19:37:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АЛИЗОДА: «МУБОРИЗА БО ШИКАНҶАРО ДАР АВЛАВИЯТ ҚАРОР МЕДИҲЕМ»

Зариф Ализода, омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ дар фаъъолиятҳои худ мубориза бо шиканҷаро дар авлавият қарор хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва Салиби Сурх, ки бояд имкони дастрасии кормандони Салиби Сурх ба зиндонҳои ин кишварро фароҳам кунад, ҳануз имзо нашудааст.

Зариф АлизодаОқои Ализода рӯзи 25-январ дар нишасти матбуъотии худ гуфт, ки давлати Тоҷикистон ва созмони байналмилалии Салиби Сурх то ҳол “ба далоили амниятӣ” ин мувофиқатномаи ҳамкориро ба имзо нарасондаанд. Вай гуфт: “Мушкил ин аст, ки Салиби Сурх як муассисаи башардӯстона аст ва дидор аз муаассисаҳои баста бахше аз кори онҳост. Вале дар ин замина аз нигоҳи амниятӣ ба тавофуқ расидан лозим аст. Ин мавзӯъ ҳоло аз сӯйи гурӯҳе корӣ муҳокима (баррасӣ) мешавад.”

Қаблан манобеъи Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буданд, ки имзои ин мувофиқатномаи ҳамкорӣ ба далели алоқамандии Салиби Сурх ба анҷоми дидорҳои “як ба як” бо зиндониён ба таъхир афтодааст. Рустам Нуров, масъули раёсати беҳдошти Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, қаблан ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ мукарраран хостори дидор бо мубталоён ба бемории сил дар зиндонҳои Тоҷикистон шуда, аммо ин дархост пазируфта нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин созмон шарту шароит гузоштааст, ки бо маҳбусҳои бемор дар танҳоӣ сӯҳбат карда ва аз натоиҷи таҳқиқоташ дар зиндонҳо ба Вазорати адлияи Тоҷикистон гузориш нахоҳад дод. Оқои Ализода бидуни шарҳи ҷузъиёти масоили марбут ба қарордоди ҳамкории давлати Тоҷикистон ва Салиби Сурх гуфт, ки гурӯҳи вижаи корӣ барои ҳамоҳанг сохтани шароити ин қарордод фаъъол шудааст.

Бо вуҷуди ин ки дар соли 2011 танҳо панҷ шикоят дар бораи эъмоли шиканҷа ба дафтари ӯ ворид шудааст, оқои Ализода мегӯяд, ки фаъъолияти аслии ниҳоди Омбудсмен ё Кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба мубориза бо шиканҷа равона хоҳад шуд. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2011 додситонии Тоҷикистон 23 парванда дар бораи эъмоли шиканҷаро таҳқиқ кардааст, вале танҳо дар панҷ парванда мавориди шиканҷа собит шудааст.

Тоҷикистон кунвонсиюни мубориза бо шиканҷаро солҳо қабл имзо кардааст, вале ба гуфтаи оқои Ализода, давлати ин кишвар бояд ҳамчунин дар қонуни ҷиноӣ (кайфарӣ) моддае алоҳида дар робита бо шиканҷа ворид кунад, ки ин кор то ҳол анҷом нашудааст.

Қонуни кайфарии Тоҷикистон то ҳол мафҳум ва меъёрҳои шиканҷаро муқаррар накардааст ва дар ҳоли ҳозир афроде, ки ба шиканҷа муттаҳам мешаванд, тибқи моддаҳои дигар, монанди "берун рафтан (тахаттӣ) аз салоҳиятҳо", суиистифода аз мақом ва ё "саҳлангорӣ" (эҳмол) муҷозот мешаванд.

Ба ин нукта дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар борҳо таъкид шудааст. Оқои Ализода ибрози умедворӣ кард, ки дар соли ҷорӣ қонуни кайфарии Тоҷикистон дар ҳамин иртибот ислоҳ хоҳад шуд.

Илова бар ин, оқои Ализода гуфт, ки талош дорад давлати Тоҷикистон прутукули илҳоқӣ ба қарордоди байналмилалии мубориза бо шиканҷаро низ имзо кунад, зеро дар он сурат дар Тоҷикистон ниҳоди ҷудогонае муваззаф ба назорат бар вазъи зиндониён хоҳад буд.

Дар соли 2011 кормандони дафтари кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар навоҳии мухталифи кишвар барои кормандони ниҳодҳои интизомӣ семинорҳое доир кардаанд, ки ҳадаф аз онҳо боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи муқаррароти қарордоди (кунвонсиюни) мубориза бо шиканҷа ва истондордҳои байналмилалӣ барои муҳофизат аз маҳбусон будааст.

Омбудсмени Тоҷикистон дар ҳоле мубориза бо шиканҷаро дар авлавияти кори худ қарор додааст, ки ҳафтае қабл Рамазон Раҳимов, вазири тозаинтисоби умури дохилаи ин кишвар, низ гуфта буд, ки ба муборизаи густарда алайҳи шиканҷа дар ниҳодҳои пулиси ин кишвар камар бастааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi