22:55:09 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БУҶАИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ СОЛИ 2012 ТАСДИҚ ГАРДИД

Дирӯз, 28-уми декабр, дар толори ҳукумати шаҳри Кӯлоб сессия, ё худ ҷаласаи намояндагони мардуми маҳал баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти дастовардҳои яксола ва тарҳи буҷаи шаҳр барои соли 2012 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

/images/stories/2011/12/29_foto-kulob_2011.jpgҲамид Абдуллоев, раиси ҳукумати шахри Кӯлоб зимни баромади худ иброз дошт, ки буҷаи шаҳр барои соли 2011 дар маҷмӯъ 22 миллиону 992 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба як соли қабл 4 миллиону 817 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Мисли солҳои қаблӣ 70% буҷҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ва тандурустӣ масраф шудааст. Музди миёнаи меҳнат дар соли 2011  353 сомонию 50 дирам ва андозаи миёнаи нафақаи бознишастагон 136 сомониро ташкил дод.

Дар ин миён, илова кард раиси ҳукумати шаҳр, бақияи андоз нигаронкунанда аст, ки беш аз 7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яъне корхонаю муассисаҳо ин маблағи андозро то ҳанӯз пардохт накардаанд. Ин нишондод назар ба соли гузашта 1 миллиону 66 ҳазор сомонӣ афзудааст. Раиси шаҳр чун ҳарвақта аз шумораи умумии бекорон сухан накарда мегӯяд: «имсол 3 ҳазору 290 ҷойи кори холӣ ташкил карда шуд.»

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда бошад, қайд шуд дар баромад 109 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба як соли пеш 4,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Вазъи соҳаи кишоварзиро раис нигаронкунанда арзёбӣ кард. Қабл аз ҳама норасоии мутахассисон ба касодии соҳа оварда расонидааст. Ҳосили гандум аз ҳар гектар 28 сентнер ва пахта 23 сентнериро ташкил дод, ки хело паст аст. Набудани гармхонаҳо низ хабар аз коҳилии кишоварзон медиҳад, гуфт дар охир раиси ҳукумат.

Дар ҳамон баромад қайд шуд, ки соли 2012 сохтмони 2 иншооти бузург- обанбор бо ғунҷоиши 30 миллион кубометр дар саргаҳи сойи Тебалай ва гимназия барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳр оғоз мешавад, он ҳам бо дастгирии бевоситаи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Бахтиёр Назаров мудири молияи шаҳр зимни баромади худ аз масрафи буҷҷаи шаҳр сухан карда иброз дошт: «Музди меҳнати коргарони шаҳр тӯли 10 соли ахир 10 маротиб боло рафтааст. Тӯли ин солҳо маблағгузории соҳаи маориф 32 маротиб ва тандурустӣ 23 маротиб афзудааст. Имсол ҳам 76 фисади буҷҷаи шаҳр барои маблағгузории соҳаи маориф ва тандурустӣ масраф мешавад. Қисми даромади буҷҷа имсол 34 миллион сомониро ташкил дод. Вакилон ҳама ба тарафдории қабули буҷҷаи шаҳр якдилона раъй доданд. 

Аҳмади Иброҳим барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi