12:11:48 10-уми Апрели 2026 сол

«Таҳкими қонуният мароми мост!»

Прокуратураи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баҳри амалӣ намудани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат дар соли 2025 як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонид.

3 prokuratura khatlon 544215478Дар ин давра, 7 ҷаласа ҳайати мушовара (17-масъала), 210 маҷлиси фаврӣ-назоратии назди прокурори вилоят гузаронида шуда, дар маҷмӯъ дар онҳо 231 масъалаҳо баррасӣ ва аз натиҷаашон қарорҳои дахлдор қабул қабул карда шудааст.

Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ шуда истодааст. Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 10270 муроҷиатҳо аз ҷумла, аз шахсони воқеӣ 9624 ва шахсони ҳуқуқӣ 546 муроcиатҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 2,7% ё худ 280 адад муроҷиат зиёд мебошад.Аз ин 2940 муроҷиати аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 844 адад ё худ 26,6 % муроҷиатҳо қонеъ, 167 адад рад карда, бо 1929 муроҷиатҳо талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст. Дар ин давом 894 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ муайян ва барқарор карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар ин самт 71 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 806 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 196 амр, 15 эътироз ва 176 пешниҳод оварда, 238 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 10 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 156 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон 23 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1809 (1787) санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 38881 (36475) қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки 2406 адад ё 6,5% зиёд мебошад. Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 7330 амр, 5153 эътироз ва 3323 пешниҳод оварда шуда, 5719 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4509 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 11420 (11072) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудаанд.Дар маҷмуъ 15806 (14657) адад санадҳои эътиноӣ дар муқоиса нисбати соли гузашта 1149 адад зиёд, ҷавобгариҳои маъмурӣ, моддӣ ва интизомӣ бошанд 21648 (20673) ба 975 адад зиёд гардида, бо натиҷаи санҷишҳо 1324 (1261) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки аз ин 178 (172) парвандаи ҷинояти коррупсионӣ ва 202 (199) парвандаи ҷинояти хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошад.Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда, маблағи 433,7 (367,9 млн.) млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 68,7 млн. сомонӣ ё 18,6% зиёд мебошад.

Аз 433,7 млн. сомонӣ маблағи зарари тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ барқарроргашта 104,4 млн. сомонӣ қарзи андоз, 3,4 млн. сомонӣ қарзи гумрук ба манфиати буҷет, 82,5 млн. қарзи музди меҳнат, 101,5 млн. қарзи нафақа ба манфиати маъюбон ва нафақахурон, 29,6 млн. дар самти ноболиғон, 102,6 млн. энергетика ва маблағи 9,3 млн. сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст.

Кори хуби прокуророни шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯлоб, Қубодиён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Панҷ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод, М.С.А.Ҳамадонӣ ва дастгоҳи марказӣ дар қисми барқарроркунии зарар боиси қайд мебошад.

Вобаста ба қонунгузории буҷет 56 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 680 қонунвайронкуниҳо ошкор карда, дар натиҷа 146 амр, 52 эътироз ва 62 пешниҳод оварда шуда, нисбати 103 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 205 моддӣ ва 52 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 2,2 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 52 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 12 парвандаи ҷинояти коррупсионӣ ва 41 парвандаи ҷиноятии хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ дошта мебошанд.

Чунончи, Сафозода З. дар вазифаи муҳосиби муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории мақомоти иҷроияи хоқимияти давлатии шаҳри Норак кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби муассиса Расулов А. ва таъминотчӣ Ҷобирова Ш. бо максади аз эътибор соқит намудани маблағҳои тасарруфшуда аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи апрели соли 2025 бо ному насаби ронандагон бо роҳи сохтакорӣ сузишворӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ номнавис намуда, ғайриқонунӣ маблағи 262701 сомониро тасарруф намудаанд.

Оиди ин ҳолат 7 августи соли 2025 нисбати Сафозода З., Ҷобирова Ш. ва Расулов А. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 87 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 3647 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 808 амр, 41 эътироз ва 142 пешниҳод оварда шуда, нисбати 310 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1639 моддӣ, 616 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 102,6 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 89 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 27 парвандаи ҷинояти коррупсионӣ ва 30 парвандаи ҷинояти хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошад.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда то ҳол аз ҷониби масъулини соҳаи барқ фаъолият дар самти ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашуда, ба азонихудкунии маблағҳои истифодаи неруи барқ даст зада истодаанд.

Чунончи, Ашуров Ф. дар асоси фармони роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар, аз 10 феврали соли 2022, таҳти №71-К дар вазифаи назоратчии гуруҳи дуюми Шабакаҳои барқи ноҳияи Хуросон таъин гардида, дар давоми фаъолияти кориаш аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи августи соли 2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш, бо маслиҳати пешакӣ бо сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Халқаҷар Мавлонов Б.С., ки тариқи ғайрирасмӣ ҳамчун ёрдамчӣ барои ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ аз муштариён ҷалб намуда буд, аз муштариён Самадов Х. 370 сомонӣ, Тағойназаров Б. 1364 сомонӣ ва дигарон ҷамъ ба маблағи 24961 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, ба муштариён тавассути мессенҷери шабакаи онлайнии “Ҳумо”, ки ба ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” тааллуқ дорад, расидҳои пардохтӣ чоп карда, дар онҳо тағйирот ворид ва онҳоро ба муштариён пешниҳод карда, аз ин маблағи 854 сомониашро ба барномаи биллингӣ ворид карда, боқимонда маблағи 24107 сомониро азонихуд намуда, ба манфиатҳои шахсиашон сарф намудаанд.

Оиди ин ҳолат 12 декабри соли 2025 нисбати Ашуров Ф.П. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “б,г” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Мавлонов Б.С. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба ҳамин монанд, нозир-барқчиёни Шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Кӯлоб, Левакант, Ёвон, Ҷ.Балхӣ, Вахш, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Кӯшониён, Ҷайҳун, Н.Хусрав, А.Ҷомӣ, Хуросон, Қубодиён, Темурмалик, Данғара, Фархор, Муъминобод ва Ховалинг 925 373 сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъоварӣ ва азонихуд намудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати нозир-барқчиёни шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 45-парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давом бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт 89-парвандаи ҷиноят, бо моддаҳои 245 (азонихудкунии маблағҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ), 299 (таҳрифкории масрафи нерӯи барқ), 322 (хунукназар), 2531 (дуздии қувваи барқ), 247 (ҷаллоб,) 340 (сохтакор) ва 163 (вайрон намудани тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Ҳамзамон вобаста ба рӯёнидани 37,4 млн. сомон, маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ 40-аризаи даъвогӣ ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ оварда шудааст, ки онҳо баррасӣ ва қонеъ карда шудаанд.

Дар маҷмуъ тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ бо 140 млн. сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ чораандеш, карда шудааст.

Прокуратураи вилоят назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо дар маҷмуъ 694 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 66 амр, 15 эътироз ва 194 пешниҳод оварда шуда, нисбати 198 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 218 маъмурӣ ва 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ҳолати иҷрои талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди вилоят мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки баъзе масъулини комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим хилофи ин талабот амал намуда, бо суиистифода аз ваколати мансабӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба суд ирсол накарда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва манфиатдории шахсии ғайриқонунӣ муддатҳои зиёд онҳоро дар утоқи корӣ пинҳон ва несту нобуд намудаанд.

Чунончи, Бойгаров Т.Э. аз 3 январи соли 2023 мутахассиси пешбар ва аз 19 ноябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Н.Хусрав кор карда, дар якҷоягӣ бо собиқ мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур Қандов С.Н. 9 ҳолати аз ҷониби шаҳрвандон, Мегамқулова М.Ч., Ҳусейнов Ф.Х. ва дигарон вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намуда, дар ин хусус ҳуҷҷатҳои дахлдорро ҷамъоварӣ накарда, ба манфиати давлат ба маблағи 104280 сомонӣ зарар расонидааст.

Оиди ин ҳолат нисбати Бойгаров Т.Э. ва дигарон 24 июли соли 2025 бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 619 (502) қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 619 қарору амрҳои эътирозшуда, 473 (404) адади он, ё ин ки 76% (80%) вобаста ба замин мебошанд. Аз шумораи умумии 473 қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки доир ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд, 225 (195) қарор ё ин, ки 48% қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Вазъи риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни ҶумҶурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ба талабот ҷавобгӯй набуда, то ҳанӯз шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва шахсони масъули комиссияҳои доимӣ оид ба интихоб ва додану вобастакунии қитъаҳои замини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо талаботҳои қонунгузории ҷориро сарфи назар карда, даст ба ҷиноят мезананд.

Аз ҷумла, Холмадов Ф.Н. дар мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор карда дар як вақт котиби Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳои шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода М. (раиси Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳои шаҳри Кӯлоб) дидаву дониста, ки қарорҳои Комиссия дар бораи қонунигардонии дороиҳо дар ҷаласаҳои Комиссия бо иштироки ҳатмии на камтар аз се ду ҳиссаи аъзо тариқи овоздиҳӣ қабул карда мешавад, аз ваколатҳои хизматии худ суиистифода намуда, дар давоми моҳҳои январ -марти соли 2025 дар маҷмуъ 100 адад аризаҳои шаҳрвандон вобаста ба қонунигардонии молу мулкро бе баргузор намудани ҷаласаҳои Комиссия ва бидуни иштироку мувофиқаи аъзо баррасӣ ва қонеъ намуда, қарорҳои Комиссия дар бораи қонунигардонии дороиҳо ва Шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии дороиҳоро ғайриқонунӣ қабул ва ба имзо расонида, ба шаҳрвандон додаанд.

Минбаъд, Холмадов Ф.Н. барои руйпӯш намудани ҷинояти содиркардаашон ба таври сохтакорона протоколҳои ҷаласаи Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳоро вобаста ба баррасии аризаи 20 нафар шаҳрвандонро тартиб дода, дар он маълумотҳои бардурӯғ оиди дар маҷлис иштирок, баромад ва тарафдорӣ кардани 9 нафар аъзои комиссияро дарҷ карда, онҳоро барои гузоштани имзо ва бо ин роҳ расмию қонунӣ гардонидани амалҳояш ба аъзои комиссия пешниҳод намудааст, ки протоколҳои зикршуда бинобар қалбакию бардурӯғ будан аз ҷониби аъзо ба имзо расонида нашудаанд.

Оиди ин ҳолат санаи 08 августи соли 2025 нисбати Холмадов Ф.Н. ва дигарон бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдокунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Дар самти қонунгузории меҳнат 104 санҷиш гузаронида шуда, 2466 қонунвайронкуниҳо ошкор карда,баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 376 амр ва 194 пешниҳод ирсол карда шуда, ба 530 фармоишҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, маблағи 82,5 млн. сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудааст. Қобили қайд аст, ки зимни санҷиш ҳолатҳои бо роҳи сохтакорӣ азонихуд намудани маблағҳои музди меҳнат ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Чунончи, Азизов И.Н. дар асоси фармоиши сардори Шуъбаи дизинфексияи профилактикии ноҳияи Хуросон аз 16 апрели соли 2008, №6 дар вазифаи сармуҳосиби шуъбаи мазкур кор карда, давоми соли 2024 ва 9 моҳи соли 2025 бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ дидаю дониста ҳангоми тартиб додани табелҳои музди меҳнат бо роҳи ворид намудани маълумотҳои бардурӯғ музди меҳнати кормандонро аз будаш зиёд нишон дода, 63988,81 сомонӣ маблағҳои буҷетиро ба корти бонкиаш гузаронида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Оиди ҳолат 21 ноябри соли 2025 аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати Азизов И. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди «г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳолати иҷрои конунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин карда шуда, тақсимоти ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад.

Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт 154 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 6151 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 2557 санадҳои прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 3105 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 494 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 31,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри пешгири намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 62,10 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта майдони 5,91 гектар зиёд мебошад.Санҷишҳо собит сохтанд, ки содиршавии қонунвайронкуниҳои замин аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, ки худ мутасаддии пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мебошанд, то ба ҳол дар миқёси вилоят ҷой доранд.

Масалан, Холиқзода Қ. дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ ба дигар шахсони масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замини таъиноташ кишоварзӣ ва фонди давлатии об даст зада, масоҳати 3,88 гектар қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ ва масоҳати 1,06 гектар заминҳои фонди давлатии обро ба шаҳрвандон Наргиси У., Сафарова О. ва дигарон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ дода, ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар кардаанд.

Санаи 15 октябри соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Холиқзода Қ.Г. ва дигарон бо моддаи 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 494 адад парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида, 110 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст, ки аз ин 35 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нисбати кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо 29 адад, 22 адад нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо,13 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 11 адад нисбати дигар шахсони мансабдор оғоз карда шудаанд.

Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз яке аз самтҳои дигари фаъолияти прокуратура буда, диққати асосӣ ба таъмин намудани иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо ва рӯёнидани қарзҳои андоз дода шудааст. Дар ин самт 136 санҷиш гузаронида, 3537 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2211 санадҳои прокурорӣ қабул гашта, азҷумла 29 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Баҳри кам намудани бақияпулиҳои қарзи андоз чораандешӣ карда шуд, ки дар натиҷа 104, 4 (96,4 млн.) млн. сомонӣ қарзҳои андоз дар асоси санадҳои прокурорӣ бо рамзи «64» ба буҷети давлат ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра дар самти назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт 91 (88) санҷиш гузаронида, 2676 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, ҷиҳати рафъи қонунвайронкуниҳои ошкоргашта, чораҳои эътиноии зиёди прокурорӣ қабул гашта, 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси санадҳои прокурорӣ 817832 сомонӣ барқарор карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории гумрук 41 санҷиш гузаронида шуда, 365 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, аз натиҷааш баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳо чораҳои эътиноӣ бароварда шуда, тибқи амрҳо 3,4 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудаанд.

Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 166 санҷишҳо гузаронида, 5781 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 862 амр, 751 эътироз ва 523 пешниҳод бароварда шуда, 1524 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 661 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1250 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 198 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 29,6 млн. сомонӣ барқарор карда шуда, дар ин самт 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуданд.

Аз ҷумла, Маҳсуддинов Т.С. сокини ноҳияи Восеъ бо фармоиши директори Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ таҳти №172 аз 08 августи соли 2023 ба вазифаи сармуҳосиб ба кор қабул гардида, то инҷониб уҳдадориҳои сармуҳосибии Мактаб-интернати мазкурро иҷро намуда, аз моҳи апрели соли 2024 то моҳи декабри соли 2024 бо дархостҳои унвонии Раёсати молияи ноҳияи Восеъ пешниҳоднамудааш ҷамъ ба маблағи 283160,7 сомонии музди меҳнатро ба корти пластикии худ гузаронида, аз ин маблағи 152367,56 сомонӣ ҷудо гардидаро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намуда, бо ин кирдораш ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Тибқи санади фосилавӣ аз 28 феврали соли 2025 Маҳсуддинов Т.С. 152367,56 сомонии маблағҳои буҷетиро тасарруф намудааст. Оид ба ин ҳолат 04 марти соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Маҳсудинов Т.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, мавриди тафтиш пешакӣ қарор дода шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонида шуд.

Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 74 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 1781 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, аз натиҷаи он 233 амр, 91 эътироз ва 187 пешниҳод оварда шуда, 509 ҷавобгарии интизомӣ, 100 ҷавобгарии моддӣ ва 578 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 210 ҷиноят аз ҷониби 178 нафар ноболиғон содир шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Аз ноболиғони даст ба ҷиноят зада 21 нафар ба кор машғул буда, боқимонда 157 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҳар як падару модар уҳдадор аст, ки ба фарзанди худ барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳаё намоянд, инчунин шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром карда ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд. Аммо, баъзан падару модар ин талаботи қонунгузориро сарфи назар карда, даст ба ҷиноят мезананд.

Чунончи, Мирзоев И.Ш., сокини ноҳияи Восеъ, тахминан моҳи апрели соли 2025 бо баҳонаи бе иҷозати ӯ харидорӣ намудани симкорт ва телефони мобилӣ мӯйҳои сари духтари ноболиғаш Мирзоева А.И., таваллудаш 22 майи соли 2008 аввал бо қайчӣ ва баъдан бо дастгоҳи электронӣ ва дастии сартарошӣ тарошидааст. Сипас, Мирзоев И.Ш. аз ин амалҳои худ қонеъ нагашта, духтари ноболиғаш Мирзоева А.И.-ро шабона ба таҳхонаи манзили истиқоматии падараш Мирзоев Ш.А., ки дар ҳамсоягиашон қарор дорад бурда, дар ин таҳхона як пойи духтарашро бо занҷири оҳанин баста, бо қулф маҳкам карда, тарафи дигари занҷирро ба як адад кати оҳанин баста, бо қулф маҳкам карда, дар чунин ҳолат панҷ шабонарӯз духтари ноболиғаш Мирзоева А.И.-ро ғайриқонунӣ маҳкам намуда, тамоман ба берун набароварда, обу хӯрок ҳам надодааст.

Мирзоев И.Ш. боз ин ҳаракатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, ба устои шиносаш Шарофуддини С.А. як адад дар ва як адад тирезаи панҷарагини оҳанин фармоиш дода, баъдан ин таҷҳизотҳоро дар яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматиаш насб намудааст. Сипас, Мирзоев И.Ш. баъди насби дару тирезаҳои оҳанин ба ҳуҷраи манзили истиқоматиаш шабона бо нақлиёти сабукраваш духтари ноболиғаш Мирзоева А.И.-ро аз таҳхонаи манзили истиқоматии падараш ба манзили истиқоматии худаш оварда, дар ҳамин ҳуҷраи алоҳидаи дару тирезаҳои панҷарагини оҳанин насб кардааш маҳкам карда, калиду қулфҳои оҳанинро бо худ гирифта, духтари ноболиғаш Мирзоева А.И.-ро дар чунин ҳолат муддати як моҳу панҷ шабонарӯз ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Оид ба ҳолати мазкур 16 июли соли 2025 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Восеъ нисбати Мирзоев И.Ш. бо моддаи 131 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Сатҳи содиршавии ҷиноят дар соли 2025 зиёд гашта, 6621(6448) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173 ҷиноят ё 2,6% зиёд буда, 2533 (2331) ҷиноят ё 38 %-и ин ҷиноятҳо азҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.

Кушодашавии ҷиноятҳо 86,03 (83,89) фоизро ташкил дода, ҷиноятҳои харидуфурӯши одамон 533%, ҷиноятҳои таҷовуз ба номус 200%, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 200%, роҳзанӣ 100%, ғоратгарӣ 55%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 32,72%, одамкӯшӣ 50%, қаллобӣ 5,77 %, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 19,05%, қочоқи маводи нашъаовар 14,2%, таҷовуз ба номус 16,67%, ғоратгарӣ 14,29%,ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад 20%, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ 4,55 % ва ҷиноятҳо вобаста ба қочоқи маводи нашъаовар 6,06% зиёд шудаанд, ки боз ҳам пурзӯр кардани фаъолиятро дар самти пешгирии ин қабил ҷиноятҳо тақозо менамояд.

Аз ҷониби прокуророн дар давраи таҳлилӣ 369 ҷиноятҳои аз қайд пинҳонмонда ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки аз он 185 (156) парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бо натиҷаи баррасии пешниҳодҳои прокуророн 201 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Таҳлили вазъи тафтишот дар прокуратураи вилоят нишон дод, ки аз ҷониби муфаттишони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 2107 (2377) парвандаҳои ҷиноятӣ ба пешбурд қабул гардида, аз ин тафтиши 1344 (1227) парвандаҳои ҷиноятӣ ба итмом ва 1305 (1187) парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ 12401046 сомонӣ маблағи зарар барқаррор карда шудааст, ки аз ин 3838214 сомонӣ ба манфиати давлат ва 5326381 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон мебошад.

Муфаттишони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар ин давра 1866 парвандаи ҷиноятиро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудаанд, ки назар ба соли гузашта 268 парванда зиёд мебошад.

Дар ин давра аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ пешбурди 116 парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст, ки назар ба соли гузашта 23 парванда зиёд буда, аз ин 35 ( парванда бо татбиқи санади авф мебошанд.

Дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва амнияти иттилоотӣ 43 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 110 амр ва 37 пешниҳод оварда шуда, 12 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 53 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 188 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 88392 сомонӣ барқарор карда шудааст.

Ба назорати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» диққати махсус дода, дар ин самт 64 санҷишҳо гузаронида, бо натиҷаи онҳо 816 ё 23,2% зиёд қонунвайронкуниҳоро ошкор ва муайян карда, ҷиҳати бартарафсози ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда 121 пешниҳод, 239 амр оварда шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 100 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 120 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 231 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 466 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 380 -тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 28 млн. сомонӣ ташкил намудааст, ки аз он 12,4 млн. сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 3,8 млн. сомонӣ ба фоидаи давлат мебошад. Ҳамзамон дар ин самт 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 ҷинояти додану гирифтани пора (м.319-8, м.320-5) ошкору ба қайд гирифта шудааст.

Фаъолият дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ асосан баҳри дастгирии айбдоркунии давлатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шуда, ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ иштироки прокуророн бо пуррагӣ таъмин карда шудааст.

Судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 3668 парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 4227 нафар баррасӣ намуда, бо 3585 парванда нисбати 4143 нафар судшавандаҳо ҳукм бароварда шудааст, ки 1275 парвандаҳо дар судҳои сайёр баррасӣ гаштааст.

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 366 парвандаҳои ҷиноятии дар судҳо баррасӣ гардида шахсан айбдоркунии давлатӣ дастгирӣ карда шудааст.Сазои судӣ бо таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати 1386 (1187) нафар ё 33,5 (35,8) фоиз ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.Ҳолатҳои аз ҷониби судҳо баровардани ҳукми сафедкунанда ҷой надорад.

Дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои иқтисодӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар ин давра ба судҳои умумӣ 367 аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ ва ба суди иқтисодӣ 62 даъво ба маблағи 55,1 млн. сомонӣ оварда шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифта қонеъ гардидаанд. Ба тариқи назоратӣ аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати санадҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо парвандаҳои маданӣ,иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 28 эътирозҳои назоратӣ оварда шудааст, ки 18 адади он баррасӣ шуда, 17 адад қонеъ, 1 адад рад, 4 адад бозхонд ва 6 эътироз дар арафаи баррасӣ қарор доранд. Қонеъшавии эътирозҳои назоратии баррасишуда, дар ин давра 90%-ро ташкил менамояд.

Дар ин давра баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои Фармони Пешвои миллат, Президенти мамлакат таҳти № 691, аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони дахлдори Прокурори генералӣ дар ин самт доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва фаъолияти прокуратура ҳамагӣ 156 ахборот дода шуда, дар байни аҳолӣ 53, коллективҳои меҳнатӣ 47 маротиба, дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқ 56 маротиба ахборот дода шудааст.

Дар асоси фаъолият дар соли сипаригаштаи 2025 дар прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба пурзӯр намудани таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2026 таҳия гашта, дар ин асос ба масъалаҳои иҷрои талаботҳои фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016 №4 «Дар бораи такмили ташкили кор ва назорати иҷро дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», №20 «Дар бораи пурзӯр намудани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баррасии муроҷиатҳои онҳо», ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин, ки ба истифодабарии мақсадноки заминҳои таъиноташон саноатӣ, нақлиёт ва алоқа мансуб мебошанд, оиди вазъи риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ оид ба сабабу омилҳои пайдоиш, афзоиш ва зиёдшавии бақияпулиҳои қарзи андоз, тадбирҳои андешидаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба рӯёнидан ва кам кардани он, вазъи риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ оид ба сабабу омилҳои пайдоиш, афзоиш ва зиёдшавии бақияпулиҳои қарзи андоз, тадбирҳои андешидаи мақомоти ваколатдори давлат, вобаста ба рӯёнидан ва кам кардани он ва дигар масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Дар ин замина вобаста ба қонунгузориҳо дар самти ноболиғону ҷавонон, пешгирии терроризим ва ифротгароӣ, дигар самтҳои назорати прокурорӣ низ дар нақшаи кории прокуратураи вилоят, гуруҳу бахш ва шуъбаҳои прокуратураи вилоят бо натиҷаи таҷрибаи соли сипаригашта ва вазъи қонуният дар вилояти Хатлон масъалаҳои дахлдор тарҳрезӣ ва қабул карда шудаанд.

Иҷрои онҳо имконият медиҳад, ки дар таъмини волоияти қонун, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат дар соли 2026, соли махсусан муҳим - ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст ва дар Паёми навбатии худ 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҷомеъа, азҷумла таъмини амният ва волоияти қонун вазифаҳои мушаххасеро пеш гузоштаанд, дар ҳудуди вилояти Хатлон ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Дар ин асос кормандони прокуратураи вилоят тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар тамоми самтҳои назоратӣ фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок карда, баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми муносиби худро гузоранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамкасбонро нисбати иди касбии Рӯзи Прокуратураи тоҷик табрик гуфта, ба ҳамагон зиндагии шоиста ва саодатмандиро хоҳонам.

Зайниддинов Варқа Давлатҷонович, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оиди таъминоти ҳукуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ