02:42:11 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РӮЗИ АСАЛ-2009»

 

Имрӯз, 15-и августи 2009 дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзи асал-2009» баргузор гардид. Дар расми кушодашавии ин чорабинӣ муовини сарвазири ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимардонов ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ширкат карданд. Вазири кишоварзӣ дар суханронии худ аз рушди ин соҳа тайи солҳои ахир дар ҳоҷагии халқи Тоҷикистон ёдовар шуд. 

Миёни замбуриасалвароне, ки маҳсулоти хешро ба ин намоишгоҳ оварданд, муттахассини маъруфи ин соҳа кам набуданд. 

Сафархӯҷа Маҳмадов 30 сол боз бо ин кор машғул аст. «Соли 1980, вақте, ки шурӯъ кардам ба замбӯриасалпарварӣ ҳамагӣ се оила замбӯри асал доштам. Феълан 200 оилаи замбӯри асал дорам, кисме аз онҳо дар ноҳияи Бохтар ва қисми дигарашон дар ноҳияи Рашт парвариш карда мешаванд. 

Аз ҳар қуттӣ то 25 килограммӣ асали навъи аъло мегирам. Ҳоло ҳамаи чор писарам ҳамроҳи ман бо ин кор машғул мебошанд. Аз ҳамин шуғли хеш барои зиндагӣ маблағи хуб дарёфт мекунем. То ба ҳол аз аҳли оилаи мо касе барои дарёфти кор ба хориҷи кишвар нарафтааст», гуфт ӯ дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Рӯзгор». Соли ҷорӣ нархи асал дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 25 то 30 сомонӣ боло рафт. 

Дар намоишгоҳи имсола аҳолии пойтахт ва меҳмонони он имконият доштанд, ки тайи чанд соат асалро бо нархи 20 сомонӣ барои як килограмм аз ин ҷо бихаранд.

Муштариёни гиромӣ, дар гӯшаи «Аксҳо»-и сомона ба таваҷҷӯҳи Шумо гузориши мусавваре аз ин намоишгоҳ пешкаш мешавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi