Дар пойтахт Форуми сайёҳии «Душанбе-2019» баргузор мешавад
Қарор аст рӯзҳои 8-10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019» баргузор шавад. Бино ба хабари Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум аъзои Ҳукумат, Парлумони Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва олимону коршиносони бахши сайёҳӣ ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки Форуми байнамилалӣ дар чор бахш – ҷалби сармоя ба зерсохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ – омили муҳими густариши робитаҳо, сайёҳии экологӣ, кӯҳнаварадӣ ва таърихию фарҳангӣ, сайёҳии табобатӣ, солимгардонию рекреатсионӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайомадҳои иқтисодии он баргузор гардида, иштирокдорон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи туризм ва инфрасохтори он, тақвияти ҳамкории байналмилалии сайёҳиро баррасӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ гузаронида хоҳад шуд, ки дар он имкониятҳо ва дастовардҳои сайёҳии сарзаминамон муаррифӣ мегардад.
Тибқи барнома иштирокчиёни Форум аз Қалъаи Ҳисор, чойхонаи «Харбуза», ангурзори шаҳри Турсунзода, Неругоҳи барқи обии Норак, мавзеъҳои сайёҳию истироҳатии Варзоб, «Кохи Наврӯз», Боғи «Куруши Кабир, «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва Боғи Парчами Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.
«Рӯзгор»