15:49:09 03-уми Июни 2025 сол

“ИДОРАИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ БА РАВОБИТИ ТАРАФАЙН ЛАТМА ВОРИД КАРДААСТ”

Мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки иқдомоти Идораи муҳоҷирати Русия ба равобити миёни ин кишвар бо Тоҷикистон садама ворид кардааст.

/images/stories/2011/11/20_majlisi-oli_19112011.jpgБино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин вазорат, Маҳмудҷон Собиров, муъовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 18 ноябр, зимни дидор бо Юрий Попов, сафири Русия дар шаҳри Душанбе гуфтааст, Идораи муҳоҷират дар шаҳри Маскав ва вилоёти Маскаву Ленинград дар қиболи муҳоҷирони кории тоҷик даст ба аъмоли ғайриқонунӣ задааст.

Ҳамчунин, оқои Собиров иддаъои Геннадий Онишенко, раиси созмони “Роспотребнадзор”, як ниҳоди назорат бар маводи воридотӣ ба Русия дар бораи зиёд будани мавориди амрози ВИЧ ва сил дар миёни муҳоҷирони тоҷикро “бепоя ва ҳайратангез” хонда ва гуфтааст, омори расмӣ дар ин замина баръакси гуфтаҳои оқои Онишенкоро нишон медиҳад.

Диплумоти тоҷик ибрози таассуф кардааст, ки ҳаводиси боздошт ва муҳокимаи ҳавонавардони русу эстонӣ, ки як қазияи ҳуқуқӣ аст, ҳамакнун ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти баландпояи Русия ва расонаҳои ин кишвар зимни ибрози назар дар мавриди ин қазия дар қиболи Тоҷикистон, мардум ва раҳбарияти он ба таври “хеле манфӣ ҳарф задаанд.”

Муъовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст: “Ин гуна шарҳҳо, ҳамчунин, инъикоси якҷониба ва боғаразонаи васоити ахбори умуми расмӣ ва мустақили Русия дар мавриди қазияи халабонҳо ба рӯҳияи шарики истротежӣ ва муносибати дӯстонаи миёни Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯ шуда наметавонад.”

Ҳамзамон, Маҳмудҷон Собиров гуфтааст, ҳоло ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қавонини ин кишвар қазияи халабонҳоро баррасӣ карда ва дар рӯзҳои наздик дар ин замина тасмим хоҳад гирифт. Ба гуфтаи оқои Собиров, бо вуҷуди ҳаводиси рухдода дар атрофи қазияи халабонҳо Русия барои Тоҷикистон ҳамчун шарики истиротежӣ боқӣ хоҳад монд.

Зимнан, Владимир Садовничий, халабони рус ва Алексей Руденко, халабони дигар аз Эстонӣ рӯзи сешанбеи 8 ноябр аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани мавозини байналмилалии ҳавонавардӣ ба муддати 8,5 сол равонаи зиндон шуданд.

Ин ду халабон, тибқи қарордод дар ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводди ғизоӣ машғул буда ва дар моҳи марти соли ҷорӣ ба далели ба гуфтаи халабонҳо “камбуди маводди сӯхт” дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаста ва аз ҷониби ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Ба дунболи эъломи ҳукми додгоҳ мақомоти давлати Русия ва расонаҳои ин кишвар ин ҳукмро “ғайримунсифона” хонда ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия таҳдид карда буд, ки дар сурати сареъан ҳалл нашудани ин қазия дар қиболи Тоҷикистон чора хоҳад андешид. Дар пайи ин баёния, тақозоҳо барои “муҷозот “ кардани Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо Тоҷикистон барои ин амал садо додаанд.

Идораи муҳоҷирати Русия аз нахустин ниҳодҳои Русия аст, ки барои “муҷозот”-и атбоъи тоҷик даст ба иқдоми амалӣ зада ва дар шаҳри Масква ва вилоёти Маскаву Ленинград беш аз 300 муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми нақзи Қонуни муҳоҷирати ин кишвар боздошт карда ва эълом кард, ки ин афродро аз Русия ихроҷ хоҳад кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854