01:43:36 01-уми Июли 2025 сол

БУНЁДИ НАХУСТИН ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ

Беш аз дусад нафар аз донишҷўёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ баъди соли нави мелодӣ имкон пайдо карданд дар хобгоҳ ҷо бигиранд. Ин нахустин хобгоҳи замонавӣ ё мудерн аст, ки барои донишҷўёни давлатии шаҳри Хоруғ эҳдос шудааст.

 

хобгох хоругИн хобгоҳ аз иморати чортабақаӣ иборат аст, ки дар яке аз маҳаллоти муртафеъ ва зебоманзари шаҳри Хоруғ ҷо гирифтааст. Он гуна, ки Шариф Моёнов, муъовини раиси ин донишгоҳ дар соҳаи иқтисод ба Би-би-сӣ иттилоъ дод, ин хобгоҳ бар асоси истондортҳои боло барои донишҷўён сохта шуда ва донишҷўён дар инҷо на танҳо макони хуби хоб, балки қироатхонаҳо, ошхонаҳо ва ҳамомхонаҳо бо гармкунандаҳои барқӣ доранд. Ҳамчунин вай гуфт, ки барои ҳифозати шабонарўзии донишҷўён дар хобгоҳ бо пулиси маҳаллӣ қарордод баста шудааст.

 

Сохтмони хобгоҳ ду сол идома дошт ва ҳазинаи иҷрои ин тарҳро Раёсати сохтмони дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт кардааст. Ба гуфтаи оқои Моёнов дар хобгоҳи нахустини донишгоҳ умдатан донишҷўёни солҳои аввали таҳсил, ки аз навоҳии дурдасти Бадахшон, яъне Мурғоб, Ишкошим, Ванҷ ва Давроз ба Хоруғ омадаанд, зиндагӣ мекунанд.

 

Ў афзуд, барои роҳатии донишҷўён, дар ин маҳала роҳи утумубилӣ васеъ шуда, барои таъмини ҳамешагии хобгоҳи ҷадид бо об, чоҳҳои вижаи захираи об канда шуданд. Дар ҳамин ҳол профессур Гулхоҷа Ҷангибеков, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мегӯяд гуфт, ки дар тўли ҳудуди бист соли фаъолияти донишгоҳ, барои донишҷӯёни он нахустин бор хобгоҳи замонавӣ дар Хоруғ бунёд шудааст.

 

Вай гуфт, тарҳи бунёди ин хобгоҳ дар чаҳорчўби ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар қаламрави вилояти Бадахшон таҷлил шуда буд, анҷом гирифт. Аммо оғои Ҷангибеков гуфт, ки то ба ҳол масъалаи будубоши донишҷўёни донишгоҳи шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти мавриди таваҷҷӯҳи масъулони донишгоҳ аст ва донишҷўён ба мушкилоти зиёде дар заминаи манзил рўбарў ҳастанд.

 

Амонуллои Саъдулло, яке аз донишҷўёни донишгоҳи Хоруғ аз ноҳияи Ишкошим, ба тозагӣ дар хобгоҳи ҷадид муқим шудааст. Вай мегӯяд, ки тўли се соли нахустини таҳсил дар ин донишгоҳ ҷойи муносиб барои иқомат дар Хоруғ надошт ва тақрибан панҷ мартотиба хонаи иҷораашро иваз кардааст. Вале дар ҳамаи маворид ҳам шароити хонаҳои иҷора дар Хоруғ ўро қонеъ накардааст. Ў мегўяд набуди шароит барои омода кардани ғизо, шустани либос, гармкунии хона ва ба иловаи ин иҷорапулии баланд ҳамеша ба таҳсили хуби ў халал мерасонданд. Тавре Амонулло гуфт дар хобгоҳ акнун барои донишҷўён куллияи шароитҳо муҳайёҳ аст.

 

Манижа ва Муслима ду донишҷўёни дигар аз Мурғоб ва Ишкошим, ду ноҳияи дурдасти Бадахшон мегўянд, ки то ба ҳол дар хонаҳои хешовандонамон ба сар мебурдаанд. Онҳо иброз доштанд, ҳарчанд ин хешовандон нисбат ба мо ғамхору дилсўз буданд, вале барои хуб омода кардани дарсҳо имкони мо хеле маҳдуд буд. Муслима мегӯяд: “Мо маҷбур будем, ҳар рўз ба ин хешонамон дар кори хона кўмак расонем, вақт ва нерўи худро барои ин корҳо масраф кунем.

 

Вай афзуд, ки барои рафту омад ба ноҳияҳои худ ин духтароон ба пули зиёд ниёз доранд, зеро навоҳии онҳо аз Хоруғ беш аз сад километр дуртар аст. Ба гуфтаи профессур Ҷангибеков, раиси Донишгоҳи Хоруғ масъалаи будубоши донишҷўёни Хоруғ ҳанўз яке аз масоили мубрамтарини ин муассиаи олии таълимӣ аст. Вай гуфт, бо фармони вижаи Президенти Тоҷикистон базудӣ барои сохтмони бинои дуввуми хобгоҳи донишҷўёни шаҳри Хоруғ шаш милюн сомонӣ ихтисос шудааст.

 

Зимнан донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аз моҳи октябри соли 1992 оғоз ба фаъолият кардааст. Дар ин донишгоҳ аз рўи ҳашт ришта мутахассисон тайёр мешаванд. Донишгоҳ беш аз 4600 донишҷўро фаро гирифтааст. Ғайр аз сокинони вилояти Бадахшон дар ин муассисаи таълимӣ, донишомӯзон аз вилояти Хатлон ва навоҳии атрофии шаҳри Душанбе ва шаҳрвандони Афғонистон низ таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи Шариф Моёнов аз ҷумлаи донишҷӯёни ин донишгоҳ беш аз 3000 нафар ба хобгоҳ ниёз доранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4119-2011-01-11-18-14-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ