12:09:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

“ӮЗБЕКНЕФТЕГАЗ”: ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ГОЗ БА ТОҶИКИСТОН АНГЕЗАИ СИЁСӢ НАДОРАД

 

Ширкати давлати "Ӯзбекнефтегаз" иддаъои бархе аз расонаҳо дар мавриди қатъи интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистонро бепоя хондааст. Дар баёнияи ин ширкат омадааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар авоили соли ҷорӣ танҳо барои интиқоли гоз дар семоҳаи аввали имсол қарордод имзо карда буданд ва ин тавофуқ комилан иҷро шудааст.

/images/stories/2012/03/26_gas_pipeline_26312.jpgБархе аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон ва хориҷӣ иддаъо кардаанд, ки тасмими Ӯзбакистон ба қатъи интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистон аз якуми апрел аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест. Аз ҷумла, як манбаъи вазорати энержии Тоҷикистон ба хабаргузории "Авесто" гуфтааст, ки тасмими Ӯзбакистон ба қатъи интиқоли гоз ба Тоҷикистон ба мушкили кунтрул бар посгоҳи "Плотина" дар шимоли Тоҷикистон рабт доштааст.
Ба эътиқоди ин манбаъ, то соли 2000-ум ин минтақа, ки аз онҷо чаҳор коноли обгузар аз Сирдарё оғоз мешавад, таҳти кунтрули давлати Ӯзбакистон будааст. Вале сипас, дар пайи як амалиёт марзбонони ӯзбак аз ин минтақа берун карда шудаанд ва давлати Тоҷикистон парчами миллии худро дар ин посгоҳ барафрохта ва иддаъо дорад, ки тибқи асноди расмӣ ин минтақа қаламрави Тоҷикистон аст.
Ширкати "Ӯзбекнефтугаз" чунин иддаъоҳоро "фармоишӣ" унвон карда ва мегӯяд, ки қатъи интиқоли гоз ба Тоҷикистон ҷуз далоиле иқтисодӣ надорад. Зимнан, манобеъи ширкати "Тоҷиктрансгоз" ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки аз ҳамтоёни ӯзбаки худ номае дарёфт кардаанд ва дар он гуфта шудааст, ки аз якуми апрел интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистон қатъ мешавад.
Ҳамчунин, дар ин нома омадааст, ки Ӯзбакистон аз имкони идомаи интиқоли гоз ба Тоҷикистон дигар бархурдор набудааст, зеро бояд тавофуқоти худ дар мавриди интиқоли гоз ба Чин ва Русияро иҷро кунад.
Дар авоили соли ҷорӣ низ масъулони "Тоҷиктрансгоз" изҳор дошта буданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани лӯлаи гоз аз Осиёи Миёна ба Чин, содироти гози Ӯзбакистон ба ҳамсояи шарқияш афзоиш ёфта ва Тоҷикистон метавонад танҳо гози боқимондаро бихарад.
Чунин вазъ боъис шуд, ки ҳайъати расмии давлати Тоҷикистон бо раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири кишвар, зимни сафари худ ба Тошканд дар авоили соли ҷорӣ танҳо барои харидории 45 милюн метри мукаъъаб гоз аз Ӯзбакистон дар семоҳаи аввал тавофуқ кунад.
Он замон Президент Раҳмон тавассути оқои Алимардон номае унвонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон, ирсол карда ва хостори мусоъидат ба ҳалли мушкили интиқоли гоз ба Тоҷикистон шуда буд. Мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикситон дертар ин амрро нишонае аз тафоҳум миёни ин ду кишвар хонданд, ки дар даҳ соли ахир равобити онҳо рӯ ба сардӣ гароида буд.
Ҳамакнун, рӯшан нест, ки оё Президент Раҳмон номаи тозае ба ҳамтои ӯзбакаш ирсол хоҳад кард ё хайр. Вале ба эътиқоди соҳибназарон, қатъи комили интиқоли гоз ба Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе хоҳад дошт. Ҳарчанд дар чанд соли ахир гози табиъӣ ба манозили сокинони кишвар умдатан интиқол дода намешавад, вале корхонаҳои санъатӣ ва васоили ҳамлу нақл ба ин навъи маводди сӯхтӣ сахт ниёз доранд.
Аз ҷумла, ширкати "Талко" дар тавлидоти олуминиюм аз гози табиъӣ ба сурати фаровон истифода мекунад. Танӯрҳои Корхонаи тавлиди семони Душанбе низ вобастаи гози воридотии Ӯзбакистон ҳастанд. Бархе аз васоили борбарӣ ва мусофирабарии Тоҷикистон низ бо таҷҳизоти гози табиъӣ муҷаҳҳаз шудаанд ва қатъи интиқоли гоз аз Ӯзбакистон ба маънии таъвиқи фаъъолияти онҳо хоҳад буд.
Аз сӯйи дигар, якуми апрелро, ки маъмулан рӯзи ханда ё кулоҳгузорӣ маҳсуб мешавад, имсол сокинони Тоҷикистон чандон мунтазираш нестанд. Зеро давлати Тҷоикистон тасмим гирифта, ки аз ин рӯз қимати истифода аз нерӯи барқро барои сокинон бист дарсад афзоиш диҳад.
Давлати Русия низ барои содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон мизони аворизи гумрукӣ барои ҳар як тун бензинро боз ҳудуди 45 дулор боло бурдааст. Яъне, арзиши як литр бензин дар Тоҷикистон аз моҳи апрел боз афзоиш хоҳад ёфт.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi