Тоҷикистон ва Корея масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳокима намуданд
Масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ 12 январ дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба мо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ доданд.
Дар мулоқот дастовардҳои Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ, сеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима гардиданд.
«Инчунин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба намояндагони KOICA муаррифӣ карда шуданд», — тазаккур доданд дар вазорат.
Ҳамчнин вобаста ба рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси Маркази «Рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ» барои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҷорӣ намудани низоми муосири мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ