08:12:59 04-уми Июни 2025 сол

МАРДУМ: ДАР ЧОРМАҒЗАК ДАРМОНДАЕМ. МАҚОМОТ: РОҲ БОЗ АСТ

Вазоратҳои умури дохилӣ ва нақлиёт банд мондани мошинҳои зиёд дар ағбаи Чормағзакро рад карданд. Аммо бархе аз сокинон, аз ҷумла сардабири нашрияи "СССР" Сайёфи Мизроб, дар тамоси телефонӣ ба мо гуфтанд, ки ҳанӯз ҳам аз ду тарафи гардана ё ағбаи Чормағзак садҳо мошин банд мондаанд.

chormaghzakСайёфи Мизроб гуфт, онҳо субҳи дирӯз (22 январ) ба сӯи ағбаи Чормағзак рафтанд, вале то шом натавонистанд, ки аз ин роҳ убур кунанд. Сардабири нашрияи "СССР" афзуд, дар ағбаи Чормағзак ягон корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (МЧС)-ро надидааст, ки машғули тоза кардани роҳ бошанд. "Ба ҷуз ду-се корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, ки ҳалолашон бод, каси дигаре набуд",-илова кард ӯ.

Аз банд мондани мошинҳои зиёд дар ағбаи Чормағзак як рӯз қабл хонандае бо ирсоли нома ба мо хабар дода буд. Ӯ дар номаи худ ба "Озодӣ" навиштааст, ки "дар ағбаи Чормағзак 2 ҳазор мошин дармондааст. Одамонро сармо зад. Кӯмак кунед. Ба ҳукумат расонед."

Вақте дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ пурсидем, гуфтанд, ки ба ин суол бояд Вазорати корҳои дохила, ки БДА як ҷузъи он аст, посух бигӯяд.

Вазоратҳои корҳои дохила ва нақлиёти Тоҷикистон бошанд, банд мондани садҳо мошин дар ағбаи Чормағзакро рад мекунанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, "дар ҳақиқат, роҳи Душанбе-Кӯлоб тариқи Чормағзак сербарфу туман аст ва дар муқоиса бо дигар роҳҳо рафтуомадро мушкил кардааст."

Аммо ба гуфтаи ӯ, дар пайи иқдомоти пулиси роҳ (БДА) ва кормандони вазорати нақлиёт ин роҳ фаъол шуда, дар ҳоли ҳозир мошинҳо дар ҳаракатанд.

Владамир Багуманов, як масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, тамоми роҳҳои иртиботӣ дар кишвар боз буда, барои таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт омодаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854