07:38:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МИЛИСА ВА ҶОМЕЪАИ ШАҲРВАНДИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ ПОЛИСИ ИМА-РО МЕОМӮЗАНД

Гурӯҳи афсарони милитсия ва бархе аз шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз сафари ИМА баргаштанд. Ин гурӯҳ шеваи ҳамкории полис бо ҷомеаро дар якчанд шаҳри ИМА мушоҳида намуданд.

/images/stories/2012/11/28_1.poolice-usa-2012.jpgДар шаҳри Ню Бедфорди иёлати Массачусетс иштирокчиён бо Сардори Шӯъбаи полис ва намояндаи Шӯрои шаҳр ки бо Полис баҳри пешгирии ҷиноят байни наврасон тавассути омӯзиши касбӣ ҳамкорӣ мекунад, мулоқот доир намуданд.

Дар шаҳри Кембриҷи иёлати Массачусетс иштирокчиён шоҳиди машғулият бо полис гардиданд ва оиди барномаҳои бехатарии ҷомеа, ки махсусан ба ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир нигаронида шудаанд, маълумот гирифтанд.

/images/stories/2012/11/28_2.poolice-usa-2012.jpgДар шаҳри Ню Ҳэвен, иёлати Коннектикут иштирокчиён бо сардори шӯъбаи полис Дин Эссерман, ки аз сабаби бомуваффақият ба роҳ мондани ҳамкории полис бо ҷомеа дар якчанд шаҳр маъруф аст, вохӯрданд.

Ӯ таъкид кард “Мо қӯшуни мусаллаҳ нестем, мо истилогар нестем, мо сокинони ҳамин шаҳр мебошем ва савганд ёд кардаем, ки ба халқи худ хизмат мерасонем. Мо муносибатамонро баҳри барпо карданӣ дӯстӣ, на душманӣ, барқарор мекунем. Ҳамкории полис бо ҷомеа, нисбати усули анъанавии кори полис душвортар, лекин беҳтар аст”.

/images/stories/2012/11/28_3.poolice-usa-2012.jpgИштирокчиён ҳамчунин муваффақ гаштанд кори полиси шаҳри Ню Йоркро дар вақти ҷашни Рӯзи собиқадорон дар 5-ум Авенюи ин шаҳр назорат кунанд. Ҳукумати ИМА омода аст мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва сохторҳои адлияи онро дастгирӣ намояд ва ҳамкории худро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияту бехатариро барои шаҳрвандон идома диҳад.

Аз соли 2003 то ин ҷониб Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА зиёда аз 52 миллион долларро баҳри дастгирии барномаҳои ислоҳотӣ дар соҳаи амният ва адлия барои халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi