14:19:32 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Нишасти изтирории раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Раиси бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории нишасти ғайринавбатии хабарӣ ба ҳама суолҳо дар бораи болоравии арзиши доллар дар баробари сомонӣ ва иқдоми ҳукумат дар ин замина ҷавоб хоҳад гуфт.

abdujabbor-shirinov-4512454.jpgМасъулони Бонки миллии Тоҷикистон эълон карданд, Абдуҷаббор Ширинов - раҳбари ин бонк нишасти ғайринавбатии хабарӣ баргузор карда, ба ҳама суолҳо дар мавриди болоравии қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ посух хоҳад дод. Абдуғаффор Қурбонов, раҳбари дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, ин нишаст соати 10:00-и рӯзи 13 март дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло як доллар дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе ба марзи 6 сомониву 30 дирам наздик шудааст, вале сокинон мегӯянд, онро низ ба сахтӣ пайдо мекунанд.

Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон низ таъсири худро расонда, якбора ба болоравии нархи доллар дар баробари пули миллии сомонӣ сабаб шуд. Танҳо дар як ҳафтаи ахир қимати як доллар то 20-25 дироам боло рафтааст. Бархе аз тоҷирон мегӯянд, баъд аз соли нави чиниҳо онҳо барои хариди мол ба Хитой мераванд ва зоҳиран камбуди доллар ба ин рабт дорад.

Сафар Маҳмадов, як сокини Душанбе, рӯзи 12 март бо мо дар тамос шуда ва гуфт, ӯ дар нуқтаи саррофии наздик ба меҳмонхонаи “Вахш” дар навбати 129-ум қарор дорад ва намедонад оё навбаташ имрӯз мерасад, ё фардо.

Ӯ мегӯяд, сокинон бештар барои харидани доллар ба он нуқтаҳое мераванд, ки Бонки миллии Тоҷикистон доллар медиҳад: "Ҳоло хабар омад, ки дар як нуқтаи фурӯши асъор дар бозорҳои “Султони Кабир” ва “Корвон” Бонки миллӣ доллар бурдааст, аксари мардум ба он ҷо рафтанд."

Дар як навори видео, ки дар Фейсбук гузошта шудааст, дидан мумкин аст, ки чӣ теъдод аз сокинон дар шаҳри Хуҷанд низ барои харидани доллар дар навбатанд. Муаллифи видео дар пайи ин навор навиштааст, нархи як доллар ба таври бесобиқа то 700 сомонӣ расид.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин як ҳолати муваққатӣ аст, ки бо сабаби талаботи бештар ба доллар дар нуқтаҳои фурӯши асъор ба вуҷуд омадааст. Абдуғаффор Қурбонов, раҳбари дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, департаменти танзими асъори Бонки миллӣҳамарӯза дар ҳар нуқтаи фурӯши асъори шаҳри Душанбе ба хотири нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ доллар мерезад.

Ӯ гуфт, “ҷои ташвишу нигаронӣ нест. Борҳо қурби доллар дар баробари сомонӣ боло рафт, вале бо мусоидати Бонки миллӣ ба ҳолати маъмулӣ баргашт.”

Бонки миллии Тоҷикистон то кунун беш аз 40 миллион долларро барои қонеъ кардани талабот ба бозор ворид кардааст. Вале бархе аз иқтисоддонҳо пешниҳод карда буданд, то ҳукумат афви молӣ эълон кунад.

Болоравии қурби доллар алакай ба нархи маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум дар пойтахти Тоҷикистон таъсир гузошта, аз ҷумла нархи як халта орди 50-килоии навъи якум аз 145 сомонӣ ба 180 ва дар баъзе бозорҳо то ба 200 сомонӣ расидааст. Нархи шакару равған ва шириниҳо низ дар муқоиса ба ҳафтаҳои пеш гаронтар шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi