ТАРҲҲОИ "ТАЛКО" БАРОИ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ ФАРЪӢ
Масъулони корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, "Талко", мегӯянд, ки дар соли 2011 ду корхонаи ҷадид бо кумаки молии ин корхона ба фаъолият оғоз хоҳанд кард. Як мақоми баландпояи корхонаи олуминиюм мегӯяд, ки яке аз ин корхонаҳо дар шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд, ки он таноби сими олуминиюмро тавлид хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, ба сабаби мушкили камбуди нерӯи барқ ва коҳиши мизони интиқоли он ба корхона имрӯзҳо “Талко” тавлиди ҳудуди 100 тун олуминиюмро дар рӯз коҳиш додааст. Ин мақом мегӯяд, имрӯзҳо нерӯи барқ ба корхона ба сабаби мушкилоти ношӣ аз камбуди об то ба 16 ҳазор килувот дар як соъат интиқол меёбад.
Ҳамчунин, масъулони корхонаи “Талко” мегӯянд, ки бо бунёди чанд корхонаи ёрирасон то соли 2020 имкони таъмини маводди зарурии ватанӣ барои тавлиди олуминиюм дар ин корхона фароҳам хоҳад шуд.
То ҳол барои маводди ворида аз хориҷ, бавижа хокаи олуминиюм аз Устролиё ба Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, содироти олуминиюм ба хориҷ, ин корхона ҳамасола беш аз 280 милюн дулор харҷ мекунад. Дар корхонаи тавлиди сими олуминиюм, ки дар шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд, беш аз панҷсад нафар аз сокинони ин шаҳр ҷойҳои кории доимӣ хоҳанд ёфт.
Фаъолияти коргарони чинӣ
Аммо бузургтарин корхонаҷоти ин ширкат дар шаҳраки Ёвон, дар 60-килуметрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, бунёд мешавад ва тавре ки Насриддин Сироҷов, раиси идораи рушди ин ширкат, мегӯяд, ҳоло сохтмони куллияи корхонаҳо идома дорад.
Ба гуфтаи вай, барои роҳандозии ин тарҳ беш аз 2 милёрд дулор лозим аст ва бештари ин сармоя аз сӯйи ширкати “Талко” фароҳам хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Сироҷов, бар асоси қарордоди байни ширкати “Талко” ва ширкати чинии мавсум ба CHMT, ки ба тавлиди таҷҳизоти фаннӣ машғул аст, дар маҳалли сохтмони корхонаҳо беш аз 300 нафар аз кормандонро коргарони чинӣ ташкил медиҳанд.
Оқои Сироҷов афзуд, ки бо анҷоми бунёди корхонаҳо беш аз 500 нафар аз сокинони маҳаллӣ ҷойҳои кори доимӣ хоҳанд ёфт, ки маъоши ҳадди ақалли онҳо беш аз як ҳазору 200 сомонӣ ё ҳудуди 300 дулорро ташкил медиҳад.
Вале вай афзуд: "Ин корхонаҳо батадриҷ бунёд мешаванд ва қарор аст, ки дар пойизи соли ҷорӣ корхонаи аввал, ки ба тавлиди криолит машғул аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ва сохтмони корхонаи коркарди криолит, ки 22 ҳектор заминро фаро хоҳад гирифт, идома дорад. Ҳамчунин, дар моҳи июли соли ҷорӣ корхонаи шимиёии Ёвон ба фаъолияти комил оғоз хоҳад кард."
Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Талко", бо оғози фаъолияти ин корхонаҳо ин ширкат маблағи зиёде ба даст хоҳад овард ва ба буҷети Тоҷикистон низ сармояи бештар ворид хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи оқои Сироҷов, маводди зарурии хом барои коркард дар ин корхонаҳо аз водии Рашт ва вилояти Бадахшон ворид карда хоҳад шуд.
Захоири зиёди маъдан дар Тоҷикистон
Зуҳур Ёров, масъули бахши заминшиносии тарҳи бунёди корхонаҳои шимиёии Тоҷикистон дар шаҳри Ёвон, мегӯяд, ки захираи маводди фтор дар қаламрави Тоҷикистон барои панҷсад сол мавҷуд аст.
Вале ба гуфтаи оқои Ёров, барои ташкили гурӯҳҳои иктишофӣ ва иҷрои тарҳҳои мухталифи иктишофию заминшиносӣ беш аз як милюн дулор сармоя лозим аст.
Корхонаи гармидиҳанда
Зуҳур Ёров мегӯяд: "Ҳамчунин, захоири маъодини мухталиф дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале ба сабаби он, ки беш аз 90 дар сади Тоҷикистонро кӯҳистон ташкил медиҳад, истихроҷ ва интиқоли маъдан ба маҳалли зарурӣ маблағи зиёдеро талаб мекунад."
Бо ин вуҷуд, масъулони ширкати “Талко” мегӯянд, ки дар даҳ соли оянда барои таъмини маводди ватанӣ барои ин корхона тадобири заруриро анҷом хоҳанд дод, то сармояи ҳангуфтеро, ки ҳоло корхона барои тавлид ва содир кардани олуминиюм ба хориҷа харҷ мекунад, барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон масраф шавад.
Таъсири "Талко" ба муҳити зист
Масъулони ширкати “Талко” ҳамчунин мегӯянд, ки баъд аз таҳқиқоти ширкатҳои байналмилалӣ дар умури муҳити зист мизони таъсири ин корхона бар вазъи муҳити зист низ ризоятбахш арзёбӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи даҳ соли ахир Ӯзбакистон пайваста иддаъо кардааст, ки фаъолияти корхонаи олуминиюми Тоҷикистон бар вазъи муҳити зисти он кишвар ва минтақа асароти номатлубе гузоштааст.
Дар робита бо ин мавзӯъ, тайи ду соли гузашта чандин ҳамоиши эътирозии сокинони манотиқи ҷанубии Ӯзбакистон баргузор шуда ва Ҷунбиши муҳити зисти он кишвар баёнияҳое дар ин бора интишор додааст.
Вале масъулони корхона мегӯянд, ки “Талко” танҳо барои таъмири дастгоҳҳои вижаи ин корхона ва беҳбуди вазъи муҳити зист барои соли равон беш аз 30 милюн сомониро харҷ хоҳад кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта як милюн сомонӣ бештар будааст. Ба гуфтаи як мақоми баландпояи ширкати "Талко", партовгоҳи ин корхона, мавсум ба “Кӯҳи сиёҳ”, шадидан таҳти назорат буда ва ҳеҷ хатаре барои муҳити атроф надорад.
Бозрасии фаъолияти корхона
Масъулони ширкати “Талко” мегӯянд, ки дар панҷ соли ахир даромади корхонаи олуминиюм 20 дар сад афзоиш ёфта ва ширкат 75 дар сади арзи хориҷии ворида ба Тоҷикистон аз содиротро таъмин намудааст. Саҳми ширкати “Талко” дар тавлиди маҳсулоти ватанӣ 43 дар сад буда ва дар содирот ҳудуди 80 дар садро ташкил медодааст.
Аз сӯйи дигар, масъулони ширкати “Талко” мегӯянд, ки натиҷаи бозрасӣ ё аудити фаъолияти молии ин ширкат дар чанд соли қабл ҳокӣ аз фаъолияти шаффофи ин корхона будааст.
Аммо дар дар авохири соли 2008 нашрияи "Тоймз", чопи Бритониё, ба дунболи қазияи додгоҳии ин корхона дар додгоҳи Ландан аз қавли вакили мудофеъи Аваз Назаров, як бозаргони тоҷики муқими Бритониё, ки бо ин ширкат даъво дошт, шаффофияти фаъолияти онро зери суол бурда буд.
Ҳамчунин бархе аз коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ки бозрасӣ танҳо бахше аз фаъолиятҳои корхонаро дар бар мегирифт ва онҳо бар ин ақида ҳастанд, ки бозрасии фарогир фасод ва навоқиси дигареро дар ин корхона мумкин аст ифшо кунад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони ширкати "Талко", қарор аст дар ояндаи наздик бозрасӣ ё аудити навбатии фаъолияти ин корхона барои солҳои 2009-2010 анҷом шавад ва онҳо мутмаинанд, ки фаъолияти молии ин корхона шаффоф аст, зеро дар он мутахассисони варзида фаъолият доштаанд.
Би-Би-Си