10:55:56 27-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАРДИД ДАР ОМОРИ РАСМИИ РУШДИ ТАВЛИДОТ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар ин кишвар дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди се дарсад рушд доштааст. 

Ба гуфтаи Зуҳуриддин Кенҷаев, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, “новобаста аз вазъи бӯҳронӣ, тавсеъае дар иқтисоди ин кишвар мушоҳида мешавад.” Вай афзуд, ки дар ин муддат бахши кишоварзӣ рушди 16-дарсадӣ дошта, мизони тавлидоти санъатӣ 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Оқои Кеҷаев мегӯяд, ки рушди тавлидоти нохолиси миллӣ умдатан аз афзоиши мизони тиҷорат ба даст омадааст.

Ин матлаб рӯзи сешанбеи 10 июл дар як ҳамоиши коршиносон ва мақомоти давлати Тоҷикистон дар бораи роҳҳои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ин кишвар матраҳ шуд. Дар ҳамин ҳол, эълом шуд, ки аз авоили соли ҷорӣ интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 39 дарсад коҳиш ёфтааст.

Зимнан, дар соли гузаштаи мелодӣ муҳоҷирони тоҷик танҳо таввасути бонкҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон 2,8 милёрд дулор интиқол додаанд. Ба ин далел, коршиносон дар сиҳҳати омори расмӣ ибрози тардид мекунанд. Ба гуфтаи Георгий Кошлаков, иқтисоддон, дар шароите, ки мизони маболиғи муҳоҷирон ба ин сатҳ коҳиш ёфтааст, чи гуна тиҷорат метавонад рушд кунад?

Вай афзуд, ки эҳтимоли афзоиши 14-дарсадии бахши кишоварзии Тоҷикистон дар фасли сармо ва баҳор баъид ба назар мерасад, зеро маҳсулоти аслии кишоварзони тоҷик, яъне гандум, меваҷот ва панба тоза ҷамъоварӣ мешаванд.

Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони дигар, низ омори расмии давлати Тоҷикистонро "таъаҷубангез" хонд. Ба гуфтаи вай, дар зарфи 4-5 моҳи аввали соли ҷорӣ бахши аслии корхонаҳои санъатии Тоҷикистон ба далели камбуди нерӯи барқ фаъол набуд. Дар ҳамин ҳол, оқои Умаров аз барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон шадидан интиқод кард ва гуфт, ки барои таҳияи санаде муассир бояд коршиносони хориҷӣ даъват шаванд.

 

Ба эътиқоди дуктур Умаров, чунин барномае мунҷар ба он шудааст, ки созмонҳои молии байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистон чандон эътимод надоранд ва аз ироаи кӯмакҳои бештар худдорӣ мекунанд.

Ба унвони мисол, оқои Умаров гуфт, ки Сандуқи Байналмилалии Пул барои рафъи авоқиби буҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон барои се сол 116 милюн дулор ихтисос додааст. Вале Арманистон, ки ҷамъияташ дар муқоиса бо Тоҷикистон ду маротиба камтар аст, барои аҳдофе мушобеҳ аз СБП ҳудуди 600 милюн дулор дарёфт кардааст.

Георгий Кошлаков, низ зимни интиқод аз барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон гуфт, ки дар ин санад иҷрои аҳдофи ғайривоқеъӣ сабт шудаанд.

Ба унвони мисол, вай гуфт, ки дар ин барнома таъсиси ҳудуди 150 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар гирифта шудааст. Вале, ба гуфтаи оқои Кошлаков, таъсиси як ҷойи корӣ то чанд ҳазор дулор арзиш дорад ва давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин амр имконоте дар ихтиёр надорад.

Ба эътиқоди оқои Кошлаков, бо дарназардошти рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистон барои чанд даҳсолаи дигар содироти нерӯи кор аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар роҳи аслии ҳалли масоили бекорӣ дар ин кишвар хоҳад буд. Вай афзуд: “Дар чанд соли ахир расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон аз раванди муҳоҷирати корӣ шадидан интиқод карда ва тақозо доранд, ки бояд аз ин амр ҷилавгирӣ шавад. Вале магар давлати Тоҷикистон ба афроди бекор бар ивази муҳоҷират метавонад чизе пешниҳод кунад?”

Вале Лутфулло Саидмуродов, иқтисоддони тоҷик, мутмаин аст, ки давлати Тоҷикистон аз имконот барои афзоиши ҷойҳои корӣ бархурдор аст. Оқои Саидмуродов мухолифи тавсеъаи раванди муҳоҷирати кории атбоъи тоҷик аст. Вай мегӯяд: “Ин раванд ба миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёде меоварад. Масоили муҳоҷират, аз ҷумла боъис шуда, ки мизони талоқ дар хонаводаҳои тоҷик 40 дарсад афзоиш ёбад.”

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi