17:31:54 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КУШТА ШУДАНИ СОКИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗ

Марзбонони Ӯзбакистон рӯзи шанбеи 22 август ҷасади як сокини ноҳияи Панҷакент, дар шимоли Тоҷикистонро ки аз зарби гулула ба қатл расидааст ба ин кишвар интиқол додаанд.

Манобеъи марзбонӣ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд Хайруллоҳ Суюсов, сокини 36 солаи рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент дар як моҳи пеш ба ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд тавассути марзбонони ӯзбак бидуни огаҳӣ мавриди шилики гулӯла қарор гирифта ва ба шиддат ҷароҳат бардоштааст. Гуфта мешавад оқои Суюсов дар ин муддат таҳти муроқибати пизишкон дар бемористони ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд қарор гирифта ва дар ниҳоят се рӯзи қабл ҷони худро аз даст додааст.

Аммо ҷониби Ӯзбакистон танҳо имрӯз дар ин замина ба ҷониби Тоҷикистон, ба хусус пайвандони вай хабар додааст. н дар ҳолест, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҷонибҳо муваззафанд дар сурати вуқӯъи ҳар гуна иттифоқоти марзӣ тарафайнро муталеъ созанд.

Ҳарчанд мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон то кунун дар мавриди ангезаи вуқӯъи ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд, аммо ҳамакнун ба гуфтаи пайвандони Хайруллоҳ Суюсов, ҷасади вай мавриди ташхиси пизишкон қарор дорад, ки натоиҷи он танҳо пас аз даҳ рӯз эълом хоҳад шуд.

Кушта шудани як сокини ноҳияи Панҷакент дар марзи Ӯзбакистон барои боари нахуст набудааст. Се моҳи қабл як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд , дар шимоли Тоҷикистон низ бар асари шиллики гулулаи марзбонони ӯзбак ба қатл расида буд. Ба ин тартиб гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки аз соли 2000 бад –ин сӯ дар марзи миёни Тоҷикистоен ва Ӯзбакистон сокинони ҳаммарз мавриди шиллики гулулаи марзбонони ҳар ду кишвар қарор гирифтаанд.

Бо он ки дар ин замина омори дақиқе пахш нашудааст, аммо гуфта мешавад муддати чанд моҳи ахир ин ҷаҳорумин мавридест, ки шаҳврданони тоҷик дар минтақаи марзӣ бо Ӯзбакистон мавриди шиллики гулулаи марзбонони ӯзбак қарор гирифтаанд. Зимнан, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳудуди як ҳазору сесад сивусе килуметр марзи муштарак доранд.

То ҳол 95 дар сади марзи муштарак таъйид шуда аломатгузорӣ мешавад. Вале панҷ дар сади марзи муштараки миёни ин кишварҳо то ҳол баҳсбарангез аст ва ҷонибҳо муддати чанд соли ахир наметавонанд дар ин замина ба натоиҷе даст ёбанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi