06:09:27 04-уми Июни 2025 сол

ДАР НАБАРД БО ҚОЧОҚЧИЁН 4 МАРЗБОНИ ТОҶИК БА ҲАЛОКАТ РАСИДААСТ

Тӯли соли 2011 дар хатти марзи Тоҷикистону ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шӯробод ҳангоми задухӯрд ,сарҳадшиканони афғон 4 нафар сарбозони нерӯҳои марзбони тоҷик ба ҳалокат расидаанд.

марзи ТочикистонАз ҷониби қочоқчиён ва сарҳадшиканони дигари афғон 6 нафар ба ҳалокат расидаанд, гуфт раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов дар баромади худ зимни нишасти матбуотиаш рӯзи ҷумъаи гузашта. Инчунин аз қочоқчиёни афғон миқдори 223,95 гр. маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки беш аз 3 кг. онро героин ва 159 кг. дигарашро бангдона ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад қочоқчиёни афғон ҳамасола даст ба гаравгонгирии шаҳрвандони осоиштаи тоҷик ҳам мезананд. Дар бораи ҷузъиётҳои бештари матлаб ҷаноби Икромов сӯҳбат карда мегӯяд: «Тули соли гузашта 6 нафар сокинони ба гарав афтидаро сарҳадбонони ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти дигари қудратӣ озод карданд.»

Сиву панҷ ҳазор  гектар замини сердолу дарахт ва хосилхези ин ноҳияи кӯҳистон ҷиҳати касногузар будан муҳофизат намешавад ва аз ҷониби афғонҳои осоишта ва қочоқчиёни онесуи марз ба таври васеъ истифода мешавад. Марзбонони тоҷик ҷиҳати нарасидани лавозимоти ҷангӣ, мошинҳои пуриқтидор ва муҳимтар аз ҳама чархбол дар ҳимояи марзҳо мувоҷеҳи мушкилоти зиёд гаштаанд.

Ҳамасола ҳодисаҳои убури марз аз ҷониби ҷинояткорони афғон ва гаравгонгирии одамон ва чорвои мардум ба қайд гирифта мешавад. Тирамоҳи имсол низ 2 сокини ноҳия ва 25 сар ҳайвони калони шохдор аз ҷониби ҷинояткорони афғон ба гарав бурда шуд.

Шаш соли қабл умури ҳимояи марзҳоро дар ин русто марзбонони Федедератсияи Руссия бар ӯҳда доштанд. Аммо бо он ҳама қудрате, ки русҳо доштанд, сарҳадшиканӣ дар ин мавзеъ кам набуд. Бори охир ҷинояткорони афғонӣ соли 2005 аз ин русто дар ҳузури марзбонони рус 105 говро дуздида  бурда буданд.

Дар ин нишаст инчунин аз ҷониби хабарнигорон таклиф шуд, ки барои ҳимояи марзҳо дар мавзеъҳои касногузар таъсиси гурӯҳҳои кавалерӣ аз ҳисоби шикорчиёни маҳал ба мақсад мувофиқ аст.

Аҳмади Иброҳим, барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854