06:04:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

КОҲИШИ ЧАШМГИРИ БАҲОИ ПУЛИ МИЛЛӢ

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки қурби сомонӣ, пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ устувор хоҳад монд. 

Оқои Раҳимзода ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 16 июл дар нишасте матбуъотӣ эълом кард. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи мақомоти ин бонк, дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ қурби пули миллӣ дар муқобили дулори омрикоӣ беш аз 27 дарсад коҳиш ёфтааст. Афзун бар ин, дар муддати чанд рӯзи ахир тамоюли уфти қурби пули миллӣ ба мушоҳида расидааст. Ҳамакнун дар дуконҳои хариду фурӯши арзҳои хориҷӣ баҳои 1 дулори омрикоӣ ба 4 сомонӣ ва 44 дирам баробар шудааст.

Се руз қабл 1 дулор бо 4 сомонӣ ва 41 дирам харидорӣ мешуд. Шариф Раҳимзода иллати ин амрро дар тағийри қурби рубли русӣ дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба дулори омрикоӣ марбут донист ва гуфт, ки ин вазъ ба бозори Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Гузоришҳо ҳокист, ки қурби рубли русӣ нисбат ба дулор дар бозори ҷаҳонӣ 9 дарсад пойин рафтааст.

Оқои Раҳимзода мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар қисмати шимоли Тоҷикистон истифода аз рубли русӣ бештар сурат мегирад, вале таҳаввули ахир мунҷар ба он шуд, ки талаботи сокинони ин минтақа ба дулор афзоиш ёбад ва ин омил ба поён рафтани қурби сомонӣ дар баробари дулор мунҷар шудааст. Аммо Шариф Раҳимзода хушбин аст, ки қурби пули миллӣ дар кишвар устувор хоҳад монд.

Вай авлавият гузоштан ба мизони содирот ва воридоти кишварро омили устувории қурби сомонӣ медонад ва мегӯяд: “Ҳаҷми воридот аз содирот дар авоили соли ҷорӣ 3,8 маротиба зиёд буд, вале ҳоло ин рақам 2,3 маротиба шудааст. Таҳлилҳо собит мекунанд, ки 1,1 дарсад аз ин маблағҳо бидуни пардохти арз ворид мешаванд. Ин баробарии воридоту содирот аст ва дар ин сурат фишор ба қурб намешавад.”

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Идораи гумруки Тоҷикистон, мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар дар нимаи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта беш аз 31 дарсад коҳиш ёфта ва содироти коло ду баробар кам шудааст.

Коҳиши қурби пули миллӣ дар ҳолест, ки мизони таваррум низ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бамаротиб коҳиш ёфта ва 2,8 дарсадро ташкил додааст. Ин рақам дар шаш моҳи нахусти соли гузашта ба 8,3 дарсад баробар будааст. Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон дурнамои мизони таваррумро дар соли ҷорӣ 13 дарсад пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд дар пайи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод мизони маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 34 дарсад коҳиш ёфтааст. Шариф Раҳимзода гуфт дар ин муддат аз тариқи бонкҳо маблағи ҳудуди 697 милюн дулор аз муҳоҷирон интиқол ёфтааст.

Аммо оқои Раҳимзода мегӯяд ҳиссаи рубли русӣ дар ҳаҷми интиқоли маболиғ аз хориҷи кишвар бамаротиб афзоиш ёфта ва Бонки Миллӣ дар ин авохир рӯзона ҳудуди 50 милюн рубли русиро аз муъомилот бармедорад.

Ин аст ки ба гуфтаи оқои Раҳимзода, дар муддати ду ҳафтаи ахир 596 милюн рубли русӣ аз муъомилот гирифта шуда ва ба бонкҳо маблағи 16 милюн дулор ба фурӯш гузошта шудааст.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки дар шароити феълӣ ин таҳаввули мусбат аст. Зеро сокинон аз тариқи интиқоли маболиғ бо рубли русӣ маблағи камтаре пардохт хоҳанд кард.

Захираи тило

Шариф Раҳимзода гуфт, ки Бонки Миллӣ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 217 кг туло харидорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 150 кг камтар аст.

Оқои Раҳимзода иллати коҳиши харидории тило тавассути Бонки Миллиро ба умури таҷдиду бозсозӣ дар корхонаи муштараки тавлиди тило, мавсум ба “Зарафшон”, дар шимоли Тоҷикистон, марбут донист. Ҳамзамон, оқои Раҳимзода гуфт, ки Бонки Миллӣ дар нимаи нахусти соли ҷорӣ як амалиёти хариду фуруӯши тилоро анҷом додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳангоме ки қимати тило дар бозори ҷаҳонӣ 949 дулорро ташкил медод, тавассути Бонки Миллӣ як тун тило ба фурӯш гузошта шуда ва ҳангоме ки қимати он дар бозори ҷаҳонӣ 929 дулор буд, як тун тило харидорӣ шудааст.

Зимнан, тибқи иттилоъи масъулони Бонки Милли Тоҷикистон, захоири тило ва арзи ин бонк дар авоили моҳи ҷорӣ маблағи беш аз 184 милюн дулорро ташкил медиҳад.

Раиси Бонки Миллӣ гуфт, ки ин бонк беш аз се тун тило дар ихтиёр дорад ва корхонаи муштараки тавлиди тило мавсум ба “Зарафшон” аз шарикони аслии ин бонк маҳсуб мешавад.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi