08:58:45 01-уми Июли 2025 сол

ТАМДИДИ МӮҲЛАТИ ГУЗОР БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА

Давлати Тоҷикистон пешниҳоди вазорати маъориф дар бораи тамдиди замони гузариш ба низоми таҳсили 12-сола дар мадориси ин кишварро пазируфтааст. Ба гуфтаи манобеъи вазорати маъориф, иҷрои ин барнома ба далели мушкилоти иқтисодӣ ба таъвиқ дароварда мешавад.

maktab_745852.jpgБар асоси тарҳи пешниҳодии вазорати маъорифи Тоҷикистон, ки дар моҳи апрели соли гузашта дар порлумон тасвиб шуд, мақомоти маъориф мебоист аз соли таҳсили 2011-2012 марҳилаи гузариш ба таҳсилоти умумии 10-соларо, ки марҳилаи аввали гузор ба таҳсили 12-сола аст, шурӯъ кунанд. Мароҳили дувум ва севуми ин тарҳ қабул ба синфи 1 аз синни 6-солагӣ дар соли хониши 2014-2015 вагузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола дар соли хониши 2016-2017-ро дар бар мегирифт.

Вале акнун, ба гуфтаи масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон, ин вазоратхона ба давлат пешниҳод кардааст, ки оғози иҷрои ин барнома то ба се сол тамдид шавад. Дар чунин сурате, иҷрои барномаи гузор ба низоми таҳсили 12-сола аз соли 2014 оғоз шуда ва то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Фатҳиддин Исмонов, масъули умури иқтисод ва ояндабинии Вазорати маъорифи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 18 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки иҷрои барномаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола махориҷи ҷиддиеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, афзоиши замони таҳсили шогирдон эҷоб мекунад, ки беш аз 14 ҳазор омӯзгори дигар дар мадориси Тоҷикистон истихдом шаванд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Исмонов, ҳоло мадориси Тоҷикистон худ бо камбуди устодон ҷиддан рӯбарӯанд.

Ба гуфтаи оқои Исмонов, ҳарчанд дар авоили соли ҷорӣ дар мадориси Тоҷикистон камбуди ҳудуди яксад омӯзгор эҳсос мешуд, вале бо оғози мавсими сафари муҳоҷирони корӣба кишварҳои хориҷӣ, ин рақам бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Далели аслии ба муҳоҷират рӯй овардани устодони мадорис камбуди ҳуқуқ ё маъоши моҳонаи онҳо арзёбӣ мешавад. Тибқи омори расмӣ, ҳоло ҳуқуқи мутавассити омӯзгорон дар Тоҷикистон муъодили 272 сомонӣ ё 58 дулор аст, ки дар муқоиса бо мизони ҳуқуқи мутавассит дар кишвар то панҷоҳ дарсад камтар аст.

Президент Раҳмон пештар эълом карда буд, ки аз авоили пойизи имсол маъоши муъаллимон то сӣ дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Вале ба эътиқоди соҳибназарон, ин иқдом метавонад танҳо мизони афзоиши таваррум дар соли ҷориро ҷуброн кунад. Фатҳиддин Исмонов низ мегӯяд, ки мақомоти маъориф қасд доранд то се соли оянда ҳуқуқи моҳонаи устодони мадорисро ба мизони ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон баробар созанд.

Вай афзуд: "Дар бештари кишварҳои ҷаҳон маъоши муъаллимон бо маъоши мутавассити кормандони бахши саноеъ баробар аст. Дар замони шӯравӣ низ ҳамин тур буд ва мо ҳадаф дорем дубора ба ин сатҳ бирасем."

Зимнан, ҳуқуқи мутавассити омӯзгорон дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя, назири Ӯзбакистон ва Қирғизистон, болиғ бар дусад дулор аст. Ба эътиқоди масъулони вазорати маъориф, бидуни боло бурдани маъоши устодон ва ҳалли бархе аз масоили арсаи маъориф оғози раванди гузариш ба низоми таҳсили 12-сола дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Фатҳиддин Исмонов мегӯяд, ки низоми таҳсили 12-сола бунёди даҳҳо мадрасаи ҷадидро дар назар дорад, зеро ниёз ба синфхонаҳо афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай, ҳоло камбуди мактаб дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бештар эҳсос мешавад, ки ба афзоиши чашмгири ҷамъият бастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Исмонов, ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар вилояти Хатлон ҳамасола шумори зиёде аз мадрасаҳои ҷадид сохта мешаванд. Масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон хабар доданд, ки қарор аст 29-уми май дар Маҷлиси намояндагони порлумон мавзӯъи тамдиди давраи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола баррасӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки порлумони Тоҷикистон якҷо бо коршиносони вазорати маъориф дар ин замина таҳқиқоте анҷом додаанд ва натоиҷи он аз сӯйи Шукурҷон Зуҳуров, раиси маҷлис ва Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъориф, ба вакилони мардумӣ ироа мешавад. Дар ҳамин ҳол, яке аз аҳдофи аслии гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил дар мадорис мутобиқ сохтани низоми омӯзиши парвариши Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон шуда буд.

Ҳоло фориғуттаҳсилони мадориси Тоҷикистон, ки 11 сол таҳсил кардаанд, наметавонанд ба мустақим ба донишгоҳҳои кишварҳои урупоӣ шомил шаванд ва ночоранд як сол дар гурӯҳҳои ба истилоҳ “омодагӣ” таҳсили изофӣ кунанд. Бештари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Қирғизистон, аз солҳо қабл ба низоми таҳсили 12-сола гузаштаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ