07:35:48 02-уми Июли 2025 сол

“ЭЙР БОЛТИК” ПАРВОЗҲО БА ДУШАНБЕРО АЗ САР МЕГИРАД

Масъулони ширкати ҳавопаймоии латвонӣ - “Эйр Болтик” эълом карданд, ки парвозҳо дар масири Рига-Душанбе аз сар гирифта хоҳанд шуд. Қарор аст, аз 29-уми март дар ин масир нахуст ҳафтае ду маротиба ва сипас се маротиба парвозҳо анҷом шаванд.

 

air balticБа хотири қимматҳои маъқул дар ин ширкат, парвозҳо дар ин масир аз муштариёни зиёде бархурдор буд, аммо дар оғози тирамоҳи соли гузашта ба далоили номаълум қатъ шуд. Янис Ванагс, сухангӯйи ширкати “Эйр Болтик” дар сӯҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ харбари аз саргирии парвозҳо дар ин масирро таъйид кард ва гуфт, ки нақшаи парвозҳои ин ширкат, ки барои мавсимҳои баҳор ва тобистон таъйид шудааст, парвозҳои Душанбе-Ригаро низ дар бар гирифтааст. Ва муштариён метавонанд аз тариқи интернет барои ин парвозҳо билет харидорӣ кунанд.

 

Дар посух ба ин суол, ки оё арзиши билетҳо дар ин масир ба гунаи соли гузашта пойин боқӣ хоҳанд монд ё хайр, оқои Ваганс гуфт, ки қимматҳо бетағйир мондаанд. Вай афзуд: "Вижагии ширкати мо дар Урупо ин аст, ки парвозҳои арзонро барои мусофирони худ пешниҳод мекунад. Фароҳам кардани қимматҳои дастрас барои муштариён яке аз авлавиятҳои ширкати “Эйр Болтик” аст."

 

Барои таъйиди ин изҳори назар, вориди сойти интернтии “Эйр Болтик” шудам ва барои фармоиши билети парвоз дар моҳи май дар масири Душанбе-Рига-Душанбе талош кардам. Билети рафту баргашт дар ин масир дувист юру муқаррар шудааст. Дар гузашта низ “Эйр Болтик” тавассути билетҳои арзон тавонист, дар муддати хеле кӯтоҳ дар миёни мусофирони тоҷик ва хориҷӣ, ки ба Урупо сафар мекунанд, муштарии зиёд пайдо кунад. Зеро онҳо парвозҳоро дар ин масир умдатан ба хотири тронзит барои сафар ба кишварҳои дигари урупоӣ бо махориҷи камтар истифода мекарданд.

 

Ба унвони мисол, ҳоло мусофирон ба Урупо умдатан аз тариқи Туркия сафар мекунанд. Вале арзиши билети парвоз дар масири Душанбе-Истонбул-Душанбе беш аз 500 юру аст. Гузашта аз ин, аз ин роҳ барои сафар ба кишварҳои урупоӣ вақти бештар сарф мешавад. Дар тирамоҳи гузашта, замоне, ки “Эйр Болтик” ба сурати ғайримунтазира парвозҳои худ ба Душанберо муттавақиф кард, бархе аз соҳибназарон далели ин амрро ба бурузи ихтилофот миёни ин ширкат ва масъулони ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон марбут донистанд.

 

Гуфта мешуд, ки ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон хостанд, дар ин масир парвози ҳавопаймоҳои худро роҳандозӣ кунанд, аммо рақобат бо ширкате, бо қимматҳои поин ба монанди "Эйр Болтик" дорад душвор ба назар мерасад. Аммо ҳамчунин гуфта мешуд, ки "Эйр Болтик" барои роҳандозии парвозҳои бо қимматҳои дастрас ба Тоҷикистон як бурс дарёфт карда буд ва бо анҷоми мӯҳлати он тарҳ, парвозҳо дар ин масир қатъ шуд.

 

Янис ВагнесЯнис Вагнес дар посух ба ин суол, ки оё дар муносиботи ин ширкат бо ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон мушкиле эҷод шуда буд ё хайр, гуфт, ки намехоҳад дар ин робита изҳори назар кунад. Вай афзуд: “Мо бо мушкили камбуди ҳавопаймо низ рӯбарӯ шуда будем. Тӯли чанд моҳи ахир мо ҳашт ҳавопаймои ҷадиди сохти Конодоро харидорӣ кардем. Акнун, шароите беҳтар барои анҷоми парвозҳо ба Душанберо дорем.”

 

Ин дар ҳолест, ки ду ширкати ҳавоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр”-и давлатӣ ва “Сомон Эйр”-и хусусӣ танҳо то чиҳил дарсади бозори ҳамлу нақли мусофирон дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ҳудуди бист ширкати ҳавоии кишварҳои хориҷӣ, умдатан аз Русия, Туркия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва Чин бахши аслии ин бозорро дар даст доранд. Далели аслии ин амр камбуди ҳавопаймоҳои ҷадиди мусофирбар, боло будани қиммати билетҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва поин будани сервиси парвозҳои ин ширкатҳо унвон мешаванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4129-2011-01-12-11-24-02.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ