04:21:05 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОЁНИ "ҶИНОЯТИ ПУРОВОЗА": ҚОТИЛ ҲУКМИ АБАД ГИРИФТ

 

Додгоҳи Суғд як сокини ноҳияи Истаравшанро дар қатли саррофи маҳаллӣ ва ҳамсараш гунаҳкор донист ва ба ҳабси абад маҳкум кард.

dodgohҲайати сайёри додгоҳи вилояти Суғд дар толори додгоҳи Истаравшан Фахриддин Мирбобоев, сокини ин шаҳрро мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои куштор ва роҳзанӣ айбдор донист. Бино ба қарори додгоҳ ҷаноби Мирбобоев ба ҳабси якумра маҳкум шуда, амволи ӯ низ мусодира гардид.

Ёдовар мешавем, қатли саррофи 36-солаи истаравшанӣ - Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсари ӯ шаби 22-юми августи соли 2011 рух дода буд.Ба гуфтаи додгоҳ, Фахриддин Мирбобоев ва Мирзо Олимов, корманди дӯкони дигари саррофӣ дар Истаравшан ба манзили Ҷалоловҳо даромада, зану шавҳарро бо захмҳои корд ба ҳалокат расониданд ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи онҳоро ба яғмо бурданд.

​​sharif-nazarovШариф Назаров, сардори Идораи корҳои дохилаи Суғд инро "ҷинояти аз ҳама пуровоза" дар соли гузашта дар минтақа номида гуфт, "вижагии ин куштор дар он буд, ки ҷинояткорон ҳеҷ нишону изе ва шоҳиде аз худ дар ҷойи ҳодиса нагузошта набуданд. Аммо новобаста ба ин, дар натиҷаи кори шабонарӯзӣ дар тӯли беш аз 20 рӯз ошкор ва яке аз содиркардагон, Фахриддин Мирбобоев дастгир карда шуд. Аммо шарики ӯ, Мирзо Олимов бо шунидани ин хабар худкушӣ кардааст."

Куштори Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсараш яке аз ду ҷинояти саррофон дар соли гузашта дар вилояти Суғд аст. Шоми 28-уми декабр низ ду саррофи хуҷандӣ, падару писар: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо дар назди манзили зисташон, маҳаллаи "Чоршанбебозор" аз сӯи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Ба таҳқиқи ин ҷиноят ва ҷустуҷӯи қотил як гурӯҳи махсус, иборат аз кормандони интизомиву додситонӣ машғул аст. Ба гуфтаи генерал Назаров, омилони эҳтимолии ин куштор маълум шуда, таҳти пайгард қарор доранд. Ӯ афзуд, дар соли гузаштаи 2011 дар вилояти Суғд 41 ҷинояти қатлу куштори одамон содир шуда, ҳамаи он ошкор ва гумонбарон ба додгоҳ кашида шудаанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi