08:53:41 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Гумонбарони қатли писарам 4 мансабдори Шӯроободанд"

Сафармоҳ Раҷабова, модари Назаралӣ Абдулалиев аз бетаваҷҷӯҳии бархе масъулин нисбати қазияи писараш шикоят намуда, мегӯяд, барои маълум кардани қотилони писараш ва дар назди қонун ҷазои онҳоро додан чандин бор ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат кардааст, аммо мушкилаш ҳанӯз боқӣ мондаасту ҳалли худро наёфтааст.

modar-05062013Сафармоҳ Раҷабова, сокини ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар суҳбат ба "Рӯзгор" гуфт, вақте прокурори ин ноҳия барои ошкор сохтани қотилони писараш ҷиддӣ кор накардааст, ӯ маҷбур шуд, ки ба прокурори генералӣ ва президент муроҷиат намояд. Номбурда қайд кард, ки фарзандаш, Назаралӣ Абдулалиев 14-уми ноябри соли 2011-ум кушта шудааст ва дар қатли ӯ ҳамчун гумонбар 4 мансабдори ноҳияи Шӯрообод - Шоев Ислом, муовини раиси ноҳияи Шӯрообод, Саидҷафар Асроров, раиси ҳамонвақтаи ҷамоати деҳоти Саричашма, Ашур Мирзомад, сардухтури беморхонаи деҳаи Чагам ва Тоҷиддин Саидов, сардори ШКД-и Саричашмаро медонад.

Ин ҳамсуҳбатамон нақл кард, ки марги писараш дар наздикии дарёи "Панҷ"-и марзи Тоҷикистону Афғонистон, мавзеи Сурхалами Шӯрообод, ки бо чан тан аз шиносҳояш ба он ҷо барои ҳезум овардан рафта буд, рух додааст:  "Ҳамроҳҳони Назаралӣ нақл карданд, ки вақте ба мошин як куб ҳезумро бор карданд ва мехостанд аз он ҷо раванд, мошинашон дар чуқурие миёни сангҳои калон маҳкам мешавад. Болотар аз макони онҳо як мошини дигар буд, ки аз ӯ кӯмак мехоҳанд, вале соҳиби он мошин аз сабаби бори вазнин доштанаш кӯмак карда наметавонад. Писарам ба ҳамроҳонаш мегӯяд,

Шумо ҳамин ҷо истед ман рафта аз "Застав" (дидбонгоҳ) ягон мошин меорам барои кашидани мошинамон. Бо ҳамин рафтагияш писарам дигар барнамегардад. Вақте Назаралӣ ба роҳ мебарояд аз манораи дидбонгоҳ як марзбони тоҷик, ки ҳамон рӯз навбатдор буд, мебинад, ки дар назди писарам мошини тамғаи "Нива" меистад ва дохили он мошин ҳамон 4 нафар буданд, ки яке аз онҳо наздаш меояд. То ҳамин лаҳза писарамро мебинанд, баъди ин куҷо мешавад касе намедонад. Баъди гузаштани "Нива" пас аз 30 дақиқа аз ҳамон ҷое, ки писрарам буд, ду мошини дигар мегузаранд, ки Назаралиро дар он ҷо намебинанд".

Бино ба маълумоти наздикони Назаралӣ Абдулалиев, баъди 4 рӯзи нопадид шуданаш ҷасади ӯро аз Анқарари Афғонистон меёбанд. Наздикони марҳум мегӯянд, бисёр корҳои шубҳаноке вуҷуд доранд, ки бо таҳқиқи одилонаи онҳо қотилони Назаралӣ ошкор хоҳанд шуд.

Модари Назаралӣ аз қавли шоҳидони ин ҳодиса илова намуд, ки рӯзи гум шудани писараш бақайдгирии мошинҳо дар роҳи дидбонгоҳи назоратӣ 30 дақиқа идома меёбад, аммо вақте тафтишот сари ин масъала сар мешавад, сардори дидбонгоҳи назоратӣ вақти бақайдгирии мошинҳоро тағйир дода, сохтакорона дар дафтари қайдҳо якуним соат менависад, ки барои ин кор муфатиши прокурор Комил Рустамҷон шоҳиди зинда аст ва барои ин парванда низ  кушода буданд, аммо натиҷаи парванда чи шуд, ҳануз ба касе маълум нест.  

Ба қавли ин мусоҳибамон ташхиси судӣ маълум кардааст, ки гуё писараш худашро дар дарё партофтаасту нафасаш гирифта мурдааст: "Аммо зиёда аз 30 нафар шоҳидон, ки дар ташхиси судӣ буданд, иброз медоранд, ки зимни ташхис дар сару даҳону бинии Назаралӣ  нишони зарбаҳо намоён буд. Судэкспертизаро худи сардори ШКД Сарчашма ташкил мекунад ва намегузоранд, ки мурдаро дар дигар ҷо бурда ташхис  гузаронанд, дар беморхонаи падараш ташхисро мегузаронад, ки ин амали ӯ бароямон шубҳаовар аст", афзуд Сафармоҳ Раҷабова, модари Назаралӣ Абдулалиев.

Дар ҳамин ҳол Тоҷиддин Саидов, сардори ШКД-и Саричашма дар сӯҳбат ба мо танҳо ҳаминро гуфт, ки ин қазияро  прокуратураи минтақаи Хатлон дида баромад, ки дар марги Назаралӣӯ гунаҳкор нест: "Ҳоло вақте аст, ки одами гунаҳкорро ҷазояш надиҳанд? Дар ҳамон ҷое, ки Назаралӣ буд мо аз ҳамон ҷо гузаштем, дигарашро намедонем".

Модари Назаралӣ таъкид намуд, ки нишондоди ҳамон марзбони тоҷик, ки аз манораи дидбонгоҳ писарашро дидааст, ӯро мутмаин сохт, ки писараш  ғарқ нашуда, балки кушта шудааст.

Бино ба маълумтҳои ба мо расида, баъд аз рух додани ин ҳодиса ин марзбонро, ки номаш Фозил будааст, дар ҳамон қисми ҳарби дигар пайдо карда наметавонанд.

Сафармоҳ Раҷабова, модари Назаралӣ Абдулалиев аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки тақрибан 2 боз барои таҳқиқи қазияи писараш сарсону саргардон аст, аммо ин масъала аз ҷониби масъулини дахлдор ҷиддӣ гирифта намешавад.

Алишер ЗАРИФӢ, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Сарирохи аз рохGuest 07.06.2013 15:50
Рости ин казияро ва доди ин модари бечораро дар чанд чое хонда будам ва бори дигар аз ин минбар хондам! Вой бар холи Шумо мансабдорони хунхори Саричашма шикамхоиро калон карда ин модари бечора ва кудакони ин мардро сарградону ятим сохтаед. Чаро ба доди ин модар намерасед кучо волояти конун?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi