16:53:50 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

2011. СОЛИ БЕ ҲУКМИ ҚАТЛ ВА ЭЪДОМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Созмони Amnesty International навишт, Тоҷикистон дар соли гузашта касеро ба ҳукми эъдом (қатл) маҳкум накард. Созмони Афви байналмилалӣ (Amnesty International) мегӯяд, соли гузашта дар 20 кишвари ҷаҳон камаш 676 эъдом шудаанд.

/images/stories/2012/03/27_amnesty-27312.jpg

Дар гузориши ин созмон бо унвони "Ҳукми эъдом ва иҷрои он дар соли 2011-ум" таъкид шудааст, ки бахши аъзами эъдомҳо дар Чин, Ироқ, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Амрико ва Яман ба вуқӯъ пайвастаанд. Лидия Аройо, сухангӯи Amnesty International, ки гузориши ахирро дар Лондон муаррифӣ мекард, гуфт, эҳтимол теъдоди афроди қатлшуда бештар бошад, зеро кишвари Чин дар бораи теъдоди эъдомшудаҳо маълумот намедиҳад ва онро сирри давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира  ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Дар санади Афви байналмилалӣ омадааст, Тоҷикистон дар соли 2011 ба ҳеҷ кас ҳукми қатл надода ва касеро ҳам эъдом накардаст. Аз сӯи дигар, зиндониёне, ки барои як умр маҳбус шудаанд, аз тарафи давлат афв намешаванд.

Сухангӯи Amnesty International Лидия Аройо гуфт: “Моҳи августи соли гузашта дар Тоҷикистон қонуни афв тасвиб шуд, вале афродеро, ки ҳукми қатл гирифтаанд, ба афв шомил накарданд.” Ӯ афзуд, Тоҷикистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказист, ки дар он масъулони ҷиноятҳои маъмулӣ низ метавонанд ҳукмҳои сангин бигиранд. Барои намуна, додгоҳҳои кишвар як идда шаҳрвандонро, ки дар бораи ҳузури ҷангиёни мусаллаҳ дар теппаҳои водии Қаротегин ба ҳукумат иттилоъ надоданд, ба беш аз даҳ сол зиндонӣ карданд.

Дар Тоҷикистон асосан ба фармондеҳони давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ё ҷинояткороне, ки бо ҳадафи пулу мол даст ба куштори одамони бегуноҳ задаанд, ҳукми абад медиҳанд. Моҳи равон ҳангоми арзёбии вокуниши Тоҷикистон ба гузориши Созмони Милал дар бораи вазъи ҳуқуқи башари ҷумҳурӣ дар Женева, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири адлия Рустам Менглиев гузориш дод. Ӯ гуфт, бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии лағви комили ҳукми қатлро баррасӣ мекунад.   

Ҷаноби Менглиев гуфт: "Дар кишвари мо раванди ба истилоҳ гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ идома дорад. Як идда фаъолиятҳо аз қонуни ҷиноӣ берун карда шудаанд ва ё муҷозоти он сабуктар шудааст. Дар ҷумҳурӣ манъи иҷрои ҳукми қатл амал мекунад. Мо ҳаракат дар ин самтро идома дода, машваратҳо дар масъалаи эътирофи протоколи дуюми факултативии Эъломияи умумии ҳуқуқи шарҳвандиву сиёсиро қабул мекунем."

Вазири тоҷик ҳамчунон ёдовар шуд, ки бо машварати созмонҳои ҳуқуқи башар Тоҷикистон муҷозот барои шиканҷаи маҳбусону афроди боздоштшударо сангинтар намуд.

Дар сӯҳбат бо мо хонум Аройо гуфт, истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва дарёфти эътироф аз роҳи зурӣ мояи нигаронии созмони онҳост: “Вақте мурофиа ноодилона асту шаҳодатро метавон аз ҳисоби шиканҷаву фишор ба даст овард, баъзеҳо имкон меёбанд, мардумро ба эътирофи ҷурми содир кори кардаву нокардаашон маҷбур намуд. Ба ҳамин восита имкон дорад, ки шахси бегуноҳ муҷрим дониста шавад ва аз ҷумла ба ҳукми олӣ маҳкум гардад. Ин аст, ки мо тарафдори комилан аз эътибор соқит шудани ҳукми олӣ ҳастем."

Бо онки ҳукми қатл дар Тоҷикистон иҷро намешавад, вале бархӯрд ба зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд, дигар нашудааст. Наздикони афроди маҳкум ба ҳабси абад аз он шикоят доранд, ки ҳукумат ҳуқуқи ин маҳбусонро маҳдуд мекунад.

Ойиша Мирзоева, хоҳари генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ дар як сӯҳбат ба мо гуфт, бар пояи қонуни нави иҷрои муҷозот дар Тоҷикистон кӯмаки моддии хешу табор ба маҳбусон маҳдуд шудааст. Давлатмоҳ Хоҷаева, ҳамсари Сангак Сафаров,  фармондеҳи собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон низ мегӯяд, идораи маҳбас ба ӯ иҷозат надодаст, ки ба фарзандаш маводи ғизоӣ барад.

Аммо бо ин ҳол ҳам хешу табор аз мороторияи ҳукми қатл дар Тоҷикистон хушҳоланд ва умед доранд, ки бо кӯмаки вакилони дифоъ солҳои ҳукми наздикони худро коҳиш диҳанд. Умуман соли гузашта 18 ҳазору 750 нафар дар саросари олам ба эъдом маҳкум шуда, мунтазири иҷрои ин ҳукм буданд.
Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi