БОЗДОШТИ ГУМОНБАРШУДАГОНИ ҲАМЛА БА «БОБОИ БАРФӢ»
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди таъмини амният, дар рӯзҳои таҷлили Соли нави милодӣ ҳодисаҳои нохуш сар заданд. Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар шаби таҷлили Соли нав дар пойтахт бар асари сархушӣ дар як хонаводаи рустабор низоъ бармехезад, ки дар натиҷа як хонуми ҷавон аз зарби корд кушта мешавад ва шавҳари ӯ захми сангин мебардорад.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, дар як ҳодисаи дигар, гурӯҳи ҷавонон ба сокини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков дарафтода ба ӯ аз ноҳияи шикамаш чанд корд мезананд. Баъд аз интиқол ба бемористон, Парвиз Давлатбекови 24-сола дармегузарад. Наздикони Парвиз Давлатбеков мегӯянд, ки вай ба хотири хушҳол намудани мардум бар тан ҷомаи «Бобои барфӣ»-ро доштааст ва ин гурӯҳи ҷавонон, ки сабаби ин бархӯрд то ҳол шарҳ дода намешавад, ба таври ваҳшиёна ӯ ва ҳамроҳони вайро мавриди латтукӯб қарор додаанд.
Шоҳидон айнӣ гуфтаанд, ин ҳамлагарон баъд аз латукуби Парвиз ва ҳамроҳонаш, ба авбошӣ дар ҷойҳои дигар шаҳр идома додаанд. Аммо вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки чанд тан аз афроди гумонбаршуда дар ҳамла ба Парвиз Давлатбековро дастгир намудаанд.
Ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев, гумонбаршудагони ҳамла ба «Бобои барфӣ», донишҷӯи соли саввуми донишгҳоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов бо ҳамроҳии ду рафиқаш Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев буда ҳоло дар боздоштгоҳи муваққаттии вазорати умури дохилӣ ба сар мебаранд. Дар ҳоли ҳозир дар нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
«Озодӣ»