23:51:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАСМИ ВИДОЪ БО САРНИШИНОНИ ЧАРХБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти Тоҷикистон ҳувияти халабонҳои кушташуда дар Афғонистонро эълон карданд. Суқут таҳқиқ мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин халабонҳо полковник Вадим Грудино, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва лейтенантҳо Азизулло Мансуров ва Хушнуд Амирбеков мебошанд.

marosimҶасадҳои ин халабонон рӯзи гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуд ва имрӯз ба ин муносибат дар Донишкадаи ҳарбии вазорати дифои Тоҷикистон маросими видоъ баргузор гашт. Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе хабаргузориҳо навиштанд, ки як чархбол дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан 350-километрии ҷануби Кобул суқут кардааст. Ба дунболи ин хабар, мақомоти тоҷик таъйид карданд, ки он марбут ба нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон будааст.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин чархбол дар анҷоми амалиёти ғайринизомӣ ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба нуқоти дурафтодаи Афғонистон ширкат мекард. Ва ҳарчанд ҳайати хадамаи ин чархбол низ афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буданд, маъмурияти низомӣ надоштанд ва фақат барои барномаҳои ғайринизомӣ ва бозсозии Афғонистон парвоз анҷом медоданд.

Аммо бино бар хабарҳо, чархболҳо фармоиши ширкати "Supreme Food"-ро иҷро мекарданд, ки вазифаи асосии он таъмини нерӯҳои НАТО бо маводи ғизост. Аз ин лиҳоз оё ҳавопаймоҳои давлатии Тоҷикистон чӣ гуна ва зери кадом шароит ва ба манфиати кӣ бо иҷрои вазифаи тиҷоратӣ машғул буданд, суолбарангез боқӣ мемонад. Дар ҳоли ҳозир чандин ҳайати дигари халабонҳои тоҷик дар Афғонистон машғули парвоз ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъ, ин чархбол аз моҳи майи соли гузашта то кунун дар Афғонистон бар асоси қарордод парвоз анҷом медод. Ин парвозҳо ба гуфтаи вазорати дифоъ "дар доираи барқарорсозии вазъи баъди ҷангии давлати Афғонистон дар якҷоягӣ бо қувваҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амнияти ин минтақа" анҷом мегирифтаанд.

Гуфтанист, соли гузашта низ бар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар гарданаи Соланги Афғонистон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi