Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо сармутахассиси сохтори махсуси Бонки Рушди Осиё хонум Шин Лонг
26 августи соли 2025 вохўрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Холмаҳмадзода бо сармутахассиси сохтори махсуси Бонки Рушди Осиё хонум Шин Лонг доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Холмаҳмадзода оид ба корҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла дар муҳлатҳои муқаррагардида сохта ба истифода додани биноҳои замонавии Марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва Марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияи Данғара, ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ, ки то ҳол ба истифода дода нашуда аст, вале омӯзиши касбӣ ва машваратҳо аллакай ба роҳ монда шудааст, маълумот доданд. Қайд гардид, ки дар ҳама марказҳо омӯзиши касбӣ идома дошта, хоҳишмандон метавонанд ба таври ройгон аз хизматрасониҳои ин марказҳо баҳрабардорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки заноне, ки ба омӯзиши касбҳои ғайрианъанавӣ ҷалб мегарданд, бо идрорпулӣ, яъне стипендия таъмин гардида, ҳангоми касбомўзӣ аз хизматрасониҳои Марказ барои нигоҳубини кӯдакон истифода намоянд. Инчунин, шаҳрвандони кишвар, ки азми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, метавонанд пеш аз сафар аз дилхоҳ марказ оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда, урфу одат ва қоидаҳои буду бош машваратҳои ҳуқуқӣ гирифта, дониши молиявӣ ва компютерии худро барои амнияти маълумот дар шабакаи интернет, роҳҳои бехатарии ирсоли маблағҳо ба ватан баланд бардоранд.
Ҷонибҳо аз саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо, инчунин, бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ташкил намудани курсҳои забони русӣ, анлисӣ, кореягӣ ва олмонӣ изҳор доштанд.
mehnat.tj