08:53:49 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕМОРОНИ СИЛ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ АФЗОИШ ЁФТААНД

Имсол гирифторони бемории сил дар минтақаи Кӯлоб 100 нафар зиёд шудааст. Пӯшида нест, ки дар минтақаи Кӯлоб теъдоди гирифторони бемории сил ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҳама бештари гирифторони ин бемории хавфнок дар ноҳияи Восеъ мебошанд.

/images/stories/2011/12/19_bemorii-sil_1812.jpgДар рустоҳои соҳили дарёи Ёхсуи ин ноҳия шурӯъ аз солҳои 70-уми асри пор то ба имрӯз ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар деҳоти Нонҷемас, Пушён, Учқун ва Ғелоти ҷамоати пахтакори ин ноҳия анқариб хонаводае нест, ки ду ё се хешованди худро аз даст надода бошад. Рафти тадқиқоти журналистӣ собит сохта буд, ки иллати асосии паҳншавии ин беморӣ аз ҷониби масъулин пӯшонидани ҳақиқат дар бораи он буд. Яъне масъулини беморхонаҳо ва ҳукумати ноҳия теъдоди гирифторони бемориро аз будаш то ба 10 баробар камтар нишон медоданд.

Алҳол дар минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ як маркази мубориза алайҳи ин беморӣ аст, ки ҷиҳати нарасидани маблағ ва дигар шароити табобат ҳамвора мувоҷеҳи мушкилот мегардад. Агар шакли мутобиқшудаи ин беморӣ тули 6 соли ахир дар ҳоли афзоиш бошад ҳам, фақат имсол барои бистарӣ кардани ин гуна беморон дар беморхонаи назди ин марказ шӯъба барои ҳамагӣ 10 нафар кушода шудааст. Дар ҳоле, ки талабот ба садҳо нафар аст. Шакли мутобиқшудаи микобактерияи сил бошад ба андозаи худи хуруҷи ин беморӣ хавфнок аст.

Агар гирифторони сили оддиро бо чанд кулчадорӯ табобат кардан имкон дошта бошад, пас шакли мутобиқшудаи онро бо дорӯҳои маълум табобат кардан номумкин аст. Соли гузашта аз беморони ноҳияи Восеъ намунаи балғамашон ҷамъ оварда шуда барои кашфи дорӯҳои ҷадид ба ҷумҳурии Олмон фиристода шуда буд. Дар ҳоле, ки дар Олмон кушиши кашфи микобактерия мекунанд дар минтақаи Кӯлоб беморхонаҳои кӯҳнаю фарсудаи бемориҳои силро касе таъмир кардан намехоҳад.

Раҳматулло Ҷумъаев директори Маркази мубориза алайҳи беморони сили минтақаи Кӯлоб мегӯяд: «Тули се соли ахир бо маблағҳои дохилии Марказ тавонистем фақат шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаро каме таъмир намоем. Дигар мактубҳои мо ба раиси ҳукумати шаҳру вилоят, ҷиҳати ҷудо шудани маблағ барои таъмир беҷавоб мондаанд.»

Мушкили дигари табобати дар омори нодуруст аст дар бораи теъдоди гирифторони ин беморӣ. Саид Аламов сардухтури идораи санитарию эпидемологии минтақаи Кӯлоб теъдоди гирифторони ин бемориро чунин шарҳ дод: «Бемории сил дар 11 моҳи соли равон дар минтақа майл ба зиёдшавӣ дорад. Имсол 1290 ҳодисаи гирифтории сил ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 126 нафар зиёд аст.»

Дар ҳоле, ки ҷаноби Ҷумаев теъдоди гирифторони бори аввали бемориро 1340 нафар нишон медиҳад ва мегӯяд назар ба соли гузашта ҳамагӣ 100 нафар зиёд аст. Аламов дар бораи фавтидагон аз сил иттилоъ додан нахост, ё ҳатто иттилоъ надошт, аммо Ҷумаев теъдоди фавтидагонро ҳамагӣ 43 нафар нишон дод. Соли гузашта, мегӯяд ӯ, фавтидагон аз ин беморӣ 98 нафар буданд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки фақат дар як ҷамоати ноҳияи Восеъ фавтидагон аз ин нишондод хело бештаранд. Кас намедонад масъулин ин ҳақиқатро барои чӣ пинҳон медоранд.

Ҷумаев мегӯяд: «Хурсандибахш аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим дорад дар соли 2012 дар минтақаи Кӯлоб сохтмони нави Маркази бемориҳои силро оғоз кунад.»

Аммо то ба анҷом расидани сохтмони Маркази нав низ хуб мешуд таваҷҷӯҳро баҳри муолиҷа дар Маркази кӯҳна кам намекарданд.

Молик барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi