00:53:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нақшаи андози нимсола дар кишвар 98,6 дарсад таъмин шудааст

Зарфи ним соли сипаришуда нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98,6% таъмин гардида, ба ҷойи 5 млрд. 546,7 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 5 466,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Дар иин бора Аюбҷон Солеҳзода - муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

aunbjon 12545656Аюбҷон Солеҳзода, ки ахиран дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, иброз дошт, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда 80,0 миллион сомонӣ камтар аст, вале нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 416,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибмақоми Кумитаи андоз сабаби иҷро нашудани нақшаро дар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як зумра корхонаҳои калон, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ бо сабаби кам шудани манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои овозии байналмилалӣ ва ба танзим дароварда нашудани хизматрасониҳои телематикӣ, инчунин аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобшуда ва дигар омилҳо донист.

Вай гуфт, ки дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 107,0%, вилояти Хатлон – 102,6%, Суғд – 102,4% ва шаҳри Душанбе – 100,9% таъмин карда шуд.

Муовини Раиси Кумитаи андоз дар бахши дигари суҳбаташ гуфт, ки «дар нимсолаи аввал зиёда аз 12790 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 82,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 64,2 млн. сомонӣ маблағҳо ворид карда шуд».

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi