22:17:46 02-уми Июни 2025 сол

ВАЗОРАТИ МАЪОРИФ: 50 ҲАЗОР ДУХТАР АЗ МАКТАБ КАНОР ГИРИФТАНД

girls_studentsВазорати маъорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло ҳудуди панҷоҳ ҳазор ҷавондухтарони синни мадраса дар ин кишвар дар мактаб таҳсил намекунанд. Бар асоси гузориши ин вазорат теъдоди бештаре аз ин духтарон мактабро баъд аз синфи нӯҳ тарк карданд, аммо дар ин омор мавориди беморӣ ва ё марги ҷавондухтарон низ шомил будааст. Танҳо як ҳазор аз ин идда ба гуфтаи оқои Нуралиев ба далели идомаи таҳсил дар донишкадаҳои мухталиф мактабро тарк кардаанд.

 

Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, гуфт ин оморро таҳқиқоти вазоратхона дар соли 2010 мушаххас кардааст. Вай гуфт шумори бештари шогирдони аз омӯзиш дар канор монда дар водии Рашт ва навоҳии ҳумаи Душанбе будааст.

 

Оқои Нуралиев афзуд: “Барои мисол дар водии Рашт ва Ҳисор дар ҳоли ҳозир ҳудуди 900 духтари синни мадраса таҳсил намекунанд. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон низ теъдоди зиёде духтарон аз таҳсил бароварда шудаанд. Танҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мушкили тарки мактаб кардани духтарон вуҷуд надорад.”

 

“Ба ман кумак мекунад”

Моҳрӯ, як духтари ҷавон аз ҷумлаи сокинони шаҳри Душанбе пушаймон аст, ки дар мактаб то ба охир таҳсил таҳсил накард. Вай ҳанӯз шогирди синфи нӯҳ буд, ки модараш дигар нахост, ӯ таҳсилро идома бидиҳад. Ин дар ҳолест, ки Моҳрӯ яке аз беҳтарин шогирдони макта буд. Вай духтари бузурги хонаводаи ҳафтнафарӣ аст ва модари ӯ тамизкор аст. Модари Моҳрӯ мегӯяд, ки ба кумак ниёз дошт ва аз ин рӯ тасмим гирифт духтараш дигар ба мактаб наравад. Аммо Моҳрӯ зуд издивоҷ кард ва ба ҳамин зудӣ аз шавҳараш талоқ гирифт. Акнун Моҳрӯ тахассус надорад ва зани дувуми як марди ба маротиб бузургтар аз худаш аст.

 

Муҷозот барои волидон

Бар асоси қонуни Тоҷикистон таҳсил то клоси нӯҳум ҳамист ва барои манъи омӯзиши шогирдон то клоси нӯҳ волидон муҷозот мешаванд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигрон ба мушкили эҷоди мавонеъ аз сӯйи волидайн дар таҳсили духтарон таъкид карда буд.

 

Аммо идае аз соҳибназарон мегӯянд, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ин иқдоми волидон ва ё бозгардонидани духтарон ба идомаи таҳсил иқдомоти заруриро ба харҷ намедиҳад. Бархеҳо муътақиданд, ки тасвиби қонуни ҷадид "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд" ва муҷозот шудани волидон барои эҷоди мавонеъ ба таҳсили фарзандон тибқи ин қонун метавонад ин мушкилро бартараф кунад.

 

Вале дар ин тарҳ ки дар авохири соли 2010 аз сӯйи давлати Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии умумӣ пешниҳод шудааст, шеваи муҷозот барои волидоне, ки барои таҳсили кӯдакон дар мадраса мавонеъ эҷод мекунанд муъайян нашудааст.

 

Яке аз намунаҳои хушунат алайҳи зан

Наташа Ворчлак, як масъули намояндагии кумитаи Созмони милалии муттаҳид дар умури занон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ба таври иҷборӣ аз мадраса канор гирифтани духтарон “яке аз намунаҳои умдаи хушунати хонаводагӣ будааст.”

 

Вай гуфт: “Бархе аз волидон духтаронро хеле ҷавон ба шавҳар медиҳанд ва ин духтарон зуд модар мешаванд. Ва агар дар оянда, иштиёқи идомаи таҳсил кунанд - ба шарте ки шавҳар ба онҳо иҷоза бидиҳад - ин занон ба сабаби доштани кӯдакони зери панҷ сол ва корҳои рӯзгор ин орзӯро амалӣ карда наметавонанд.”

 

Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон тарбияи кӯдакон бештар бар дӯши модарон аст ва ба гуфтаи ҷомеъашиносон тарбияти фарзандон тавассути модароне, ки саводи комил надоранд, аксаран ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ин фарзандон таъсири амиқ мерасонад.

 

 

Ва онҳо меафзояд, дар натиҷа имкони афзоиши теъдоди сокинони бесавод дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик вуҷуд доштааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони созмонҳои марбут аксари занони тоҷике, ки даст ба худкушӣ мезананд аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки таҳсили нокомил доранд ва ё аслан ба мактаб нарафтаанд. Бар асоси омори Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар се ҳазору 773 мадрасаи ҳамагонии ин кишвар беш аз яку милюну 600 кӯдак ва навҷавон таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 800 ҳазорро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Заринаи Хушвақт, Би-Си-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4550-50-hazor-dukhtar-az-maktab-kanor-raftand.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854