05:59:21 04-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ “БОБОИ БАРФӢ” ДАР ШАБИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ДАР ДУШАНБЕ

Гурӯҳе аз ҷавонони шаҳри Душанбе дар шаби Соли нави мелодӣ нафареро, ки либоси “Бобои барфӣ”–ро дар бар дошт, ба қатл расониданд. Парвиз Давлатбекови 24-сола, сокини маҳаллаи мавсум ба “Профсоюз”- и пойтахти Тоҷикистон, бо либоси Бобо нуел ё “Бобои барфӣ” барои шодбоши пайвандонаш вориди яке аз опортимонҳои ин маҳалла шуда ва мавриди сӯйиқасд қарор гирифтааст.

/images/stories/2012/01/02_santaclaus_2.1.2012.jpgБа гуфтаи шоҳидони айнӣ, афроди ҳамлагар, ки ҳудуди 30 нафар будаанд, бо нидои “ту кофирӣ” ба оқои Давлатбеков чанд маротиба бо корд зарба задаанд. Дар натиҷа, Парвиз Давлатбеков ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст. Вале пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд ва шаби гузашта оқои Давлатбеков фавтидааст.

Пизишкон мегӯянд, ки дар пайи ин ҳодиса оқои Давлатбеков 70 дарсади хуни худро аз даст дода ва интиқоли хуни фарде дигар низ ӯро наҷот надодааст. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳамла бештаре аз аъзои бадани оқои Давлатбеков, аз ҷумла, куллияҳо (гурдаҳо), меъда ва кабид (ҷигар) ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, афроди ҳамлагар се нафар аз ҳамроҳони оқои Давлатбековро низ мавриди лату куб қарор додаанд,вале ин се нафар ҷароҳатҳо бардошта ва зинда мондаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин афрод баъд аз ҳамла ба ин чаҳор нафар боз тӯли чанд соъат дар маҳаллоти мухталифи Душанбе даст ба авбошӣ задаанд.

Манобеъи пулиси Тоҷикистон ба далели рӯзи таътил барои шарҳи ин хабар ҳозир нашуданд. Вале, маъмурони пулис, ки дар бемористони Қарияи Боло барои таҳқиқи ин ҳодиса ҳозир шуда буданд, гуфтанд, ки се тан аз афроди мазнун дар ин қазия боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин се нафар шогирдони яке аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон буда ва дар гузашта низ даст ба ҷиноят задаанд. Ҳамчунин шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шаби якуми январ ба ин бемористон чанд тан аз сокинони дигар бо ҷароҳатҳои сангин интиқол шудаанд.

Зимнан, барои бори нахуст аз қатли “Бобои барфӣ” дар Тоҷикистон гузориш мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир соҳибназарон аз шиддати исломгароӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон изҳори назар мекунанд.

Дар ду ҳафтаи ахир дар матбуъоти Тоҷикистон баҳсҳое дар мавриди ниёзи таҷлил аз фарорасии соли нави мелодӣ сурат гирифтанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки соли нави мелодӣ маросими бегона аст.

Вай гуфт: “Назари Шӯрои уламои исломӣ дар қиболи Соли нави мелодӣ чунин аст: ин урфу одати бегона ва берун аз дини мо аст. Худи ман аз мардум даъват мекунам, ки аз харҷи зиёд ба ҳангоми истиқболи Соли нави мелодӣ худдорӣ карда, ба афроди фақир ё ятим кумак кунанд.”

Вале аз фарорасии Соли нави мелодӣ, ки аз замони шӯравӣ барои мардуми Тоҷикистон ба мерос мондааст, умдатан ба унвони як ҷашни хонаводагӣ таҷлил мешавад. Ҳамзамон ин ҷашни давлатӣ маҳсуб шуда ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола сокинони кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош мегӯяд.

Аз сӯйи дигар, тибқи омори расмӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон афзоиши қобили таваҷҷӯҳи ҷароим, аз ҷумла, қатл ва авбошӣ мушоҳида шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854