14:13:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ДУ ДАСТА ГУЛ БА ПОЯИ МУҶАССАМАИ ДОҲӢ

 

1 май ҳамчун рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашони тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Дар даврони Шӯравӣ аз ин рӯз ба таври хосса ҷашн мегирифтанд. Аз саҳар дар тамоми гӯшаю канори шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ садои мутантани мусиқӣ танинандоз мешуд.

/images/stories/2012/05/02_sharif-safarov_2512.jpgКормандони тамоми муассисот ба кӯчаю хиёбонҳо ба ҳамоиш баромада дар даст парчамҳои рангоранг ва гулу шиорҳои дигар дар майдони сурх саф баста бонизом аз назди минбаре, ки болои он сарварони ҳизби коммунист даст меафшонданд мегузаштанд ва худро хушбахт меҳисобиданд.

Баъди дарҳам шикастани императури Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлолият дар Тоҷикистон дигар касе аз он рӯзҳо ва он суннат ёд намекунад. 1 май мисли рӯзҳои муқаррарӣ, вале рӯзи таътилист. Магар ҳизби коммунист, ки то ҳанӯз аз ин рӯз арҷгузорӣ мекунад.

Шариф Сафаров раиси ҳизби комунисти минтақаи Кӯлоб дар бораи таҷлили рӯзи якдилии меҳнаткашон ҳикоят кард: «Дар назди пояи муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин гирд омада гулчанбар гузоштем.»

Аммо комунистон ин бор, барои хариди гулчанбар ҷиҳати камбуди маблағ имкон наёфтанд, мегӯяд раиси ҳизб. Бинобар ин бо гузоштани ду даста гули камбаҳо ба пояи ҳайкали доҳӣ иктифо карданд. Умуман, комунистони минтақаи Кӯлоб қариб ҳама ҷашнҳои даврони шӯравиро сари вақт ба қадри ҳол ҷашн мегиранд.

Бояд гуфт, ҳизби комунисти минтақаи Кӯлоб алҳол ҳудуди 8 ҳазор аъзо дорад. Аз ҳама ташкилоти ибтидоии фаъол дар минтақа, мегӯяд рафиқ Сафаров, ташкилоти ибтидоии ноҳияи Восеъ мебошад, ки дорои 83 шохачаи дигар мебошад. Ин ташкилот ҳатто дар даврони Шӯравӣ 80 шоха дошт.

Шариф Сафаров шикоят аз ҳукуматдорон дорад, ки барои барпой нигаҳ доштани муҷассамаҳои доҳии пролетариати ҷаҳон кӯшиш намекунанд. Дар гузашта дар шаҳри Кӯлоб 8 муҷассамаи Ленин мавҷуд буд. Алҳол бошад охирин муҷассамаи доҳӣ низ дар боғи марказии фарҳангии шаҳр осуда нест. Сафаров мегӯяд:

«Ду соли қабл ин муҷассамаро низ кадом шахсоне канда буданд. Боз бо қувваи комунистон барқарор карда шуд. Ҳамонро ҳам осуда намегузоранд. Мардумони бефаросат мудом сӯяш санг партофта, ҳар ҷояшро мешикананд».

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳизби коммунист саввумин ҳизби фаъол баъди ҳизби халқӣ демократӣ ва ҳизби наҳзати ислом дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб мешавад. Фарқ байни ин се ҳизби фаъол дар ҳамин аст, ки он ду дар ҳоли рушд қарор доранду ин як дар ҳоли таназзул.
Аҳмади Иброҳим, аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi