарзандони элитаи ҳукмрон имтиёзи хондану пайдо кардани ҷои кори хубро доранд ва фарзандони мардуми камбизоат аз ин имтиёз маҳруманд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда фарзандони элитаи ҳукмрон, вазирону кабирон, ҷойи падарҳои худро дар вазоратхонаҳо ва ниходҳои муҳим бигиранд ва ин боиси ташаннуҷи иҷтимоӣ шавад. Шумо, ки дар ҷаласаҳои муҳими ҳукуматӣ иштирок мекунед, бигӯед, ки оё мавқеи раҳбари давлат дар масъалаи непотизм ва фасод чӣ гуна аст?
-Хешу таборчигӣ як чизи бегона аст. Сарвари давлат инро ҳеҷ ақт дастгирӣ намекунад Ҳама вақт, ҳатто ба аъзои ҳукумат ҳам таъкид мекунад, ки ин корро накунанд. Дар паёми имсола шоҳид будед, ки дар бора боз таъкид карданд. Дар мисоли вазорати молия мегӯям, ки муовини вазир фарзанди мансабдор ё сардори раёсат фарзанди мансабдоре нест. Ин ҷо фарзандони коргарон, афроди фарҳангӣ кор мекунанд. Мо ҳоло ду кормандро барои таҳсил ба хориҷ фиристодем, яктоаш падару модар надорад, корманди хуб буд. Дар вазорати молия нафароне низ ҳастанд, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, пеш мо ин гуна мутахассис надоштем. Хатмкардагони Кипр, Амрико, Англия ҳастанд, кор мекунанд ва хело фаъоланд. Бо онҳо кор кардан ҳаловат аст.
"ДУ ФАРЗАНД ДОРАМ..."
-Фарзандони Шумо ба чӣ кор машғуланд? Онҳо низ дар оянда нияти вазир шудан доранд, чунки дар мо ба назар мерасад мероси мансаби падаро ҳифз карданианд?
-Ҳамагӣ ду писар дорам. Давлати демократӣ аст, ҳар кас роҳашро худаш интихоб мекунад. Акнун ман болои онҳо таҳмил карда наметавонам, ки ман вазир ҳастам, пас ту ҳам бояд ҳатман вазир шавӣ. Ин ҳақро надорам. Фарзанди калонӣ пеш аз истиқлолият ба донишгоҳ дохил шуд, факултаи молия ва қарзро хатм кард. Баъдан боз дипломи ҳуқушиноси Донишгоҳи славяниро гирифт, дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва Бокни миллӣ кор кард. Ҳоло дар як бахши «Агроинвестбонк» кор мекунад. Фарзанди дуввумӣ маълумоти бонкӣ дорад ва корманди «Тоҷиксодиротбонк» аст.
-Фарзанди калонӣ, ба фикрам, вакили шӯрои шаҳрӣ аст?
-Бале, агар заррае ҳам ба ҷомеа ва интихобкунанда хидматаш расад, мо хурсандем.
"ТАНҲО МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН НЕСТ"
-Тоҷикистон аз давлатҳоест, ки бахши умдаи буҷаи онро муҳоҷирони корӣ таъмин мекунанд ва арзи миллиро дар ҳоли шино кардан нигоҳ медоранд. Умед мерафт, ки бо дур шудан аз мероси ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини субботу амният, теъдоди муҳоҷирон низ кам мешавад ва корхонаҳои кишвар ба кор медароянд ва мардум ба ҷойи кор таъмин мешаванд, аммо ин хел нашуд, чаро?
-Ман ба ин ақида розӣ шуда наметавонам. Сарвари давлат дар паёми солона гуфт, ки то ҳол зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кори иловагӣ таъмин шудааст. Бахши умдаи буҷа аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон пур намешавад. Дар кадом ҳолат ин маблағ ба буҷа ворид мешаванд? Дар ҳолате, ки қисме аз ҳамон маблағ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад, яъне тавассути он харид мекунанд ё чизи дигар, на ин, ки ин маблағ мустақим ба буҷа меравад. Аз маблағҳое, ки ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, нисфи он маблағҳои сармоягузорон аст. Яъне системаи бонкӣ рушд карда истодааст ва тавассути бонкҳо маблағҳо гардиш мехӯранд. Яъне ин миллиардҳо ҳама маблағи танҳо муҳоҷирон нест.
"МАН ДАР ДЕҲОТ ТАВАЛЛУД ШУДААМ"
-Дар чанд соли ахир беҳтарин "мағзҳо" аз Тоҷикистон фирор карданд ва ҷои онҳоро мутахассисони начандон муваффақ гирифтанд. Ҳоло низ тоҷикон дар донишгоҳҳои обрӯманди ҷаҳонӣ таҳсил мекунанд, аммо намехоҳанд ба кишвар баргарданд ва онро обод кунанд. Оё ҳукумат барои мутмаин кардани онҳо барои бозгашт ба ватан корҳоеро анҷом медиҳад, чун хоҳед нахоҳед, ба насли наву нерӯи нав зарурат аст?
-Кадрҳои номувофиқ кам аст. Ин раванд на фақат дар Тоҷикистон, дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад. Муҳоҷират қонуни асосии ҷомеа аст, буд ва мемонад. Дар вазорати молия 6 нафар ҷавонҳои таҳсилкарда дар хориҷ кор мекунанд. Ба наздикӣ олими шинохта Акбари Турсон ба ватан баргашт. Ҳастанд ҳолатҳое, ки вақте мутахассисон дар хориҷ таҳсил мекунанд ва он ҷо кор меёёбанду барнамегарданд. Муносибати кадрҳои нав ба кор фарқ дорад. Вале бо иддаое, ки 100 дарсад онҳо барнамегарданд, розӣ нестам. Вақте ман дар деҳот таваллуд ва калон шудам, кӯшиш кардам, ки ба шаҳр оям ва кору зиндагиам, фаҳмишам беҳтар шавад, яъне ин табиӣ аст.
-Кишварҳо як бӯҳрони шадиди иқтисодиро аз сар гузарониданд ва ҳоло оҳиста-оҳиста боз ба худ меоянд. Тоҷикистон пеш аз ин кишварҳо ба бӯҳрон гирифтор буд ва дар 10 -15 соли ахир ба кишвари ворид кунанда ё импортер табдил ёфт ва дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи ҳеҷ муваффақ нашуд. Бозорҳои мо пур аз молҳои Чину Туркия ва ҳатто Ӯзбакистону Қирғизистон шудаанд. Аммо, моли худӣ истеҳсол намешавад ё кам истеҳсол мешавад, ки рақобатпазир нест. Бигӯед, ки оё рӯзе Тоҷикистон тавони қаблии худро дар масъалаи истеҳсолотро дубора соҳиб мешавад ё не?
-Дуруст аст, мо бояд пеш аз ҳама барномаи ислоҳоти соҳаро, ки таҳия ва қабул шудааст, татбиқ кунем. Агар аз он технологияи кӯҳна оянда ҳам истифода барем, натиҷаи хуб нахоҳад дод, зеро хароҷоти ниҳоят зиёди истеҳсолиро талаб мекунад. Мо барномаи нави инноватсионӣ дар кишваарро қабул кардем ва аз ин барномаҳо бояд истифода барем, дар ин сурат мо истеҳсолу бозори дохилирро бо маҳсулоти дохилӣ таъмин карда метавонем. Яъне рақобатпазириро дар бозор ба вуҷуд меорем.
МАРДУМ - ФАҚИР, МАНСАБДОРОН - ШИК?
-Тоҷикистон дар ботлоқи фақру нодорӣ афтидааст, аммо мансабдрронаш зиндагии шик доранд ва дар бонкҳои хориҷӣ сармояҳои калон. Шумо, ки вазири назоратчӣ ба истилоҳ ҳастед бояд, ки донед, кӣ дар куҷо чӣ дорад. Ҳатто онҳое, ки худро мақоми тоҷир ё соҳибкор додаанд, аммо пули калон доранд. Сармояи онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешавад, аз он ҷумла аз худи Шумо чӣ?
-Ба он маълумоте, ки ман дорам, ягон вазир дар бонкҳои хориҷӣ сармоя надоранд, аз он ҷумла ман ҳам. Мо ҳам маълумотҳои зарурӣ дорем ва лозим шавад метавонем пайдо кунем. Тоҷирон бошанд асосан тавассути бонкҳои дохилӣ фаъолият мекунанд. Дар оянда бояд, ки мо легализатсия кунем, ба ин маъно, ки фардо вазир бояд, ки соҳибкор бошад ё баръакс соҳибкор, ки дар кораш муваффақ аст, чаро вазир нашавад?
ДАР БОРАИ ТАЛКО
-Яке аз корхонаҳои стратегии кишвар «Талко» аст, ки истеҳсолу боздеҳаш чандон шаффоф нест. Дар ҳар сурат ҷомеа намедонад, ки аз «Талко» фоида бештар аст ё зарар. Баъзе таҳлилгарон бо ишора ба он, ки пули «Талко» ба буҷа ворид намешавад, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки агар «Талко» фурӯхта шавад, ҳам барқ мешавад ва ҳам саноат пеш меравад. Шумо ба ин назарҳо розӣ ҳастед?
-Имрӯз «Талко» яке аз корхонаҳои асосии саноати Тоҷикистон аст. Корхонаи бузурги давлатӣ аст, вай моликияти давлат аст ва саҳмияҳояш ҳам саҳмияҳои тиллоӣ эълон шудааст. Пеш аз ҳама он як корхонаи стратегӣ аст ва сол то сол тавлидоташ зиёд мешавад. Бисёр кӯшишҳо ҳам буданд, ки идоракуниаш ба зиммаи ширкатҳои хориҷӣ гузошта шавад, ҳатто мегуфтанд, ки шумо, тоҷикҳо, аз ӯҳдаи идораи он намебароед. Монеаҳое буд, ки ашёи хом намедоданд, то ки “Талко” аз кор монад. Сарвари давлат барномаи алоҳидаи модернизатсияи корхонаро қабул кард. Мо имрӯз бо бонкҳои ҷаҳонӣ гуфтушунид бурда истодаем, зеро барои модернизатсия маблағи зиёд даркор аст. Тобистон, вақте нерӯи барқ истеҳсол мекунем, агар онро содир карда натавонем, чаро худамон аз он дар ин корхона истифода набарем.
Дар ҳақиқат соли 2009 дар доираи 9 миллион сомонӣ корхонаи Талко зарар овард. Он ҳам бар асари он, ки зери таъсири бӯҳрони молиявӣ нархи алюминий дар хориҷа паст шуд. Яку якбора нархи як тонна алюмин аз 4 ҳазору 200 доллар то 1 ҳазору 200 доллар паст фуромад. Вале дар соли 2010 нархҳо боло рафта ва корхона тақрибан 6 миллион сомонӣ фоида ба даст овард. Фикр мекунам, ки оянда аз ин ҳам зиёд мешавад. Лек ҳоло ҳам мо ба ашёи хом вобаста ҳастем ва онро ворид мекунем. Ва аммо ҳоло талош доранд, ки ашёи хомро аз худи кишвар дарёфт кунанд, он вақт бисёр мушкилҳо осонтар хоҳанд шуд.
-Шумо аз интернет истифода мекунед?
-Бале, чаро не, ҳар рӯз, ҳар соат мебинам, мехонам, ғизои маънавӣ мегирам. Он чизе, ки дар бораи фаъолияти мо мегӯянд, ба назар мегирем, таҳлил мекунем ва миннатдор ҳам ҳастем.
-Ташаккур барои сӯҳбат. Шояд гуфтание доштед ба хонандагони сомона, ки мо напурсидем.
-Ташаккур аввал ба Шумо, ки суроғи мо омадед ва масоили ҷиддӣ ва мубрамаро пеши ман гузоштед. Умеди мову шумо рушди Тоҷикистон аст, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст. Камбудӣ ҳама вақт аст, аммо онро дарк кардан ва огоҳ кардан, ин ислоҳи кор аст. Саломат бошед.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»- << Қаблӣ
- Баъдӣ
Шарҳҳо
RSS Обуна