22:28:38 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚАТЪИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Вазорати адлияи ҷумҳурӣ фаъолияти се ташкилоти байналмилалиро мавриди санҷиш қарор дод. Яке аз ин ташкилотҳо аз доираи оинномаи худ берун баромада, фаъолияти он ба талаботҳои қонуни ҷумҳурӣ ҷавобгу набуда ва бинобар ин фаъолияти он қатъ карда шуд», - қайд кард вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров дар нишасти матбуотие, ки 20 июл дар Душанбе шуда гузашт.

Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2009 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1200 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи, 617 ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи ҳуқуқӣ дода, 63 санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравиро ба қайд гирифт ва бақайдгирии 34 санади меъёрии ҳуқуқиро рад намуд. Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳои воридшуда ба онҳо 762 вохӯрӣ гузаронида, дар воситаҳои ахбори умум 125 баромад намуданд. 

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадихӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 25 нафар ҳуқуқшиносон иҷозатнома барои фаъолияти адвокати ваколатдор дода шуда, ба 8 нафар ҳуқуқшиносон додани иҷозатномаи фаъолияти адвокати ваколатдор рад карда шуд. 

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар тӯли 6 моҳи аввали соли 2009 ба миқдори 212 816 адад амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд. Барои амалиётҳои нотариалии ба ҷо овардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 7 362 952 сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст. 

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботи 186714 санад ба қайд гирифта шудааст: Умуман дар 6 моҳаи соли 2009 аз фаъолияти мақомоти адлия ба буҷаи давлат 8 994 934 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Анварбек Сиддиқов, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi