21:31:21 23-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 1962 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КАМБУДИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бар асоси омори муқаддамотӣ, мизони ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ним соли гузашта ҳудуди 1,5 милиёрд сомонӣ ё беш аз 330 милюн дулорро ташкил медиҳад, ки ин рақам, ба гуфтаи мақомот, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин будааст.

Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 27 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон мавонеъи идорӣ, мушкилот дар сабти номи корхонаю ширкатҳо, боло будани мизони молиёт ва ноамниҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистонро аз илали ин вазъ талаққӣ кард. Ба гуфтаи оқои Ҳамралиев, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои дорои шароити мусоъид барои тиҷорат дар соли 2009, ки ҳамасола аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад, дар миёни 181 кишвари ҷаҳон дар радаи 159-ум ҷой гирифтааст.

Ҳамзамон, масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки буҳрони ҷаҳонии молӣ низ дар чигунагии мизони вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба ин кишвар нақши номатлубе гузоштааст.

Ба унвони мисол, масъулон аз Қазоқистон ёдовар шуданд, ки ба далели буҳрони ҷаҳонии молӣ аз ворид кардани сармояи мустақим ба бахши энержии Тоҷикистон худдорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин манбаъ, қаблан ин кишвар омодагии худро барои ширкат дар эҳдоси нерӯгоҳҳои кӯчаку мутавассити Тоҷикистон эълом карда буд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд ҳарчанд дар қавонини Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоъиде пешбинӣ шудааст, вале иқдомоти бархе аз ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи соҳибкорон сармоягузоронро нисбат ба дурнамои бахши хусусӣ дар ин кишвар навмед сохтааст.

Аз ҷумла Алимардон Мақсудов, иқтисоддони мустақил, ба тахриби бозори "Зарнисор" дар шаҳри Душанбе дар баҳори соли ҷорӣ ишора кард, ки бо сармояи тоҷирон ё соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда буд. Ба эътиқоди оқои Мақсудов, мумкин аст ин ҳодиса аз эътимоди сармоягузорони дохилию хориҷиро дилсард созад ва раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистонро душвор кунад.

Ҳамчунин, коршиносон нооромиҳои ахир дар манотиқи шарқи Тоҷикистонро монеъе дар роҳи вуруди сармояи хориҷӣ ба ин кишвар арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати вахим шудани вазъи амниятӣ ҳеч сармоягузоре ҳозир нахоҳад шуд дар кишваре ноамн сармоягузорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, мушкилоти ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди ин кишварро муваққатӣ хонда ва гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар ҷиддан талош мекунад.

Коҳиши пешниҳоди аснод барои сабти номи корхонаю ширкатҳо аз 13 то 3 адад, анҷоми сабт дар як ниҳоди давлатӣ ва бамаротиб кам шудани муддати баррасӣ ва эъломи варшикастагӣ ё муфлисшавии корхонаю ширкатҳо аз ҷумлаи тадобири давлат дар ин замина унвон шуд.

Зимнан, оқои Ҳамралиев таъкид кард, ки ширкатҳои “Газпром”-и Русия, “Тетис”-и Омрико ва ширкатҳои чинӣ тарҳҳоеро барои истихориҷи маъодини нафту гоз ва маъодини дигар шурӯъ кардаанд, ки ин нишонаи афзоиши сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

Афзун бар ин, бино ба гузориши Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, давлат барои баҳрабардорӣ аз Кони Мансури Калон музояда эълом кардааст ва дар сурати оғози фаъолияти ин маъдан маболиғи ҳангуфте ба буҷет ворид хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи маноебъи расмӣ, захоири нуқра дар ин маъдан беш аз 55 ҳазор тун арзёбӣ шуда ва бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ оидот аз фурӯши ин миқдор нуқра 30 милёрд дулорро ташкил хоҳад дод.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi