15:30:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ТЕЪДОДИ САГГАЗИДАҲО ЗИЁД ШУДААСТ

Имсол назар ба соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб теъдоди нафарони аз захми дандони ҳаявон зарардида 164 нафар афзоиш ёфтаанд, ки 90 фисадашонро саггазидаҳо ташкил медиҳанд.

/images/stories/2011/12/19_sagi_2011111.jpgСаид Аламов сардори идораи санитарию эпидемологии минтақаи Кӯлоб дар ин маврид мегӯяд: «Теъдоди осебдидагон аз ҳайвоноти дайду ва хонагӣ дар минтақаи Кӯлоб тули 11 моҳи имсол 1780 нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 164 адад зиёд мебошад. Камбуди дорӯ барои саггазида ва гаронии нархи он ба мушкили табибон мушкили дигар зам кардааст.

Нархи як барномаи табобат барои шахси осебдида аз дандони саг баробар ба анқариб 10 маоши ҳадди ақал гаштааст. Ҷаноби Аламов мегӯяд: Нархи 1 ампулаи антирабикӣ баробар ба 110 то 150 сомонӣ аст. Барои табобати як ҷароҳат бошад 6 адад ампула лозим аст.»

Дар минтақа мавҷуд набудани ташхисгоҳ барои муайян кардани ҳолати саг баъди газидан низ боиси ташвиши ҳам табибон ва ҳам шахсони осебдида мегардад. Баъди ҳодисаи газидан бойтори масъул бояд каллаи сагро бурида ба маркази ҷумҳурӣ барои ташхис равон кунад. Танҳо баъди муайян кардани ҳолати саг табобати осебдида оғоз меёбад.

Ҷаноби Аламов аз зикри теъдоди фавтидагон бар асари газидани ҳайвонот худдорӣ кард. Танҳо қайд кард, ки як нафар бар асари газидани саг гирифтори бемории ҳорӣ ё ба истилоҳ савдоӣ гаштааст. Хусусияти бемории ҳорӣ баробар ба хусусиятҳои саги девона аст. Яъне ин шахс то дами марг барои атрофиён хатарнок маҳсуб мешавад.

Иллати асосии афзоиши осебдидагонро аз дандони саг ҷаноби Аламов дар бемасъулиятии раисони навоҳӣ мебинад. Ӯ мегӯяд барои нест кардани ҳайвоноти дайду ҳукумати ҳамагӣ ду ноҳияи минтақаи Кӯлоб -Данғара ва Восеъ кӯшиш ба харҷ медиҳанду бас. Дар дигар навоҳи вазъият хело ногувор аст, барои ин кор на маблағ ҷудо мекунанду на супориш медиҳанд.

Аҳмади Иброҳим барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi