ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУНИ АФВРО ТАСВИБ КАРД
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи афвро, ки аз сӯйи раиси ҷумҳур пешниҳод шуда буд, бо аксари кулли оро тасвиб кард.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 19 август пешнависи Қонун “Дар бораи афв”-ро дар иҷлоси якуми ғайринавбатии Маҷлиси Намояндагон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки ин санад ба истиснои афроди маҳкум ба ҳабси абад, шомили ҳоли соири зиндониёну боздоштшудагон хоҳад шуд.
Оқои Салимзода гуфт, ки дар назар аст бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таҳия шудааст, ҳудуди 15 ҳазор нафар маъоф шаванд. Аз ҷумла, беш аз 4 ҳазор зиндонӣ бо шумули 256 зан ва 107 фарди ноболиғ аз маҳбас озод хоҳанд шуд.
Ин тарҳ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки парвандаҳои ҷиноятие, ки дар марҳилаи таҳқиқоти муқаддамотӣ ва ё баррасии додгоҳӣ қарор доранд, мутаваққиф карда шаванд, фақат ба истиснои парвандаҳо алайҳи раҳбарони исёнҳо ва ё ҳуҷумҳои мусаллаҳона.
Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон ширкаткунандагони исёнҳои мусаллаҳона дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода дар соли 1997 ва дар вилояти Суғд дар соли 1998, ки то ҳол ними мӯҳлати таъйиншуда аз сӯйи додгоҳро дар зиндон сипарӣ кардаанд, озод хоҳанд шуд.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки қонуни афв дар мавриди чеҳраҳои саршиносе чун Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохила, ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини ширкати “Тоҷикгоз” ва раҳбари Ҳизби демукрот, низ ба иҷро дармеояд ё хайр. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, гуфт, ки дар чорчӯби ин санад муддати ҳабси ин афрод коҳиш хоҳад ёфт.
Қонуни афви ҷадид, ки барои баррасӣ ба порлумон ироа шудааст, дар зарфи 20 соли истиқлоли Тоҷикистон 13-умин қонуни афв маҳсуб мешавад. Бар асоси қонуни афве, ки дар соли 2009 тасвиб шуда буд, 10 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 ҳазор зиндонӣ маъоф шуда буданд.
Би-Би-Си