ҚАТЛИ ЯК ЗАН АЗ ТАРИҚИ ОТАШСӮЗИИ АМДӢ
Вазорати кишвари Тоҷикистон аз кушта шудани як зан бар асари оташсӯзӣ дар манзили маскунияш хабар додааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 22 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин оташсӯзӣ дар манзили маскунии Обид Мирзоев, сокини кӯчаи Миралии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рух додааст.
Вай гуфт, ки таҳқиқи бозрасони Вазорати кишвар ва Идораи оташнишонӣ собит кардааст, ки оташсӯзӣ дар ин манзили маскунӣ аз сӯйи соҳиби он ба таври амдӣ сурат гирифта ва дар натиҷа Назрбӣ Зоҳирова, 41-сола, хонуми Обид Мирзоев, бо гирифтани ҷароҳатҳои сангин ҷони худро аз даст додааст.
Оқои Асаддулоев таъкид кард, ки таҳқиқи муқадамотии ҳодиса мушаххас кардааст, ки оқои Мирзоев, ки 50 сол дорад, ин оташсӯзиро дар пайи низоъи хонаводагӣ бо хонумаш Назрбӣ Зоҳирова созмон додааст.
Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати кишвар, пас аз он ки оқои Мирзоев хонумашро мавриди лату кӯб қарор дода ва ба беҳушӣ расондааст, бо истифода аз маводди сӯхтӣ манзилашро, ки дар дохили он Сайёра Мирзоева, духтарчаи ноболиғаш ва танҳо шоҳиди ҳодиса низ буд, оташ зада ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.
Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ки бо талоши ҳамсоягон ва кормандони Вазорати кишвар ва Идораи оташнишонӣ Сайёраи 12-сола бидуни ҷароҳат наҷот дода шуд. Аммо вай афзуд, ки иқдомот барои дастгир кардани Обид Мирзоев тавассути гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯии вазорати кишвар ҷараён дорад.
Афзун бар ин, алайҳи оқои Мирзоев тибқи банди 255 қонуни ҷазо ё кайфарии ин кишвар, ки иттиҳоми “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол”–ро дар назар дорад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷурм маҳкумият ба “умури ислоҳӣ то ду сол” ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол”–ро дар назар дорад.
Масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯянд, ин барои бори нахуст аст, ки як сокини Тоҷикистон ба таври амдӣ ва бераҳмона аз тариқи оташсӯзӣ иқдом ба қатли ҳамсараш кардааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Идораи оташнишонии Вазорати кишвари Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир 20 мавриди оташсӯзӣ дар қаламрави ин кишвар сабт шуда ва бештари он ба сабаби риъоят нашудани қавоъиди оташнишонӣ сурат гирифтааст.
Тибқи гузоришҳои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон, хушунати хонаводагӣ дар бисёре аз маворид мунҷар ба қатли занон дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон мешавад, ҳарчанд бисёре аз ин маворид сабтнашуда ё пинҳон боқӣ мемонад.
Бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон мегӯянд, ки аз чанд сол пеш як тарҳи қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагиро таҳия кардаанд, вале давлати Тоҷикистон ба далоили номаълум то кунун аз тасвиби он худдорӣ мекунад.
BBC