10:50:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

КУЛЧАҚАНДИ «МАСТУРА» ВА МУСТАҚИЛИЯТИ МОЛИЯВӢ

Марҷона Ҷалилова ва Хадича Муволасинова пас аз муноқиша бо шавҳар, ба хонаи волидонашон баргаштанд ва ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Марҷона, ки бо як духтари хурдсолаш ба хонаи модараш баргаштааст, мегуяд: “Дар баробари мушкилоти равонӣ, мушкили иқтисодӣ бештар фишорам медод. Дастнигари бародаронам будам. Хурду хӯрок ва либосам аз онҳо вобаста буд”.

87483700 865141610667404 4771339019495669760 nАммо пас аз ба роҳ мондани коргоҳи қаннодии “Мастура” ва фаъолияти ӯ дар ин коргоҳ ба ҳайси пазанда, зиндагииаш ба куллӣ иваз шуд. Хадича ҳам, дар баробари он ки мушкилоти молиявиашро бартараф кард, хонае ба иҷора гирифта орому осуда бо писари 10-солааш умр ба сар мебарад.

Ба монанди Марҷона ва Хадича 10 нафар ҷавонзани дигар дар коргоҳи қаннодии “Мастура”воқеъ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон фаъолият доранд, ки ҳолоаз касе вобастагии молиявӣ надорад. Коргоҳи мазкур моҳи сентябри соли 2019-ум бо дасгирии Лоиҳаи "Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон" (LITAСA) ва машварати ташкилоти ҷамъиятии Шифо бунёд шуда, 4 навъ кулчақанд ва 6 намуд булочка истеҳсол мекунад.Дар доираи Лоиҳа 10 ҷойҳои нави кори, аз ҷумла барои волидани кудакони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шуд. Дар муддати 6 моҳ курсҳои омузишӣ вобаста саводнокии молиявӣ, пухтупази шириниҳо ва мастер класс оид ба тайёр намудани намудҳои гуногуни ҳалво бо ҷалби мутахассис аз Узбекистон гузаронида шуд.

87580469 579089679352461 2175104062989533184 nДар ҳоли ҳозир, маҳсулоти қаннодии Муқаддас Аҳмадова дар 4 ноҳия:Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Дустӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Бино бар талаботи бозор ба маҳсулоташ, ӯ ният дорад дар бозори марказии ноҳияи Қубодиён нуқтаи фурӯш кушода, маҳсулоти хушсифатро сари вақт дастраси муштариёнаш бикунад. Ҳамчунин бино бар талаботи бозор ва дархости занони ноҳия, мехоҳад шумораи кормандонашро то 10 нафари дигар зиёд карда, духтарони ниёзмандро аз вобастагии молиявӣ раҳо бикунад ва ҳамчунин истеҳсолоташро бештар гардонад.

Ҳоло қаннодии “Мастура” дар ин минтақа бо “Ҳалвои Самарқандӣ”-аш бештар маъруф шудааст. Ин ҳалво аз тухми офтобпараст омода мешавад ва соли гузашта истеҳсолаш баори аввал ба роҳ монда шуд. Ташкилот дар як моҳ то 35 кг. ҳалво истеҳсол мекунанд. Бино бар иқлими мусоид дар минтақаи мазкур гули офтобпараст тухми хуб ба бор меорад, аммо мардум бо роҳи истифодаи пурсамари он шинос нестанд.   Дар ҳоле ки тухми офтобпараст дорои витаминҳои зиёд, аз ҷумла витамини С буда барои бемории дил бисёр муфид аст.

Мақсади аслии LITAСA беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми минтақаҳои наздимарзии ду кишвар ва устувории суботу амният ба воситаи беҳтар намудани некуаҳволӣ дар ин кишварҳо мебошад. Идеяи бунёди коргоҳи қаннодӣ бо талаботи Лоиҳа мутобиқ омад ва бино бар ин масъулин тасмим гирифтанд пешниҳоди Муқаддасро дастгирӣ кунанд. Лоиҳа ба маблағи 10 000 доллари ИМАтаҷҳизоти коргоҳро фароҳам кардааст. Дар зарфи як сол ин коргоҳ тавонистааст ба дастовардҳои баланд ноил шавад.

Шаҳноз Комилзода



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi