ПЕШНИҲОДҲО БА ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР МӮЪМИНОБОД ВА САРБАНД
Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру навоҳии Хатлон идома дорад.
Дар яке аз ҷамъомадҳо дар ноҳияи Мӯминобод пешниҳод ба миён омад, ки Қонун мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд» номгузорӣ карда шавад. Зеро ба ақидаи пешниҳодкунандагон тарбия пеш аз таълим шурӯъ мешавад. Мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи Чумҳурии Тоҷикистон таълим аз синни 6-солагӣ оғоз мегардад. Инчунин пешниҳод шудааст, ки дар моддаи 3-и лоиҳаи Қонуни мазкур вақти тобистонаю зимистона муқаррар карда шавад.
Дар моддаи 11-и лоиҳаи Қонуни мазкур оварда шудааст: «Дар сурати аз ҷониби падару модар иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд бо сабабҳои норасоии маблағ барои рӯзгузаронӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд имконияти табобатро дар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фароҳам оваранд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарро ба корҳои муваққатӣ таъмин карда, аз ҳисоби маблағҳои аз ин корҳо бадастомада нигоҳубини фарзандони ноболиғи онҳоро таъмин намоянд».
Ноҳияи Мӯъминобод ва кули ноҳияҳои кӯҳистони кишвар дар ёрии молиявӣ (субвенсия) қарор доранд ва иҷрои талаботҳои ин модда дар оянда мушкилиҳоро эҷод мекунад. Аз ин хотир таклиф гузошта шуд, ки ин модда аз нав таҷдиди назар карда шавад. Дар заминаи талаботҳои бандҳои 12-13-и моддаи 7-и лоиҳаи Конуни мазкур агар як моддаи алоҳида, ки фарогири ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб ва ба ҳолати душвори зиндагӣ гирифторбуда ташкил карда шавад, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Тибқи маълумоте, ки дар кумитаи иҷрояи шаҳри Сарбанд ба хабарнигори мо ироа карданд дар натиҷаи муҳокимарониҳо дар ин шаҳр ба Лоиҳаи қонуни мазкур чунин тағйиротҳо пешниҳод гардиданд:
Доир ба зербанди 6, моддаи 3:
- вақти шабона фасли зимистон аз соати 20:00 то соати 6:00, фасли тобистон аз 22:00 то 6:00 муқаррар карда шавад.
Доир ба «моддаи 7, ки «Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ном дорад ворид кардани чунин тағйирот пешниҳод шудааст:
- барои гирифтани ҳуҷҷатҳои дигари шаҳрвандӣ: шиноснома, шаҳодатнома, шаҳодатномаи маълумот, шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ ҳамкорӣ намояд;
- ба нутқи шифоҳию хаттии фарзандон ва тозагии забони онҳо диққати махсус диҳад;
- падару модароне, ки фарзандонро бо зару зевар ба мактаб равон мекунанд ва талаботи либоспӯшии мактабии онҳо риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд;
- бо мақсади аз наздик шинос шудан ба ҳолати таълиму тарбияи фарзандон дар мувофиқа бо сардорону роҳбарони корхонаю муассисаҳо дар мактабҳо рӯзи муайяни падару модарон муқаррар карда шавад;
- падару модароне, ки дар «Рӯзи падару модарон», дар маҷлисҳои мактаб иштирок намекунанд, ба рафти таълиму тарбияи фарзандонашон назорат намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд;
- падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда, ки аз ӯҳдаи таълиму тарбияи фарзанд намебароянд, вазифадор карда шаванд, ки фарзандонро саривақт ба муассисаҳои тарбиявии давлатӣ супоранд;
- падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадор карда шаванд, ки дар сурати ба мактаб наомадани фарзандон (30-35 рӯз бесабаб), ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд;
- падару модар ё шахсони онҳоро иваз мекунанд вазифадор карда шаванд, ки ба ҳама кирдору рафтори ношоистаи фарзандони ноболиғ ҷавобгар бошанд;
- бо мақсади ҳамкории волидайн бо омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳо мақому мартабаи кумитаи падару модарон ва АВО (Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон) баланд бардошта шаванд;
- ба фарзандон тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстримистӣ, террористӣ доштаро қатъиян манъ намоянд;
- падару модарон ва ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, дар ҳолати ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд;
- падару модар ӯҳдадор карда шавад, ки то охири умр фарзандро тарбия намояд ва фарзандон ҳам дар нигоҳубини онҳо вазифадор карда шаванд;
- барои интихоб шакл ва намуди таҳсил аз натиҷаи ташхиси табибон ва тавсияи омӯзгорон истифода баранд.
Карим Холиқов, «Рӯзгор», Кӯлоб
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4417-peshnihodho-ba-loihai-konun.html