15:07:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Аввалин маҳсулоти "ҳалол"-и Тоҷикистонро ба бозор мебароранд

"Тоҷикстандарт" мегӯяд, ҳамаи он маҳсулоте, ки то ҳол зери тамғаи "ҳалол" дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешуданд, ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд ва танҳо охири моҳи июл ва аввали моҳи август аввалин маҳсулоти аслии "ҳалол"-и истеҳсоли Тоҷикистон ба бозорҳо бароварда хоҳанд шуд.

tojikstandart 2013Ибодулло Қурбонов, муовини аввали раиси "Тоҷикстандарт" мегӯяд, ахиран дар кишвар стандарти "ҳалол" таҳия гардид ва аллакай 14 корхонаи ватанӣ барои гирифтани он дархост пешниҳод намуда, аз охирҳои моҳи равон ба истеҳсоли  маҳсулот зери ин тамға оғоз хоҳанд кард.

Қаблан Бахтиёр Шукуров, раиси агентии "Тоҷикстандарт", аз натиҷаи санҷишҳояш дар бозорҳои кишвар гуфт: "Дар мағозаҳои Тоҷикистон бисёри маҳсулоте, ки зери тамғаи "ҳалол" фурӯхта мешаванд, дар асл "ҳалол" нестанд." Вай аз натиҷаи тафтишоташон дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар иттилоъ дод, ки тавлидкунандагон аз талаботи стандарти "ҳалол" бехабаранд: "Вақте корхонаҳои истеҳсоли ҳасибу дигар маҳсулотро тафтиш намудем, муайян шуд, худи масъулини корхона аз стандарти "ҳалол" бехабаранд".

Ин буд, ки масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, барои пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон дар кишвар стандарти "ҳалол" таҳия намудаанд. Стандарти тоҷикии "ҳалол" дар паи омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигари мусулмоннишин ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва Хадамоти байторӣ омода гардидааст.

Дар мавриди назорати риояи стандарти "ҳалол", ки ҳанӯз аз замони забҳи чорво то охир талаботи худро дорад, масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, ки ходимони дин аз Кумитаи дину Шӯрои уламо ба сифати нозир ҷалб хоҳанд шуд.

Шамс Исмоилов фурӯшандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд бисёри муштариёнаш зимни хариди маҳсулоти гӯштии истеҳсоли хориҷӣ аксаран суол мекунанд, ки оё ҳалол аст: "Харидорони ҳасибҳои тоҷикӣ он қадар намепурсанд, медонанд, ки ҳалол аст. Аммо агар маҳсулоти истеҳсоли Русия ва Қазоқистон бошад бисёриҳо суол мекунанд, ки оё ҳалол аст? Ман ҳам алҳамдулилоҳ мусулмонам ва ба мағозаам маҳсулоти ҳалолро меорам".

Дар бозори озуқавории Тоҷикистон маҳсулоте, ки аз нигоҳи дини Ислом ҳалол нестанд, кам вомехуранд. Аз ҷумла гӯшти хук бо вуҷуди он, ки миёни мардуми славянии муқими Тоҷикистон мухлисони зиёд дорад, дар бозорҳои кишвар тақрибан нест.

Екатерина як сокини рустабори шаҳри Душанбе шикоят дорад, ки бархилофи солҳои пешин айни ҳол ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон дарёфти гӯшти хук ғайриимкон шудаст. Чанд корхонаи хукпарварии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе фаъолиятро қатъ намудаанд.

Раҳим Комилов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, таҳия ва роҳандозии стандарти "ҳалол" - ро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ гуфт, дар сурате агар аз ҷониби масъулин ба сифати баҳонаи ҷадид барои тафтишоти ғайринавбатии корхонаҳои истеҳсолӣ ва кандани маблағ аз соҳибкорон истифода нашавад:

"Хуб мешавад агар соҳибкороне, ки зери тамғаи "ҳалол" маҳсулот тавлид мекунанд, тамоми талаботу меъёрҳои онро донанду риоя кунанд. То  ҳозир дар Тоҷикистон ҳама метавонистанд тамғаи "ҳалол" зада, маҳсулот тавлид намоянд. Ин аз як тараф фиреби мардум, фиреби истеъмолкунанда буд. Акнун, ки тамғаи "ҳалол" пайдо шуд, маҷбур мешаванд, бо назардошти тамоми талаботҳои ин тамға молро истеҳсол намоянд".

Алишер Зарифӣ, "Рӯзгор"



Шарҳҳо   

 
0 #1 AmirGuest 13.08.2013 00:54
Ба фикрам ин боз як бахонаи иловаги барои пулкани аз мардуми "тич,ор" аз тарафи кормандони "точ,икстандарт " мубадал мегардаду халос !
Барои пешгирии ин холат бояд сертификация "халол" на ба таври рухсатдих,и ("разрешительны й") шавад , балки ба таври ба аризаи огох,кунадад ("уведомительни й").
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi