08:25:29 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«БА ҲАМА ХАЛҚ САРОМАД АРАБ АСТ» Ё «ЗИ ШИРИ ШУТУР ХӮРДАНУ…»

Ҳарчанд дар асри 21 зиндагӣ дорем, боз ҳам пойбандем бар таассубу ҷаҳолат. Таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ фақат калимаҳои нӯгизабонианд, то он даме, ки инсон худи инсонро аз дигар арзишҳои баъдан ёфтаю бофта боло нагузорад. Ҳамин аст, ки забони мутаассиби ҳазорсола пеш Ибни Синоро бедину кофир хонда, имрӯз бо лаҳни ҳоҷӣ Саидмурод Шарифзода ном шахсе («Нигоҳ», №45 (268) аз 25.01.2012, «Обе, ки обрӯ барад») шоири муосиру шинохтаи тоҷик Бозор Собирро кофиру ғайриддин эълон мекунад.

Бозор СобирҲарчанд ин муаллиф мақолаашро ҷавоб ба мақолаи Бозор Собир «Ӯро аз академия мерондам» («Нигоҳ», 05.11.2012) унвонгузорӣ кардааст, ӯ ҷумлаи мантиқие дар инкори гуфтаҳои Бозор Собир нисбати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ наовардааст. Мақолааш пурра аз сураҳои Қуръони маҷид ва ривоятҳо аз Абуҳурайра (р) иборат буда, рабте ба ин мақолаи қаблии Бозор Собир надоранд. Ва он чӣ ӯ ба гӯши Бозор Собир хонданист, шоир худаш бе ин ҳам иқрор аст ва даҳҳо маротиб такрор ҳам кардааст, ки атеист аст.

Бо вуҷуди ин, ҳоҷии «доно» бо эҳсоси ошкоро кинадор шоирро бедину худобехабар номида, бо сураҳои қуръонӣ ӯро муттаҳам мекунад. Вале гарчанде худро мусулмони поксиришт меҳисобад, он ҷо намебинад, ки «Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, он гуноҳ ба зиёни худ кардааст ва Худо донову ҳаким аст» (сураи Нисо, 111). Ба ин маънӣ, ки Худованд ҳеҷ «ҳоҷӣ»-еро салоҳияту ҳақ надодааст, ки ба ҷояш «ғазаб»-и ӯро бар дигарон эълон дораду онҳоро «кофиру бедин» хонад.

Ва маҳз барои чунин ҳоҷиҳои бехабар дар ҳамон қуръони азмушшаън омада, ки «Оё надонистаӣ, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва бар ҳар коре тавоност» (сураи Моида, 40).

Таассуби чунин ҳоҷию муллоҳо дар ҳама давру замонҳо Шарқро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боздошта буд. Садсолаҳо пештар Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ ва садҳои дигар нобиғаҳои илму хирад, таҳти фишору таъзйиқи муттаассибон қарор гирифтанд ва натавонистанд қудрати фитрию зеҳнии худро, ки ҳатто асрҳо баъд аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро тасхир намуд, ба манфиату пешрафти қавму миллат дар замони хеш истифода баранд.

Арзишҳои хештаншиносию миллатпарастӣ то дараҷае барои ҳоҷӣ Шарифзода бегонаанд, ки аз забони шоири эронӣ Сайид Ашрафиддини Гелонӣ месарояд: «Арабам ман, ба ҳама халқ саромад араб аст». Шахсан банда шубҳа дорам, ки Гелонӣ, як аз шоирони инқилобии машрутахоҳи Эрон, ҳамсафи Баҳору Деҳхудо ва Лоҳутӣ чунин шеъреро гуфта бошад. Вале чу мавзӯи мо Гелонӣ ва шеъри ӯ нестанд, ин масъаларо канор мегузорем. Ҳоҷӣ Саидмурод Шарифзода, ки худро фарзанди дигар миллат ва ҳайсияти авлодию аҷдоди худро бозомада аз миллати ғайр медонад, куҷо ба қадри як мисраъи шеъри «Забони тоҷикӣ»-и Бозор Собир мерасад.

Ин ҳоҷии бегонапараст «Арабам»-и Гелониро (он ҳам агар рост бошад) мебинаду Фирдавсии бузургворро, ки Шарқу Ғарбро шефтаи назми саропо ибораташ аз ситоиши Меҳану миллати сарбаланд, қаҳрамонзамиру ҷавонмард, далеру шуҷоъ кардааст, не:

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷойе расидаст кор.

Ки тахти каёнро кунад орзу,

Тфу бар ту эй чархи гардун тфу.

Дар бораи ҳамҷинсгароию лӯтигарӣ сухан ронда, ҳоҷӣ аз қуръону ҳадисҳо дар бораи ҳаром будани ин амалҳо далел меорад ва ҳақ ҷониби ӯст. Вале чӣ гуна метавон ҷой доштани ин бадахлоқиҳоро дар гузаштаи хеш пинҳон кард. Ва сад афсӯс, ки натанҳо дар гузашта, балки дар шароити имрӯза дар ҳамсоякишварҳои исломии мо чунин аъмол ошкоро идома доранд.

Ҳоҷӣ Саидмуроди Шарифзода ҳатто дигаронро, онҳоеро, ки бо Бозор Собир наздикӣ ё дӯстӣ мекунанд аз аҳли ширку куфр эълон кардааст. Аз рӯйи мантиқи фармудаи ӯ агар андеша кунем, пас қисмати ағлаби сокинони ҷумҳурии моро, ки мусулмонанду бо намояндагони миллатҳои ғайримусулмон дӯстию муносибат доранд, «кофиру гумроҳ» шудаанд.

Умуман, вақте шахсият (Бозор Собир) дар бораи шахсият (Муҳаммадҷон Шакурӣ) менависад, майдони баҳс аз ду абармарди илму эҷод аст, на аз кадом як ҳоҷии қаторие, ки ҳарфу ҷумлаҳои лозима миёни китобҳо меҷӯяд. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ барҳаёт асту худаш қудрати ҷавобнависиро ба Бозор Собир дорад ва умед аст, ки менависад.

Албатта чунин сангпартоиҳою кофирхониҳо ҷониби Бозор Собир ҳаргиз обрӯйи ӯро коста нахоҳанд кард. Зеро шеъри миллатпарастонааш номи ӯро дар таърихи ин миллат абадан сабт кардааст. Асрҳо мегузараду наслҳои баъди тоҷик бо номи Бозор ифтихор хоҳанд кард, чуноне, ки мо бо Ибни Сино фахр мекунему онҳоеро, ки ӯро кофар хонданд, намедонем. Ҳоҷихои арабпарастро низ танҳо чунин тақдир дар пеш аст.

Назари Олимпур



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 06.02.2012 02:12
Бародари гироми, Назари Олимпур, хеле вакт аст аз суханони пучу бемаъни ва ёвагуихои бархе хаста шуда будем. Хеле ташаккур аз навишта ва посухи солоратон. Мантики боло, чумлахои зебо ва посухи барно. Хуш ба холатон, хонатон обод бод, ободтар!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi