13:51:43 31-уми Марти 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ФОИДАИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ АСТ?

 

Моҳи майи соли 2009 моҳи шикасти асъори миллӣ нисбат ба доллар буд. Агар дар ибтидои моҳи май қурби 1 доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 40 дирам ва ё дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 100 доллар бо 340 сомонӣ иваз карда мешуд, дар охири моҳи май қиммати 100 доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба 470 сомонӣ расид. Ин ғайр аз гӯл задании мардум чизи дигар набуд.

Чаро сомонӣ бо доллар қиёс мешавад ва ин қиёскуниҳо ба манфиати кист? Ченаки хариду фурӯш ва ворид сохтани маводи ниёзи аввал аз Россия ба Тоҷикистон рубли Россия бо доллари амрикоист.

Дар аввали моҳи май 1 доллари амрикоӣ арзиши 32,9 рубли русиро дошт, дар охири моҳ арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 31,1 рубли русӣ баробар шуд, яъне доллар нисбати рубли русӣ ба андозаи 1,1 рубл коҳиш ёфт. Пас дар беқурб шудани асъори миллӣ нисбат ба доллар ба андозаи 1З0 сомонӣ дар 100 доллар қӣ даст дошт? 

Чизи дигари боиси шубҳаи мардум гардида он аст, ки бо як ишораи Бонки миллӣ дар нуқтаҳои мубодила пеши беқурбшавии асъори миллӣ гирифта шуд ва он аз 470 сомонӣ барои 100 доллар ба 442 сомонӣ паст карда шуд, ки ин аз тарафи коршиносон ҳамчун бозиҳои пасипардагии бонкдорон бо нуқтаҳои мубодилаи асъор дониста шудааст.

Бадии кор дар он аст, ки бо беқурб кардани асъори миллӣ дар моҳи май нархи дар бозор боло рафта дигар паст нашуд ва он ҳанӯз рӯ ба боло рафтан дорад (кимати сӯзишворӣ аз 2 сомонию 30 дирам ба 2 сомонию 90 - 3 сомонӣ расида,нархи як халта орд аз 75-80 ба 110 сомонӣ боло бардошта шуд).

Пас хулоса кардан мушкил нест, ки аз беқурбшавии асъори миллӣ нуқтаҳои мубодилаи он, соҳибкорон ва тоҷирон фоида мебинанд.

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi