23:32:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАМОЯНДАИ СММ БАРОИ МАҲВИ ШИКАНҶА БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Қарор аст, Хуан Мендес -- гузоришгари вижаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа ба Тоҷикистон сафар кунад. Сония Кронин , сухангӯи Дафтари масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал дар номае ба мо хабар дод, ки Хуан Мендес, аз рӯзи 10-ум то 18-уми май дар Тоҷикистон хоҳад буд ва доир ба иқдомоти кишвар барои мубориза алайҳи шиканҷа бо мақомоти расмӣ гуфтӯгу хоҳад кард.

/images/stories/2012/04/29_namoyandai-smm-29412.jpgДар поёни сафараш Хуан Мендес дар нишасти хабарие аз дидаву шунидаҳояш дар мавриди талошҳои Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа сӯҳбат хоҳад кард. Баъд аз ин сафар, давлати Тоҷикистон моҳи ноябри ҳамин сол ба Кумитаи мубориза барои маҳви шиканҷаи Созмони Милал гузориш хоҳад дод, ки дар тайи се сол, яъне аз соли 2007-ум то соли 2010-ум барои аз байн бурдани бадрафторӣ бо боздоштшудагону маҳбусон ва ё шиканҷаи онҳо чӣ корҳоеро ба сомон расонидааст.

Дар ин гузориш, ки дар ихтиёри бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ қарор дорад, омадааст, аз соли 2007-ум то соли 2009-ум дар кишвар 174 мақомоти тартибот ва ҳифзи ҳуқуқро барои сӯистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва 709 нафар аз онҳоро мутобиқ ба рафторашон ҷазои сазовор додаанд.

Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофоти гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофотро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байналмилалист.

Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд ва Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод, ки Афви байналмилалӣ низ пешрафти Душанбе дар набард бо бадрафторӣ унвон кардааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, соли гузашта дар ҳамоиши Женева гуфта буд, ки дар тӯли соли 2010-ум ва ҳашт моҳи соли 2011-ум ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гунаҳкорон ҷазо гирифтанд.

Аммо ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi