10:59:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУШДОРИ АФЗАЛОВ АЗ ПАЙОМАДИ МАВЪИЗАҲОИ ЗИДДИ СОЛИ НАВ

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ба руасои тамоми шаҳру навоҳии минтақа дастур додааст, ки аз Соли нави милодӣ ба сурати густурда ва бошукуҳ таҷлил кунанд. Қарор аст, ки дар тамоми 25 шаҳру ноҳияи Хатлон сар аз 29-уми декабр барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳо барпо шуда, фарорасии соли нави милодиро дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ҳам ид хоҳанд кард.

/images/stories/2012/12/29_afzalov-29122012.jpgБо таъкид ба ин нукта Ғайбулло Афзалов дар ҷараёни иҷлосияи вакилони маҷлиси вакилони мардумии вилояти Хатлон, гуфт, ки раҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҳамчунин бояд дар арафаи соли нав ба аёдати бошандагони хонаҳои бепарасторон, оилаҳои нодору муҳтоҷ, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат рафта, барояшон ҳадяҳо баранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар чанд соли гузашта мақомоти давлатӣ аз таҷлили бошукуҳи Соли нави милодӣ истиқбол намекарданд ва нишасту бархостҳои идонаи солинавиро дар идораи муассисаҳои давлатӣ манъ карда буданд.

Аммо Ғайбулло Афзалов аз мавъизаҳои бархе руҳониёни маҳаллӣ интиқод намуд, ки ба «макруҳ будан»-и таҷлили соли нави милодӣ ишораҳо кардаанд: «Намедонам кадом мулло бошад, ки «Соли навро қайд накунед, ин мавлуди Исои Масеҳ аст» гуфта, одамонро намегузоранд, ки ид кунанд. Соли нав, 1-уми январ, тибқи қонунгузорӣ рӯзи таътил аст, рӯзи ид аст, иди оғози соли нави милодӣ тибқи солшуморие, ки қабул кардаем. Насрониҳо мавлуди Исоро як ҳафта қабл аз Соли нав ва масеҳиҳои православӣ 1 ҳафта баъд аз он таҷлил мекунанд. Тоҷикон бо таҷлили фарорасии Соли нави милодӣ аз дини масеҳӣ пайравӣ намекунанд. Мутаассифона, бо ифротгароии диниамон чандин мутахассисони хуби русзабонро водор ба тарки кишвар кардем. Ифротгароӣ садҳо сол миллату давлатро ба қафо кашид. Муллоҳо сафсатагӯиро бас кунанд, мардумро ба иттиҳод, ба сарҷамъӣ таблиғ намуда, бештар дар бораи истиқлол ва дӯстӣ ҳарф зананд. Соли нав таҷлил мешавад ва дар тамоми кишвар».

Раиси вилояти Хатлон афзуд, ки руҳониён бо тарғиботи ба истилоҳ, «зиддисолинавӣ»-и худ мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси ба гуруҳҳо ҷудо шудани онҳо мегарданд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи Хатлон шумораи мухолифони таҷлил аз Соли нави милодӣ низ кам нест. Азимҷон Ваҳҳобов, намояндаи ҲНИТ, бар ин назар аст, ки оростани арчаи солинавӣ ва густурдани дастурхони махсуси идона дар арафаи Соли нав хилофи қавонини шариат аст:

«Ба он тариқ, ки масеҳиҳо Соли навро ҷашн мегиранду гирди арча давр зада, эътиқод доранд, ки гӯё гуноҳҳояшон мерезаду дуо ва талаб мекунанд, ки соли оянда барояшон соли бобарор шавад, дастурхони пурноз меороянд ва этиқод доранд, ки бояд тамоми аъзои хонавода то фарорасии нимашаб гирди ҳам бошанду якҷо соли навро қайд кунанд, - барои як мусалмон ин ҷоиз нест. Касоне, ки аз ин милоди Масеҳ таҷлил мекунанд харҷу хароҷоти барзиёде, ки доранд, аз назари ислом сарф карданаш ҳаром аст, исроф ҳаром аст. Мо дар хонавода аз Соли нав таҷлил намекунем, ин рӯзи муқаррарист барои мо. Мо танҳо аз идҳои Рамазон ва Қурбон таҷлил мекунем».

Вале фарорасии Соли нави милодӣ бештар дар миёни сокинони миёнасол ё солманди Хатлонзамин ба унвони «иди шодӣ» маҳбубият дорад. Ортиқ Асомуддинов, омӯзгори собиқадоре аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, таҷлил аз соли нави милодӣ ба маънои пайравӣ аз масеҳиёну насрониҳо нест, балки ин ид баҳонаи дигаре барои гирди ҳам омадани пайвандону ақрабо мебошад.

«Ин иди байналмилалӣ аст. Дар оилаҳо мегузаронем идро. Ҳамроҳи фарзандон, бо шодию хурсандӣ. Соли гузаштаро ба ёд меорем, дуо мекунем, ки Соли нав ҳам бобаракат бошад. Мо на аз рӯйи эътиқодоти динӣ, балки тибқи одати дерина ҷашн мегирем. Соли нав ба дин дахл надорад», - иддао дорад омӯзгор.

Ҳоло дар майдонҳои марказии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон арчаҳои қоматбаланди солинавӣ ороста шуда, шоу-барномаи солинавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз шоми рӯзи 31-уми декабр то фарорасии соли нави 2013-ум идома хоҳад кард.

Аммо дастур шудааст, ки ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳангоми таҷлил аз Соли нав дар муассисаю идораҳо аз истеъмоли машрубот ва истифодаи маводи пиротехникӣ худдорӣ шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi