ТАҶДИДИ НАЗАРИ ҲУКМИ ДОДГОҲ АЛАЙҲИ ЗИНДОНБОНҲОИ "ШАБИ ФАРОР"
Додгоҳи истинофӣ дар ҳукми се нафар аз зиндонбонҳои боздоштгоҳи амниятии Тоҷикистон таҷдиди назар кардааст. Тибқи иттилоъи як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду нафар аз зиндонбонҳо ба истилоҳ “шартӣ” эълом шуда, онҳо аз зиндон маъоф шуданд ва ҳукми муъовини раиси боздоштгоҳи амниятӣ аз 8,5 сол то ба 6,5 сол зиндон коҳиш дода шудааст.
Ин мақоми собиқи боздоштгоҳи амниятӣ қаблан аз сӯйи Додгоҳи низомии Тоҷикистон дар фирори 25 зиндонӣ, ки шаби 23-и августи соли гузашта рух дода буд, гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ Бердиев Саидулло, муъовини собиқи боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Сӯҳроб Акбаров, нозири ин боздоштгоҳро ба ҳашт солу шаш моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Ҳамчунин Саидов Саидалӣ, нозири дигари ин боздоштгоҳ низ ба ду сол равонаи зиндон шуда буд. Дар додгоҳ собит шуда буд, ки ин афрод вазоифи хидматии худро сареъан ҷиро накарданд ва ин амр мунҷар ба фирори гурӯҳи бузурги зиндониён шудааст.
Ҳамчунин додгоҳи ноҳияи Исмоиди Сомонии шаҳри Душанбе низ Қобилҷон Касиров, як нозири боздоштгоҳи умури зиндониёнро ба далоили мушобеҳ ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст. Тибқи иттилоъи расида, Қобилҷон Касиров низ ба додгоҳи истинофӣ муроҷеъат карда, вале то ҳол дар бораи натоиҷи баррасии истинофии ин парванда гузориш нашудааст.
Вале додгоҳи истинофии Додгоҳи олӣ ҳукм алайҳи ду нафар аз зиндонбонҳоро таҷдиди назар карда, мӯҳлати ҷазои онҳоро “шартӣ” номидааст ва ба ин тартиб, ду нафар зиндонбонҳои собиқ аз зиндон озод шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта пайвандони зиндонбонҳои маҳкумшуда иддаъо доштанд, ки ҳуким додгоҳ мунсифона нест. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар ин қазия зиндонбонҳо худ ҷабрдида будаанд. Дар ҳамин ҳол, ахиран додгоҳ гурӯҳе аз зиндониёни фирорӣ, ки боздошт шуданд, муҷозот кард. Чаҳор тан аз онҳо ба ҳукми абад ва се нафари дигар сӣ сол равонаи зиндон шуданд.
Ҳамчунин додгоҳ се тан аз сокинони манотиқи мухталифи кишварро ба далели мусоъидат ба фирориён низ ба зиндон маҳкум кард. Зимнан, фирори зиндониён аз боздоштгоҳи амниятӣ дар шаби 23-и августи соли 2010 дар маркази шаҳри Душанбе бесобиқа унвон мешавад. Зеро, ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодиса 25 зиндонии “ҳавфнок” фирор карда ва панҷ тан аз зиндонбонҳо кушта шуданд.
Дар чанд моҳи баъд аз фирор, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ тавонистанд 14 нафар аз онҳоро дубора боздошт кунанд, ки се нафар аз онҳо атбои Афғонистон ҳастанд. Чаҳор нафари дигар дар ҷараёни амалиётҳои боздошт кушта шуданд ва ҳашт нафари дигар то ҳол ошкор нашудаанд.
Дар пайи ҳодисаи фирори зиндониён, Президент Раҳмон мақомоти баландпояи амниятии Тоҷикистонро аз симатҳояшон барканор кард ва Саймумин Ятимов, ки дар гузашта муъовинати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бар ӯҳда дошт, раиси ин ниҳод таъйин кард.
Би-Би-Си