18:00:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар Душанбе чолишҳои мубориза бо ҳероинро баҳс мекунанд

Ҳамоиши «Ҳалли мушкилоти марбут ба қочоқи маводи мухадир дар Осиёи Миёна: чолишҳо ва таҳдидҳо дар ҳошияи берун шудани неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014» имрӯз дар Душанбе оғоз ба кор кард.

geroin-23042013Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар ин ҳамоиш ҳайатҳои баландпоя аз СММ, Департаменти давлатии ИМА, ИДМ ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат доранд, ки роҳҳои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли вахим шудани вазъи қочоқи маводи мухаддир дар иртибот ба хуруҷи неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон дар соли 2014 мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Рустам Назаров, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон қабл аз баргузории ин ҳамоиш, бо созмондиҳандагон ва раҳбарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар ин нишаст дидору мулоқот кардааст.

Ба иттилои манобеъи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, дар дидору гуфтугӯ бо Мирослав Енча, раҳбари маркази минтақавии СММ дар умури дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои аз байн бурдани роҳҳои воридоти прекурсорҳо ба Афғонистон баҳс шудааст. Дар ин дидор таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили тақвияти фаннии ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо мавориди пулшӯӣ, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст меояд, равона шуд.

Ҳамчунин раҳбари Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар дидорҳои дигаре мавзӯи бозомӯзии кормандон, таъмини молии барномаҳои марбут ба назорати маводи мухаддир ва ғайраро баррасӣ кардааст. Баргузории ҳамоиши навбатӣ дар шаҳри Душанбе идомаи талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аст, ки дар ҳафтае пеш низ ҳамчунин ҳамоише баргузор шуда буд.

Нигаронӣ аз эҳтимоли қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи неруҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 бештар шудааст. Хоса барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон дар тули 1400 км марзи муштарак дорад, ин нигаронӣ, эҳсосшаванда аст. Зеро сол аз сол мавориди кашфу мусодираи маводи қочоқӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон, меафзояд.

Тайи соли 2012 дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки 515 килояш ҳероин, 630 килояш афюн ва 4,8 тоннааш маводи мухаддири гурӯҳи канабис будааст. Бино ба гузориши Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, маводи мусодирашуда назар ба соли 2011 41,1 фоиз бештар аст.

Тайи як соли охир бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 946 нафар, аз ҷумла 33 зан ва 28 хориҷӣ, дастгир шудаанд. Дар соли 2012 дар хориҷ 297 шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла 274 нафараш дар Русия бо айни иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi