11:07:06 13-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ КӮЧБАСТАГОН АЗ МАҲАЛЛИ ИҶРОИ ТАРҲИ "РОҒУН"

Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар бораи вазъи афроди кӯчбаста аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" гузориши вижае чоп кардааст. Ин созмон бо ҳимояти молии Кумисиюни Урупо аз моҳи апрели соли 2010 то моҳи майи соли 2011 дар ин замина пажӯҳиши вижае анҷом дода ва рӯзи 31 январ аз натоиҷи ин пажӯҳиш гузориш кардааст.

РогунДар сурати сохта шудани нерӯгоҳи “Роғун” дар маҷмӯъ ҳафт ҳазор хонавода бояд аз маҳалли ин нерӯгоҳ ба ҷойҳои дигар кӯч дода шаванд. Кӯчбандии умумӣ танҳо дар сурати ҳалли масъалаи сохтмони ин нерӯгоҳ оғоз хоҳад шуд, вале ҳудуди 1030 хонаводае, ки дар минтақаи мавриди хатар ба сар мебурданд, кӯч дода шудаанд.

Гузориши вижаи Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон умдатан масоили марбут ба ҳуқуқи ҳамин 1030 хонаводаро матраҳ кардааст, ки ба навоҳии Данғара, Турсунзода, Рӯдакӣ (тепаи Самарқандӣ) ва Нуробод кӯч дода шудаанд. Таҳмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози ин тарҳ, мегӯяд, ки дар пайи таҳқиқи вазъи ин афрод идораи онҳо ба давлати Тоҷикистон чанд тавсия барои беҳбуди вазъи ҳуқуқии афроди кӯчбаста пешниҳод кардааст.

Дар ин гузориш ба давлат аз ҷумла тавсия шудааст, ки ба ҳангоми пардохти ҷубронпулӣ ба кӯчбастагон дар ивази молу маскан, мизони таваррумро низ дар назар бигирад, пулро қасман на, балки якбора пардохт кунад ва қонун дар бораи муҳоҷирати зистмуҳитиро ислоҳ кунад.

Хонуми Ҷӯраева гуфт: “Бархеҳо ба мо гуфтанд, дар ҳоле ки дороиҳо ва хонаҳояшон дар соли 2009 ва ҳатто 2008 қиматгузорӣ шуда буданд, вале ҷубронпулиашонро бидуни дарназардошти таваррум дар соли 2010 ва 2011 барояшон додаанд.”

Ғайр аз ин ба гуфтаи хонаводаҳое, ки кӯч бастаанлд, пуле, ки давлат ба онҳо пардохт мекунад, дар се марҳила ироа мешавад ва барои онҳо мушкил аст, ки сохтмони хонаҳоро бо пули андак оғоз кунанд. Дар ҳамин ҳол, Рамазон Мирзоев, раиси идораи умури муҳоҷирати марбут ба нерӯгоҳи "Роғун", гуфтааст, ки пул ба далели он қисм-қисм пардохт мешавад, ки “мардум пулро барои чизе дигар ҷуз сохтмони хона сарф накунанд.”

Аммо фаъъолони ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ба ҳар ҳол вазифаи давлат пардохти ҷубронпулӣ аст, на танзими истифодаи муассир аз он. Вале оқои Мирзоев исрор мекунад: “Мо ин корро беҳуда намекунем, аввал як қисми пулро медиҳем, баъд рафта мебинем, ки масалан таҳкурсиашро рехт. Баъд боз пул мегузаронем, ки идома диҳад сохтмонро. Мехоҳем самаранок аз пул истифода баранд. Барои он ки пулро медиҳӣ, рафта мошин мехарад, замине ки барояш ҷудо карданд, самаранок истифода намешавад.”

Вай афзуд, агар касе мехоҳад барояш хона не, балки фақат пул дода шавад, ин хоҳиши худро дар ҳукумати ноҳия расмӣ мекунад ва сипас, ҷубронпулиро аз давлат комилан дарёфт мекунад. Аз сӯйи дигар, масъулони Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар маҳаллоте, ки хонаводаҳо аз манотиқи хатарноки наздик ба нерӯгоҳи "Роғун" ба онҷо кӯч бастаанд, мактабҳо, боғчаҳо, бемористонҳо ва дигар муассисоти лозим вуҷуд надоранд.

Вале мақомоти Идораи умури муҳоҷирати марбут ба нерӯгоҳи "Роғун" гуфтанд, ки ниҳоди онҳо аз моҳи январи соли ҷорӣ барои танзими ҳамин масоил таъсис ёфта ва дар соли ҷорӣ барои ҳалли ин масоил аз буҷети давлат ҳудуди 35 милюн сомонӣ ихтисос ёфтааст. Ин маболиғ аз ҷумла барои сохтмони бемористон ва мактабҳо барои фарзандони кӯчбастагон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳазина хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Мирзоев, ҳоло бархе аз хонаводаҳои кӯчбаста аз маҳаллоти наздик ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" "дар шароити бамаротиб беҳтар аз он чи доштанд", зиндагӣ мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi