Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
9 октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019” ба имзо расид.
Лоиҳаи Протоколи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи Созишнома, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ бо тариқи муташаккилона, омода намудани кадрҳои баландихтисос бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнати Федератсияи Русия ба қувваи корӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ, қонунӣ ва бехатар дар Федератсияи Русия таҳия гардида, дар ҷаласаҳои пай дар пайи Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия баррасӣ ва мувофиқа шудааст.
Тағйироти Протоколи мазкур гузаштан аз муоинаи тиббӣ, изи ангушт, супоридани маҷмуи имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия, тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ дар Федератсияи Русия ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати шоиста, қонунӣ ва бехатарро дар бар мегирад.
Бояд зикр намуд, ки ба имзо расодани лоиҳаи Протокол ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ буда, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гирифтани маълумотнома оид ба гузаштан аз муоинаи тиббӣ, изи ангуш, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия дар дохили ҷумҳурӣ пеш аз сафар амалӣ шуда, шаҳрванд танҳо дар ҳудуди Федератсияи Русия патентро гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ мекунад.
Ҳамчунин, 9 октябри соли ҷорӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 18 декабри соли 2023 аз ҷониби Федератсияи Русия ба имзо расонида шуд.
Муқаррароти санади мазкур рушди ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар бар гирифта, дар доираи он намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ таъсис дода мешавад. Инчунин, мақом ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки аз соли 2004 фаъолият намуда истодааст, муайян гардида, баланд бардошта шуд.
mehnat.tj
















