ПАРВАНДА АЛАЙҲИ РАҲБАРИ САДОВНИЧИЙ ВА РУДЕНКО
Идораи КДАМ дар вилояти Хатлон алайҳи роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент ЛТД» парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Сергей Полуянов, сарвари ширкати мазкур низ дар баробари ду халабони маҳкумшудаи ҳавопаймоҳои «Ролкан Инвестмент ЛТД» тибқи се банди кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад.
РАҲБАРИ "РОЛКАН" ДАР ПАЙГАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Адвокат Ғулом Бобоев мегӯяд, Сергей Полуянов ҳарчанд ҳамроҳи халабонҳо дар ҳавопаймо набуд ва низ дар Афғонистон ҳам фаъолият надоштааст, дар ҳамдастӣ ба ҷиноятҳои Владимир Садовничий ва Алексей Руденко гумонбар дониста мешавад, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз барои 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.
Файзулло Холов, намояндаи додситонии вилояти Хатлон гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов, мудири кулли ширкати хориҷии "Ролкан Инвестмент ЛТД" аз ҷониби муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ идома дошта, худи ҷаноби Полуянов дар пайгарди байналмилалии қонунӣ қарор гирифтааст:
«Ширкати зери раҳбарии Полуянов бо як ширкати дигар, ки мақарраш дар Дубайи АМА воқеъ аст, шартнома баста, дар Афғонистон тавассути ҳавопаймоҳои «Ролкан инвестмент ЛТД» ба кашондани бори марбут ба НАТО машғул мешавад. Вале мушкил ин аст, ки ҳавопаймоҳои АН-72, ки ширкати «Ролкан» бори охир дар соли 2008 аз қайди Гурҷистон бароварда шуда, се соли охир умуман дар ҳеч ҷой дар қайд набудааст. Се соли охир ин ҳавопаймоҳо дар Афғонистон ғайриқонунӣ кор кардаанд, бе доштани сертификатхои иҷозадиханда барои парвоз ва бе гузаштани санҷиши техникӣ ва бе хуҷҷатҳои лозимии дигар. Ин ҳавопаймоҳо умуман бояд аз замин боло намешуданд, чунки хатарнок буданд. Аз ин рӯ, нисбат ба раҳбари ширкати «Ролкан» низ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, Полуяновро дар кофтукови байналмилалӣ эълон кардем ва аз мақомоти Федератсияи Русия дархост кардем, ки дар сурати пайдо шудани ин нафар, ӯро мавриди боздошт қарор диҳанд.»
Ба тахмини мақомоти тафтишотӣ, Сергей Полуянов ҳоло дар Маскав ба сар мебарад ва ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро аз он ҷо идора мекунад.
"РОЛКАН" ШИРКАТИ РУСИЯГӢ НЕСТ?
Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати мазкур дар ҳеҷ як ниҳоди расмии Русия сабтином нашуда, ба гуфтаи Валерий Пфефер, ки худро намояндаи ин ширкат меномад, он дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониёи Кабир ба қайд гирифта шудааст: «Ширкати мо русиягӣ нест, мо дар минтақаи оффшорӣ сабтином шудаем. Ширкати мо, ки соҳиби ҳавопаймоҳои борбари АН-72 аст, танҳо ҳавопаймоҳоро ба иҷора медиҳад, худаш бевосита ба ҳамлу нақл сарукор намегирад. Ин ду ҳавопаймои боздоштшударо ширкати «Air Space» ба иҷора гирифта буд. Ҳоло ин ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта шуда, бинобар бекор мондани онҳо, ширкати мо зиёни қобили мулоҳизаи молӣ мебардорад…»
Аммо молики аслии ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» кист, барои мақомоти тафтишотии Тоҷикистон маълум нест ва дар Русия низ ба даст овардани иттилоъи дақиқ дар ин хусус ғайриимкон ба назар мерасад.
Валерий Пфефер, намояндаи ширкати мазкур мегӯяд, қазияи мазкур хислати сиёсӣ дорад ва бештар марбути ҳавопаймоҳои дастгиршуда аст, ки камчину эксклюзив мебошанд. Ба иддаои ӯ, дар Тоҷикистон ин ҳавопаймоҳо ҳатто дар майдони пахта фуруд омадаву боло шуда метавонанд, биноан, халабонҳо мисли асир ба даст афтода, қурбонии кадом як «доду гирифт» шудаанд.
Темур Боев, додраси парвандаи мазкур гуфт, "мудохилаи ҳеч ниҳод ё мансабдори давлатиро зимни баррасии парвандаи халабонхо эҳсос накардааст ва ин иддаоҳо, ки ҳавопаймохо ба касе ё ширкате дар Тоҷикистон лозим шудаву асоси кушода шудани парванда ба даст гирифтани ҳавопаймоҳо мебошад, комилан бепоя мебошад."
Ба гуфтаи ӯ, «халабонҳо аз фурудгоҳи шаҳри Кобул бе ягон иҷозатнома парвоз кардаанд. Онҳо инро нағз медонистанд, зеро шартномаи онҳо бо ширкати афғонии «Сулрим фуд сервис», ки ба кашонидани бор дар дохили Афғонистон машғул буд, ҳанӯз дар моҳи феврали имсол анҷом шуда буд. Аз ғайриқонунӣ фаъолият доштани ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба ширкати «Ролкан Инвесмент ЛТД», давлати қонунии Афғонистон огаҳӣ ёфта буд ва онҳоро пайгирӣ доштанду бояд дер ё зуд мавриди боздошт қарор медоданд.»
"ПАРВАНДАИ ХАЛАБОНОН АНГЕЗАИ СИЁСӢ НАДОРАД"
Ин ҳам дар ҳолест, ки Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии Владимир Садовничий ва Алексей Руденко мегӯяд, парвандаи ин ду халабон, ки яке шаҳрванди Русия ва дигарӣ шаҳрванди Эстония мебошанд, ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад, он гуна кӣ расонаҳо ва мақомоти расмии Русия даъво мекунанд:
«Мухбирони расонаҳои Русия дар толори мурофиа хузур доштанд, ҳамаро дидаву сабт мекарданд, медиданд, ки гунохи Садовничий ва Руденко тасдиқи худро пайдо кард, аммо барқасдона маълумоти иғвоангезе нашр карда, мақомоти Русияро бо мо шӯрониданӣ мешаванд. Ин ҳавопаймоҳо моли Русия нест, ширкати номаълум дар куҷо сабти ном шудааст, дар Кӯрғонтеппа танхо як шахрванди Русия маҳкум ба зиндон шудааст ва гунохаш собит гардидааст. Хуқуқи онхо дар ҳеч ҷое поймол нашудааст. Намефахмам, ки сабаби ин ҳама даъвою сарусадохо чист. Ин сирф як парвандаи ҳуқуқӣ аст. Аз суйи дигар, ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд, ҳар моҳ тобутҳои муҳоҷирони мо ба ватан интиқол дода мешаванд. Пас, чаро мо шаҳрвандеро, ки ҷиноят содир карда, қонунҳои кишварамонро поймол кардааст, танҳо барои он, ки шаҳрванди Русия аст, ба муҷозот накашем?!»
ШИКОЯТИ КАССАТСИОНӢ АЗ БОЛОИ ҲУКМИ ДОДГОҲ
Бо ин вуҷуд, Ғулом Бобоев, адвокати Садовничий ва Руденко гуфт, аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки муваккилонашро маҳкум ба зиндон кардааст, ба додгоҳи вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурдааст. Ҷаноби Бобоев афзуд, сарнавишти парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов, раиси ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» ба ҳукми додгоҳи таҷдиди назар вобаста аст:
«Агар муваккилони маро додгоҳи зинаи болои «сафед» кунад, парвандаи Полуянов худ ба худ лағв хохад шуд. Ҳоло зерҳимояҳои ман ҳоли хуб доранд, имрӯз сарулибосхои гарм барояшон бурдем, ҷойи нигаҳдориашон ҳам хуб аст. Онҳо шикояте надоранд. Танҳо мехоҳанд, ки шикояти кассатсионии моро барвақттар ба баррасӣ бигиранд, то сарнавишташон рӯшан шавад. Агар озод шуданд хуб, агар на, ба маҳкамаи умумӣ интиқолашон диҳанд, то адои ҷазо кунанд.»
Аммо адвокат Ғулом Бобоев аз шарҳи ин иддаоҳо, ки гӯё парвандаи муваккилонаш ангезаи сиёсӣ дорад, худдорӣ кард. Вай гуфт, дар сурати бетағйир мондани ҳукми додгоҳ, имкон дорад, ки онҳо барои адои қисмати боқимондаи ҷазо ба ватани худ истирдод гарданд. «Аммо то расидан ба он марҳила сарфи вақт ва нерӯи бисёре лозим меояд», - афзуд ӯ.
Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»