04:38:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

КӮЛОБ: АЗ ВАЗИФА РОНДАНИ РОҲБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ РАСМ НАШУДААСТ

Таърихи минтақа ёд надорад, ки касе аз масъулини бесалоҳият аз кор ронда шуда бошанд. Ин масъулин соҳаеро ҷиҳати бемасъулиятӣ ба касодӣ мерасонанд ва боз ба кори дигар таъин мешаванду дар муддати чанд моҳ ё як сол онро ҳам батамом касод мекунанд. Чун қоида, ин масъулин ҳамагӣ солхӯрда ва пиранд.

шахри КулобОнҳо ба ҳеҷ вачҳ роҳро барои ҷавонон кушоданӣ нестанд. Карим Ҳакимов 7 соли қабл раиси калонтарин хоҷагии минтақаи Кӯлоб ба номи Амиршоев буд. Тули чанд соли сарвариаш ин хоҷагиро ба касодӣ оварда расонид ва саранҷом хоҷагӣ ҷиҳати қарзҳои ҳангуфт таҷдид шуду амволаш ба савдо, аниқтараш ба яғмо рафт. Соли 2005 амволи онро дар музоядаи ғайриодилона бо нархҳои дилхоҳ се афроди дастдароз бо шумули худи Ҳаким Каримов тала карда хариданд.

Баъди як соли бекор мондан Ҳаким Каримов дигарбора раиси ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав собиқ Бешкенти вилояти Хатлон таъин шуд. Ҳамагӣ баъди 1 соли сарварии ӯ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия мувоҷеҳи мушкилот гашт. Мақолаи мо ҳам таҳти унвони «Бешкент с молотка савдо мешавад» ҳушдор дар мавриди мушкилоти ноҳия буд. Фиғони мардум ҷиҳати бесоҳибии ин ноҳия ба фалак печид. Баъди 1 соли дигар ӯ аз вазифаи раисии ҳукумат ҷиҳати бемасъулиятӣ сабукдӯш гашт.

Ҳамакнун ӯ вазифаи раёсати соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлобро ба ӯҳда гирифтааст. Омори бардурӯғи пешниҳоднамудаи ӯ оиди 80% иҷро шудани кишти тирамоҳӣ ва шудгор гувоҳи он аст, ки соҳаи кишоварзии минтақа моҳҳои наздиктарин мувоҷеҳи мушкилоти азим ва вазъияти буҳронӣ мегардад. Омори бардурӯғи ӯро масъулини навоҳии атроф собит сохтанд. Бисёре аз онҳо иттилоъ доданд, ки бо сабаби боронҳои пайдарпай имсол кишти тирамоҳи ҳамагӣ 45-50% иҷро шудаасту халос.

Сафаралӣ Абдуллоев, сарвари раёсати нигаҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб низ соҳаро тули 10 соли сарвариаш мувоҷеҳи касодӣ гардонид. Бо вуҷуди ҷудо шудани маблағҳои ҳангуфт дар сартосари минтақа тақрибан роҳи ободе ба назар намерасад. Мақолаи мо таҳти унвони «Роҳҳои бесоҳиби минтақаи Кӯлоб» аз бесалоҳиятии ин сарвар қисса мекард. Аввали имсол кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ӯро ҳатто дар ҳолати мастӣ рондани мошин боздошт намуда, тариқи телевизион намоиш дода буданд.

Тобистони имсол вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ билохира ӯро аз кор пеш карда ба ҷояш шахси масъулиятшинос ва чашми кордон Қурбоналӣ Ҳикматуллоевро таъин кард. Ҷавони боғайрат дар 4 моҳи кориаш онқадар корҳоеро ба анҷом расонид, ки назирашро зердастон то ҳол надида буданд. Аммо авали моҳи декабр дигарбора ба вазифаи худ барқарор шудани Абдуллоев ҳамаро ба ҳайрат овард.

Абдулло Намозов собиқ директори бозори марказии шаҳр низ ҷиҳати бемасъулиятӣ аввали имсол аз кор ронда шуд, аммо баъди 4 моҳ дигарбора ба вазифаи муовини директори бозор таъин шуд.

Собиқ мудири маорифи ноҳияи Восеъ Давлаталӣ Шарифов низ ҷиҳати дуздии амволи мактабҳои миёнаи ноҳия ба миқдори беш аз 500 000 сомонӣ ҳамроҳи мудири молия расо 1 сол дар ҳабс буду зери истинтоқи мақомоти тафтишотӣ қарор дошт. Билохира ҷаримаи калон супорида раҳо ёфт. Ҳамакнун роҳбарияти ноҳия азм дорад ӯро директории омузишгоҳи касбию техникии ноҳия таъин кунад. Чунин мисолҳои вазифаивазкунии масъулини бесалоҳият ниҳоят зиёданд.

Коршиносон бар онанд, ки масъулини болоӣ мудом сӯйи ин ашхоси бесалоҳият дасти тамаъ дароз мекунанд ва аз ин сабаб аз онҳо муттаҳаманду ин тоифаро муҷозот карда наметавонанд, балки барои фиреби назар вазифаҳояшонро ҳамвора иваз мекунанд.

Молик



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi